Бонки Осиёи Рушд (ADB) эълон кард, ки дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 100 миллион доллар ёрӣ хоҳад кард. Радҷеш Васудеван -- мутахассиси Бонки Осиёии Рушд рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин миқдор пул барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд.
Ба қавли Васудеван, Бонки Осиёии Рушд дар стратегияи наваш дар Тоҷикистон сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ ва нақлиётро кам карда, баръакс, ба тағйири иқлим таваҷҷуҳ хоҳад намуд. Барои мисол, БОР сармоягузорӣ дар бахши энержӣ дар Тоҷикистонро аз 80 то 55 дарсад поин хоҳад овард.
Аз соли 1998 то кунун ин бонк 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон грант ҳастанд. Аммо бар асоси арзёбии коршиносони бонк, яке аз ин барномаҳо "бисёр муваффақ", нӯҳ барномаи дигар "муваффақ" ва ду барнома "номуваффақ" будаанд.
ТАФСИЛОТ ДЕРТАР НАШР МЕШАВАД.