Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои мубориза бо бӯҳрон 80 миллион $ ёрӣ хост


​Ҳам Бонки Осиёии Рушд ва ҳам Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки то ҳол ба дархости Тоҷикистон барои гирифтани ҳаштод миллион доллар ёрӣ алайҳи мубориза бо бӯҳрон посух надодаанд.

Давлати Тоҷикистон барои иҷрои барномаи зиддибӯҳрониаш аз созмонҳои байнулмилалии молӣ 80 миллион доллар сармоя дархост кардааст. Дархости ихтисоси саромоя барои иҷрои ин барнома асосан ба унвонии Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Ҷаҳонӣ ироа шудааст. Давлати Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 50 миллион ва аз Бонки Ҷаҳонӣ 30 миллион доллар талабкардааст.

Аз посухи “ҳа” ва ё “не”-и ин ду созмони байнулмилалии молиявӣ масъалаи иҷро шудан ва ё нашудани барномаи зиддибуҳронии қаблукардаи ҳукумати Тоҷикистон дар миён аст. Чун барои иҷрои ин барнома Тоҷикистон қодир нест маблағҳои худашро равона созад. Аммо бо гузашти ним сол аз қабули барномаи зиддибуҳронӣ ҳанӯз посухи созмонҳои сармоягузор рӯшан нест ва онҳо мегӯянд, ки ин дархости Тоҷикистон дар ҳоли баррасист.

Татяна Евстифеева, сухангӯи Бонки Осиёии Рушд, рӯзи 17 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, “аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба унвонии мо, воқеан, ҳамин гуна дархост ворид шуд. Ҳоло дар мавриди ҷузъиёти ин масъала чизе гуфта наметавонем. Чунки ҳоло ин дархост дар ҳоли баррасӣ аст.”

Ҳамин тариқ, Вазорати молияи Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ низ барои ҷудо кардани 30 миллион доллар гуфтушунид дорад. Талоши ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби ин сармояҳо аз созмонҳои байнулмилалӣ барои иҷрои нуктаҳои як барномаи вижаи зиддибӯҳрониаш аст. Ин барнома дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи ҳукумат қабул шуд, ки аз 54 банд иборат аст.

Барномаи зиддибӯҳронии давлат хеле гуногунҷабҳа аст ва масоили гуногунро дар худ фаро гирифтааст. Ҳалли мушкилоти “Агроинвестбонк”, беҳ сохтони вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” ва корхонаи тавлиди аллюминиюм “ТalCo”, бо ҷои кор таъмин кардани муҳоҷирони ихроҷшуда, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои онҳо ва ҷустуҷӯи кишварҳои нав барои фиристодани муҳоҷирони корӣ аз нуктаҳои муҳими барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон аст.

Давлати Тоҷикистон дар ҳоле ин барномаро қабул ва барои иҷрои он талош дорад, ки даромадҳои кишвар аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон дар пайи рукуди иқтисоди Русия коҳиш ёфт.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бӯҳрони иқтисодии Русия натанҳо боис ба пурра иҷро нашудани буҷаи кишвар гардид, балки ба буҷаи ҳар хонаводаи тоҷик низ таъсири манфӣ гузошт. Ӯ афзуд, “аз ин рӯ, бо қарори панҷуми ҳукумат як комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки зарари бӯҳрони молиявиро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳисоб мекунад. Дар ҷамъбасти квартали сеюм мо дар асоси ҳисоботи ин комиссия тасмим хоҳем гирифт.”

Ба таъкиди Каримзода беш аз ҳама таъсири бӯҳрон дар иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ зоҳир гардид. Ба қавли ӯ, пардохтҳои гумрукӣ 388 миллион сомонӣ камтар аз нақша иҷро гардидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳарчанд моҳи феврал барноами зиддибӯҳронии хешро қаблул карда буд, аммо барои иҷрои он аз буҷа ва ё фондҳои махсус маблағ ҷудо нашудааст. Дар натиҷа иҷрои аксар барномаҳои ин барнома то ба ҳол дар рӯи коғаз боқӣ мондаанд ва иҷрои онҳо ба тасмими ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бастагӣ дорад, оё ин барномаро сармоягузорӣ хоҳанд кард, ё на.

Аз бандҳои зикршуда дар барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат танҳо чанд нуктаи марбут ба тағйирот дар қонунгузорӣ ва ё таҳияи қонуни нав иҷро гардидаанд. Таҳияи тарҳи нави қонуни муҳоҷират ва лоиҳаи ворид намудани тағйиру идловаҳо ба қонуни меҳнат маҳз дар доираи ҳамин барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат сурат мегирад. Аммо нуктаҳои марбут ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирони ихроҷшуда, дастгирии иҷтимоии оилаҳои онҳо ба далели набуди маблағ ба кундӣ пеш меравад.

XS
SM
MD
LG