Бозори мухобироти Тоҷикистон, ки солҳо боз аз бахшҳои муваффақи кишвар унвон мешуд, акнун қариб аз рушд бозмондааст ва ба рӯ ба “сифр” овардааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ мегӯяд, ки соҳаи мухобирот дар шаш моҳи гузашта дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 ҳамагӣ 0,2 дарсад рушд кардаасту бас.
Ин дар ҳолест, ки бозори мухобироти Тоҷикистон ҳамагӣ ду сол қабл аз 14 то 16 дарсад рушд мекард. Бино ба омори солҳои қаблӣ, арсаи мухобирот дар соли 2013 - 15 дарсад ва соли 2012 - 17 дарсад пешрафт доштааст.
Аммо соли гузаштаи 2014 рушди мухобирот дар Тоҷикистон якбора то ба сатҳи 1,2 дарсад коҳиш ёфт ва соли ҷорӣ ин нишондод қариб ба сифр баробар шудааст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро аз камтрин соҳаҳои зудрушдкунандаи Тоҷикистон дар ду соли охир якбора суқут кард ва бинобар пешбинии коршиносон ба эҳтимоли зиёд то охири соли равон дучори рукуд хоҳад шуд?
Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон мегӯяд, сабаби аслии аз рушд бозмондани бозори мухобирот дар Тоҷикистон ин тасмимҳои таҳлилношудаи охирест, ки аз сӯи танзимгари ин соҳа рӯи даст гирифта мешавад. “Чораҳое, ки ахиран рӯи даст гирифта шуд, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонро барои рушд ҳавасманд намекунанд, то ки онҳо ба муштариҳо хадамоти тоза пешниҳод кунанд ва таҷҳизоти ҷадидро харидорӣ намоянд,” -- илова кард Атоев. Ӯ афзуд, “бояд як бор дурустии тасмимҳои охири давлат дар қиболи бозори мухобиротро таҳлил кард, то ки ин арса дуборарушд ёбад. Чунки ин яке аз соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон аст.”
Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, солҳои охир даромади онҳо ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст ва “мизони ниҳоят баланди” андоз дар Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки сармояи бештарро ба рушди шабака ва хариди таҷҳизоти нав равона кунанд.
Константин Колесов, директори генералии ширкати Beeline мегӯяд, дар соли 2014 ин ширкат ба давлат 311 миллион сомонӣ андоз пардохт кардааст, вале барои рушди шабакаи мобилӣ дар дохили кишвар ҳамагӣ 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст. Колесов афзуд, Beeline дар 14 кишвари дунё, аз ҷумла ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, ба муштариён хизмат мерасонад, аммо мизони баландтарини андоз дар Тоҷикистон аст.
Нигаронии роҳбарони ширкатҳои мобилӣ аз кам шудани даромадҳо ва коҳиш ёфтани гуфтугӯҳо бо телефони ҳамроҳ дар ҳолест, ки се сол қабл бинобар арзёбии як созмони бозоршиносӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ сокинони Тоҷикистон аз ҳама бештар бо телефони ҳамроҳ суҳбат мекунанд.
Аммо баъди ҷорӣ шудани андози аксизии 5 дарсад ва 18 маротиба боло рафтани ҳаққи истифодаи рақами мобилӣ вазъият комилан дигар шуд.
Дар ҳамин ҳол, Неъматулло Ҳикматуллозода -- вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, қобилияти харидории мардум коҳиш ёфта, дар ним соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ беш аз 5 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба таъкиди Ҳикматуллозода, хизматрасониҳои пулакӣ маҳз дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва нақлиёт 5,3 дарсад ва ё ба маблағи 104, 4 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.