Тӯдаиҳо кӣ буданд? Коммунистони эронӣ чӣ гуна то Тоҷикистони Шӯравӣ расиданд? Бозмондаҳои онҳо чӣ ҳол доранд? Хабарнигорони Озодӣ дар як гузориши видеоӣ ба ин пурсишҳо посух гуфтаанд.
Дар ҳоле ки бархе аз сокинон мегӯянд, мақомот онҳоро барои харидории либосҳои мактабӣ аз ширкатҳои ватанӣ маҷбур мекунанд, аммо мудири маорифи Душанбе гуфт, ин танҳо тавсия аст, на бештар аз он.
Ҳам Бонки Осиёии Рушд ва ҳам Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки то ҳол ба дархости Тоҷикистон барои гирифтани ҳаштод миллион доллар ёрӣ алайҳи мубориза бо бӯҳрон посух надодаанд.
Як пажӯҳиш нишон додааст, ки маоши кормандони ширкатҳои мухобиротӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар Қирғизистон дар муқоиса ба музди меҳнати ҳампешаҳои тоҷикашон ду баробар бештар будааст.
Гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳақи инсон ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт аз давлати Тоҷикистон хост, ки ба соҳаи обу корези кишвар аз буҷа пули бештар ҷудо кунад.
Бонки Осиёии Рушд аз зуд-зуд иваз шудани раисон ва ё афроди калидӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон интиқод карда инро монеи рушди кишвар донист.
Федор Басимов, яке аз сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия, худро дар куштори Раҳимҷон Тешабоев -- сокини ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор донист ва гуфт, ки дар ин кор ба ӯ Илдар Сахапов ёрӣ додааст.
Бино ба иттилои нави Оҷонсии омори Тоҷикистон, истеҳсоли машрубот, ба мисли "пиво" ё оби ҷав ва арақ дар кишвар дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта аз 22 то 40 дарсад кам шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯзи 3 август дар минтақаҳои кишвар ҳаво дубора гарм шуда, дар пайи он омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар назар аст.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи шаш мансабдори собиқи Бонки миллӣ "барои вайрон кардани низоми фурӯши асъори хориҷӣ" санад тартиб дода, ба Додситонии кулл фиристодааст.
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки бозори ширкатҳои мухобиротӣ дар дар шаш моҳи соли ҷорӣ суст шуда, ҳамагӣ 0,2 дарсад рушд доштаасту бас.
Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳанӯз муҷаввизи парвози ширкати “East Air” содир нашудааст ва ин ширкат ҳаққи анҷом додани парвозҳо дар қаламрави кишварро надорад.
Таъсири бӯҳрони Русия дар пайи таҳримҳои ғарб ба Тоҷикистон натанҳо шохисҳоро дар ҷадвалҳои бозори бурс хам мекунад, балки ба буҷаи хонаводаҳо дар низ зарба мезанад.
Дар пайи як пажӯҳиш Бонки осиёии рушд маълум кардааст, ки барои такмили арсаи энергетика (нерӯи барқ) Тоҷикистон ба 4 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад.
Бонки Осиёии Рушд стратегияаш дар Тоҷикистонро тағйир дода, эълон кард, ки аз ин ба баъд барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, таҳсили касбии ҷавонон ва тиҷорат сад миллион доллар медиҳад.
Шаҳрдории Душанбе ду коргоҳи хусусии оҳангудозиро ҳамчун сарчашмаи хатари экологӣ ҷарима баст ва фаъолияти онҳоро дар наздикии маҳалли зисти одамон манъ кард.
Нигина Баҳриева, намояндаи созмони ғайридавлатии "Нотабене" мегӯяд, Кумитаи андози Тоҷикистон аз додгоҳ бастани ин ин созмони ҳомии ҳуқуқи башарро тақозо кардааст.
Муштариён дар Тоҷикистон 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ қарз гирифта, аммо натавонистаанд ин маблағҳоро ба бонкҳо бозпас гардонанд. Бонкҳо талош мекунанд бо роҳи фурӯхтани гарави гузоштаи муштарӣ қарзашонро ситонанд.
Хабарҳо аз бозорҳои бурс ё биржаҳо дар мавриди поин рафтани нархи нафт дар ҷаҳон ва, баръакс, болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон бисёре аз ронандагонро ҳайрон кардааст.
Тоҷирони тоҷик аз гарон шудани пардохтҳои гумрукӣ шикоят доранд, аммо Хадамоти гумрук мегӯяд, ки мизони ин пардохтҳо боло нарафтааст.
Ёфтҳои бештар