Бо гузашти чор рӯз аз кушта шудани Сомону Иброҳим дар як моҷарои хиёбонии маҳаллаи 104, бархе ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, ин ҳодиса набояд фаромӯш шавад ва бештар аз ин, як бонги изтироб аст, ки аз мушкилоти насли имрӯзаи наврасону ҷавонони тоҷик дарак медиҳад.
Сомон Шарифови 17 ва Иброҳим Хоҷаеви 18-сола дар як задухӯрди гурӯҳии ҷавонон шаби 2 ба 3 январ кушта шуданд. Мақомот 15 нафарро боздошт ва таҳқиқи қазияро шурӯъ карданд. Дар изҳороти мақомоти маорифи Тоҷикистон таъкид шуд, ки ин ҷавонон дар мактаб таҳсил намекарданд ва ангезаи моҷарои онҳо ихтилофҳои хиёбонӣ будааст.
Ҳоло бархе рӯшанфикрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, шона холӣ кардани масъулон ва ҳам волидони насиб ҷавон дар муқобили ин ҳодисаи мудҳиш дуруст нест, чунки вазифаи ҳама ҷонибҳо аст, ки тарбияи ҷавонҳоро танзим кунанд. Коршиносон аз қонуни солҳои охир бисёр маъруфи “масъулияти падару модар” ҳам ёдовар шуданд, ки бештар бо ҷаримабандӣ маҳдуд шуда, ҷанбаи табриявиву ахлоқиаш фаромӯш мешавад.
Марям Давлатова, ҷомеашиноси маъруф мегӯяд, ҳарчанд ҳодисаҳои задухӯрди гурӯҳи ҷавонони маҳаллаҳои мухталифи пойтахт дар гузашта ҳам рӯй медод, вале ин ҳодисаи нодир ва воқеан фоҷеабор аст, ки ҷавонҳо аз дасти ҳамдигар кушта мешаванд. Вай гуфт, ин як ҳодисаи авбошии ҷудогона нест, балки як падидаи иҷтимоист ва баёнгари мушкилоти хеле ҷиддӣ дар муҳит, равон ва ҷавонбинии насли нав аст.
Хонум Давлатова афзуд, “ин ҳодиса сабабҳои иҷтимоӣ дорад, на равонӣ. Як сабқати носолим миёни мактабҳо, ки ин мактаб беҳтар, дигарӣ бадтар. Дар даврони шӯравӣ чунин вазъ набуд. Аз ҷониби дигар, чаро падару модар намепурсад, ки фарзандаш чӣ кор мекунад. Фарзанд ба тарбия ниёз дорад. Мехоҳам марказе таъсис шавад, ки бо падару модарон корҳои маърифатӣ барад, ба онҳо рисолати фарзанд, падару модарро дар оила фаҳмонад.”
Марям Давлатова мегӯяд, қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” ин рисолатро иҷро карда натавонистааст ва бештари моддаҳои ин санад ба манъ кардан ё ҷарима бастан марбут буда, аммо машварату маслиҳат ба волидайн камтар аст. Давлатова гуфт: “Масалан, бачаеро дастгир карданд, ки то нимашаб дар интернет-кафе нишастааст, падару модарро 100 сомонӣ ҷарима карданд. Ин роҳи ҳалли мушкил нест.
Коршиносон мегӯянд, ки дар қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бештари моддаҳои он ба манъ кардан ё ҷарима бастан марбут буда, аммо машварату маслиҳат ба волидайн камтар аст."
Бояд вазорати маориф аз тариқи мактабҳо бо падару модарҳо кор кунад. Ҳоло маҷлиси падару модарон танҳо барои пул ҷамъ кардан аст. Дар ҳар мактаб як равоншинос ҳадди ақал ҳафтае як бор ё бештар бо мактаббачаҳо кор кунад. Бо падару модарон дар бораи мушкилоти синну солии бачаҳо суҳбатҳо кунад.”
Бархе коршиносон мегӯянд, бо тағйирёбии арзишҳои ҷомеа бисёриҳо фикр мекунанд, ки нақши аъзои ҷомеа дигар бояд маҳдуд бошад ва ҳар кас наметавонад ба ҳаёти дигар нафар дахолат кунад, дар ҳоле, ки дар гузашта масъулияти зикри мушкилро дар рафтори ҷавонҳо дар баробари хешу наздикон инчунин ҳамсояҳои хонавода, ҳамкорҳои волидон ва педагогҳои мактаб ба ӯҳда доштанд.
