Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки давоми ду соли гузашта мавзӯи сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳамвора дар расонаҳо матраҳ будааст ва агар воқеан ин пул дар Тоҷикистон вуҷуд медошт, иқтисоди кишвар ба чунин мушкил рӯбарӯ намешуд.
Раиси Бонки миллӣ аз ҷумла гуфт, ки "ду сол боз баҳсҳо сари ин пулҳо идома дорад, вале мо дар даст маълумоти мушаххас надорем. Дар Бонки миллӣ ҳуҷҷатҳое нест, ки амалиётҳои Занҷонӣ дар бонкҳо ё ташкилоҳои қарзии кишвари мо амалӣ шуда бошад. Дар ин бора санади расмие низ имзо нашудааст. Агар ҳуҷҷати асоснок дошта бошанду пешниҳод кунанд, ки кадом ташкилот бо вай кор кардааст, мумкин ширкатҳои хоҷагидор байни ширкатҳои эронӣ барои ҳамкорӣ кардан шартнома доштанд. Вале аз тариқи бонкҳо маълумоти аниқ надорем. Агар маълумоти мушаххас пешниҳод шавад, мо он қудратро дорем, ки дар ташкилоти қарзӣ таҳлил гузаронда ва он маблағро муайян кунем."
Раиси Бонки миллӣ бори дигар интиқоли пулҳои Занҷонӣ аз тариқи бонкҳои Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки "агар дар солҳои 2014 ва 2015 ин қадар маблағ дар иқтисоди Тоҷикистон мешуд, ин қадар фишор болои қурби асъори миллӣ намешуд. Ба рушди иқтисод таъсири мусбӣ мерасонд. Ин маблағ дар иқтисодиёти Тоҷикистон гардиш накардааст. Ин маълумотро тасдиқ карда наметавонем."
Ин дар ҳолест, ки масъулони Ширкати миллии нафти Эрон рӯзи шанбеи 23 юми июл гуфтаанд, ки барои дарёфти қарзҳои худ аз Бобаки Занҷонӣ, бо бонкҳое дар Чину Тоҷикистон дар тамос мебошанд. Алӣ Акбар Моҳрухзод, мудири умури ҳуқуқии Ширкати миллии нафти Эрон ба расонаҳои расмии он кишвар гуфтааст, ки маҷмӯаи саноати нафт ҳамчунин қарзҳои худро аз Бобаки Занҷонӣ талаб дорад ва ба ҳамин манзур бо бонкҳое дар Тоҷикистон ва Чин дар мукотиба мебошад.
Али Акбар Моҳрухзод афзудааст, "бо вуҷуди амалӣ нашудани ваъдаҳои такрор ба такрори қарздори бузурги нафтӣ (манзур Бобаки Занҷонӣ) тайи дувуним соли гузашта ва бо вуҷуди пайгириҳои фаровон, ҳамчунон ноумед нашудаем ва аз ҳеҷ талоше барои дастрас кардани пули Ширкати миллии нафти Эрон дареғ намекунем."
Ин масъули ширкати миллии нафти Эрон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ пардохти қарзҳои худро аз тариқи бонке дар Чин ва бо воситаи бонкҳое дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва намояндагони саноати нафти Эрон ин масъаларо пайгирӣ мекунанд. Ҷаноби Моҳрухзод ҳамчунин гуфтааст, ки ба ин манзур айни замон пешнависи тафоҳумномае бо бонкҳои Тоҷикистон дар ҳоли таҳия шудан аст.
Аммо ин масъули Ширкати миллии нафти Эрон нагуфт, ки бо кадом бонкҳои Тоҷикистон дар робита ба баргардонидани қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар тамосу мукотиба мебошанд.
Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.
Рӯзи 6-уми марти соли равон додгоҳе дар Теҳрон Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигарро, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, ба эъдом маҳкум кард. Онҳо ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ, маҳкум шудаанд."
Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.
Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.
Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.