Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи маводи сӯхт дар ҷаҳон поин рафт, дар Тоҷикистон "ҷаҳид"


Хабарҳо аз бозорҳои бурс ё биржаҳо дар мавриди поин рафтани нархи нафт дар ҷаҳон ва, баръакс, болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон бисёре аз ронандагонро ҳайрон кардааст.

Нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, хусусан пас аз созиши кишварҳои абарқудрат бо Эрон ҳудуди 10 дарсад арзон шуд ва ҳоло нархи як бушки нафти навъи "Брент" дар бозори ҷаҳонӣ каме беш аз 56 доллар нарх дорад. Аммо зоҳиран бозори маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон аз равандҳои ҷаҳонӣ комилан канда аст ва шеваи кори хоси худашро дорад. Зеро дар шабу рӯзи арзоншавии нархи нафт дар дунё, қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз 30 то 50 дирам боло рафт. Танҳо нархи бензини навъи 92 аз 4 сомону 80 дирами қаблӣ то ба 5 сомониву 20 дирам ҷаҳид.

Мустафо Нозимов, як ронандаи тоҷик мегӯяд, таи ҳафтаи охир ҳар боре барои “пур кардани шиками дӯсти оҳаниаш” ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ меравад, дар таблои НФС нархи навро мебинад, ки вазни ҷайби ӯро сабуктар мекунад. Ӯ мегӯяд, “зиндагии мо аз нархи сӯзишворӣ сахт вобастааст. Рӯзи дароз таксиронӣ мекунему нисфи зиёди даромадамон дар сӯзишворӣ сарф мешавад”.

Нозимов, ки рӯзгорашро бо таксиронӣ мегузаронад, мегӯяд, чанд рӯз аст, дар ин фикр аст, ки чаро оинаи нилгун аз арзоншавии нархи нафт гузориш пахш мекунаду рақамҳои таблоҳои НФС дар Тоҷикистон баръакс боло мераванд?

Мо суоли Мустафо Нозимовро ба Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон додем ва аз ӯ хостем, ки ин вазъиятро шарҳ диҳад. Назар Одиназода, ки рӯзи 23 июл дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, ба ин суол чунин посух дод:

“Тағйирёбии нархе, ки имрӯз дар биржа мешавад, натиҷааш як-ду моҳ пас дар Тоҷикистон эҳсос мешавад. Чунки мо аз хориҷа маҳсулоти нафтиро ворид мекунем. Дигар ин ки бештари маводи сӯхтро мо аз полоишгоҳҳои нафтии Русия мегирем ва дар он ҷо бошад аз моҳи январ ба ин тараф нархи сӯзишворӣ боло меравад. Гузашта аз ин, қурби сомонӣ дар нисбати доллар тақрибан 20 дарсад афтид ва ширкатҳо аз Русия сӯзишвориро бо доллар мехаранд. Ин омил ҳам боиси гарон шудани сӯзишворӣ мешавад”, гуфт ӯ.

Бинобар маълумоти тозаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, қариб нисфи бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар зери дасти ширкати “Газпром-нефт” қарор дорад. 99 дарсади саҳмияҳои ин ширкат моли “Газпром-нефт»- и Русия аст. Ин ширкат ҳоло 44,1 дарсади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро зери назар дорад. Дар ҷои дуюм ширкати "Тоҷик-Петролиум" қарор дорад, ки 8,5 дарсади бозорро бо маводи сӯхт таъмин мекунад. Ду ширкати дигар - "Аурум Спика" 8,1 ва "Умед-88" 7 дар сади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро дар ихтиёр доштаанд.

Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бинобар оморҳои ахири Хадамоти гумрук, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар коҳиш ёфтааст. Дар ним соли аввали соли равон ба кишвар 282,8 ҳазор тонна бо қимати 187 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 40 ҳазор тонна камтар будааст.

Назари хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи нархи баланди маводи сӯхт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00

XS
SM
MD
LG