Таҳлилгари дигар Маҳдӣ Собир, ки тасодуфан пеш аз марги Иброҳим бо ӯ дар хиёбоне шинос шуда, ба ин тифли бепадар дар ёфтани мактаби омӯзиши касби устои барқ кӯмак кардааст, ҳоло афсӯси ҷони ин ҷавони ғӯрамаргро мехӯрад. Вай гуфт, баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва тағйир ёфтани контингент ё табақаи иҷтимоии сокинони пойтахт, афроди дорои фарҳангу гузаштаи мухталиф дар Душанбе ҷой гирифтанд.
“Яъне, дар он замон сокинон аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон дар Душанбе маскун шуданд. Дар шаҳр одати деҳотии худро идома медиҳанд. Маҳалгароӣ низ вуҷуд дорад. Бояд милитисия ва прокуратура ин вазъро омӯзад ва роҳҳои ба маҳалҳо ҷудо шудани ҷавононро гиранд”, - афзуд Маҳдӣ Собир.
Бархе равоншиносон мегӯянд, ки мушкил дар тарбияи насли ҷавон ҳамеша буд ва мемонад, вале танҳо дар он сурат мешавад бо ин ҷавонҳо забон ёфту ба роҳи дуруст ҳидоят кард, ки калонсолон ҳам талош кунанд забони муоширату ҷаҳонбинии ин наврасонро дарк кунанд.
Аз сӯи дигар, мегӯяд Маҳдии Собир, барои бисёр волидон одат аст, ки нисбати машғулияти фарзандон ва ҳолу ҳавои онҳо бетафовут бошанд, вале ин чиз дар асл бемасъулиятист. Суоли матраҳкардаи ӯ ин аст, ки чаро волидон ва ҳамсояҳо аз тифл намепурсанд, ки баъди соати 10 шаб ба куҷо мераванд, бо кӣ ҳамнишин ҳастанд ва чӣ мекунанд?“ Дар натиҷа, бача кӯчагард мешавад. Мехоҳад мисли қаҳрамонҳои филмҳои хориҷӣ ё бозиҳои компютерӣ “лидер” бошад. Гурӯҳҳо ташкил карда барои ба даст овардани “лидерӣ” бо гурӯҳҳои дигар сар ба сар мешаванд.”
Маҳдӣ Собир мегӯяд, ҳамсинфи пештараи писари ӯ Иброҳим Хоҷаев, ки тасодуфан муддате пеш аз маргаш бо ӯ дар кӯча шинос шуд, бояд 20 январ ба дарси аввали мутахассиси барқ мерафт. Ин тифл солҳои охир бепадар бузург шуд ва ин коршинос мегӯяд, вақте инро шунид, аз дасти ҷавон гирифта ӯро ба мактаби ихтисос бурд. Вале насибаш накард.
Айни замон, мақомоти маориф мегӯянд, ин ки Иброҳим ё ҷавонҳои дигар баъди синфи 9 мактабро тарк мекунанд, амали ғайриқонунӣ нест. Ҳамидуллоҳ Фақиров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт: “Аз синфи 9 аз мактаб рафтан аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Ин ҳам ба хотири ҳунар омӯхтан аст. Барои беҳбуди вазъи зиндагӣ ҷавонон касб меомӯзанд. Тибқи муқаррароти Вазорати маориф, ба синфҳои 10-11 танҳо хонандагони болаёқат гирифта мешаванд.”
Ҳамзамон, Фақиров гуфт, беш аз 40 сол дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва борҳо шоҳиди занозанӣ миёни ҷавонони маҳалҳо, аз ҷумла, маҳалҳои “Якум Советский” ва “Южний” шудааст.
Бархе равоншиносон мегӯянд, ки мушкил дар тарбияи насли ҷавон ҳамеша буд ва мемонад, вале танҳо дар он сурат мешавад бо ин ҷавонҳо забон ёфту ба роҳи дуруст ҳидоят кард, ки калонсолон ҳам талош кунанд забони муоширату ҷаҳонбинии ин наврасонро дарк кунанд.
Дар замони чолишҳои нав, рушди фанновариҳои компютериву интернетӣ ҳамоно бисёр бузургсолон аз фарзандони худ фосилаҳо дуранд ва ин фосила намегузорад, ки ҷавонҳо рози дили худро бо волидону калонсолон дар миён гузоранд. Дар натиҷа, муҳити адами эътимод ва фосилаи равонии тамоси миёни фарзанду волидон ба миён меояд, ки дар бархе ҳолатҳо бо фоҷеа меанҷомад.