Мақомоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз роҳҳои қонунӣ барои бозгардондани моликияти ҳизб талош хоҳанд кард. Бар асоси фармони президенти Тоҷикистон тамоми моликияти Ҳизби коммунист миллӣ шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои бузурги Тоҷикистон аз бахши андоз ба ҳисоби 815 миллион сомонӣ қарздор будаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 112,3 миллион сомонӣ бештар аст.
Мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфтанд, ки қарор аст, дар ояндаи наздик бинои ЦУМ ё "Маркази савдои Тоҷикистон" дар маркази шаҳри Душанбе тахриб шавад.
Коршиносон даъвати як мақоми ниҳоди қудратии Тоҷикистонро барои худдорӣ аз пахши хабарҳо дар бораи "ҷиноятҳои вазнин" як навъ ҷорӣ кардани сензура дар фаъолияти расонаҳои мустақили кишвар унвон карданд.
Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон дидор ва тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Норакро баррасӣ карданд.
Дар Тоҷикистон системаи вижаи ташаккули нухбагон ё элитаҳо амал мекунад, ки аз системаи кишварҳои демократӣ бо қонунҳои нонавиштаи худ фарқ мекунад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чандон шитоб надоранд ва пеш аз ҳама шарту шароит ва таҷрубаи Арманистону Қирғизистон, аъзои нави ин иттиҳодро хоҳанд омӯхт.
Дар остонаи баргузории анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) таҳлилгарон фаъолияти ҳизбро дар ҷомеаи кишвар камранг хонда ва мегӯянд, ки мумкин аст дар оянда он ба “ҳизби кисагӣ”-и давлат мубаддал шавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ба далели поин рафтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли гузашта ҳамагӣ 270 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Бархе аз таҳлилгарон ҷашни имсолаи Ваҳдати миллиро "пирӯзии комили ҳукумат ва саркӯби ҷониби дигари сулҳи тоҷикон" арзёбӣ карда, ҳатто пешниҳод карданд, ки мусолиҳаи миллӣ аз сар гирифта шавад.
Ҳуқуқдонҳои тоҷик истифодаи қонуни муҳокимаи ғоибонаи додгоҳ бар зидди мухолифинро баъйид медонанд, аммо мегӯянд, ки ин қонун ҳуқуқи инсонро поймол мекунад.
Дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай, ки рӯзи 24 июн дар Тошканд оғоз меёбад, ду кишвари нозир, Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи ин созмон мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, ки парлумони феълӣ дар муқоиса бо парлумони қаблӣ "орому хомӯш" буда, иҷлосияҳо низ бидуни баҳс баргузор шуда ва ҳама гуна тарҳҳои ворида аз сӯйи раиси ҷумҳуру ҳукумат бо аксари кулли оро тасвиб мешаванд.
Бино ба иттилои созмонҳо дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз 37 ҳодисаи шиканҷа шикоят шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар бештар будааст.
Аксар ятимхона ё парваришгоҳҳои Тоҷикистонро фарзандони оилаҳои камбизоат, модарони танҳо ва муҳоҷирони кориву маҳбусон пур кардаанд.
Дар ҳоле ки Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 4 дарсад пешбинӣ кардааст, мақомоти расмии кишвар мегӯянд, ки ин рақам ба 6,5 дарсад хоҳад расид.
Бар асоси иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон вуруди муҳоҷирони корӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, феълан теъдоди онҳо беш аз 6 ҳазор нафар расидааст.
Бархе аз ронандаҳо мегӯянд, ки дар посгоҳи марзии Қарамиқ аз ҳар мошини борбар сад сомонӣ "ҳаққ" хоста шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳамагӣ се-чор рӯз пештар гунаҳкоронро ҷазо дода буданд.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи забони русӣ маҳдуд шуда ва умдатан ба забони муоширати муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтааст.
Порлумони Тоҷикистон тарҳеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд, инфрасохтор ё иншооти иҷтимоиро ба муддатҳои тӯлонӣ хусусӣ карда, фоида бибинанд.
Ёфтҳои бештар