Лео Ҳеллер,гузоришгари вижаи СММ, таи 10 рӯзи охир дар Тоҷикистон буд ва бо вазъи таъминоту дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ ва ҳам васоили санитарӣ ошно шуд. Ҷаноби Лео гуфт, ба чунин натиҷае расидааст, ки омори расмиву воқеии дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар таззод буда, иддаҳои ҳукумат ба ин ки дар Тоҷикистон 74 дарсади мардум ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ба ҳақиқат рост намеояд. Лео Ҳеллер гуфт, таҳқиқи ӯ дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон маълум кардааст, ки беш аз 40 дарсади аҳолии ин кишвар аслан ба лӯлаҳои обгузари таъминкунандаи оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.
Дар бисёр рустову деҳоти кишвар мардум маҷбуранд обро бо даст ва ё бо ёрии чорпоҳо бикашонанд. Қисмати дигари мардум, ки обро ба хонаҳояшон аз чашмаву ҷӯйҳои наздик мекашонанд, ҳамчунин бо оби поки босифат таъмин нестанд, чунки бехатарии ин обҳо дар лаборатория ё озмоишгоҳҳо санҷида нашудааст. Ба эътирофи худи мақомоти Тоҷикистон, бештар аз 1,5 миллион нафар дар Тоҷикистон аз оби ҷӯву наҳр ва ҳавзу кӯлҳо баҳра мебаранд, ки покиза нест. Нисфи
зиёди 4000 мактаби кишвар хатти лӯлаи об надоранд ва кӯдакон ночор аз оби каналу ҷӯйҳое ташнагиро мешикананд, ки амнияти сиҳатиашон таъмин нест.
Гузоришгари вежаи СММ оид ба ҳақи инсон ба оби ошомиданӣ ва санитария дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ҳамчунин аз шароити сохта ва мавриди истифода қарор гирифтани ҳоҷатхона ё ташнобҳои ҷамъиятӣ ва ҳам вазъи санитарии онҳо интиқод кард. Вай гуфт, аксарияти мардум ҳангоми пур шудани ташноб болои онро бо хок мепӯшонанд, ки обҳои зеризаминиро олудаву ифлос мекунад. Ба эътимоди ӯ, дар Тоҷикистон бояд низоми коруфтодаи поккории ахлоти табиӣ бунёд шавад, то ки баробари пур шудани чоҳҳо, имкони поккорӣ шудани онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси санитарӣ вуҷуд дошта бошад. Вай мегӯяд, методи болои ахлотро бо хок пӯшонда гӯр кардан, ки аз қадим таҷриба мешавад, дар асл бар зарари табиат аст.
Лео Ҳеллер мегӯяд, хадамоти поккории партобҳои табиӣ корест гарону пурарзиш, вале ҳукумат бояд дар фикри ба роҳ мондани ин хадамот ба хотири ҳифзи сиҳҳатии мардум бошад. Ба ҳисоби ин масъули СММ, танҳо 44 дарсади аҳолии кившар ва он ҳам дар шаҳрҳо ба шабакаи мутамаркази канализатсия дастрасӣ доранду халос. Ин аст, ки ин гузоришгари вижаи СММ оиди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва санитария афзуд, ки пулҳои ихтисосдодаи давлати Тоҷикистон аз будҷаи кившар барои ҳалли ин масъалаҳо ниҳоят ночиз аст. Ҳеллер афзуд: “Ман ба ҳукумат ёдовар шудам, ки ӯҳдадор аст буҷети худро ба хотири таъмини мардум ба оби ошомиданӣ ва санитария” равона созад.
Бино ба арзёбиҳо, Тоҷикистон аз назари захираҳои об яке аз сарватмандтарин кишварҳои дунёст ва сари ҳар як нафар аз сокинаш бештар аз 13 ҳазор 000 метри мукааб об рост меояд, вале бо вуҷуди ин кишвар фақат тавонистааст, камтар аз 60 дарсади аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бақия ночор аз ҷӯю кӯлҳо ва наҳрҳои боз ва ё ифлос об мехӯранд ва ё маҷбуранд, оби покро бо хару ароба аз чашмаву рустоҳои ҳамсоя биёранд.
Бар асоси омори ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, тақрибан 4 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон аз оби лӯла истифода мебаранд, 650 ҳазор нафар оби чашма мехӯранд, бештар аз якуним миллион нафари дигар аз оби ҷӯву наҳр ва ҳавзу кӯлҳо баҳра мебаранд, ки покиза нест ва аксар вақт сабаби бемориҳои сироятӣ мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, мизони бактерияҳо дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки аз назди хонаҳо мегузаранд ва ба партобҳо омехта мешаванд, назар ба бактерия дар таркиби дарёҳои кишварҳои пешрафта аз 40 то 45 дарсад зиёдтар аст. Нисфи зиёди мактабҳои кишвар хатти лӯлаи об надоранд ва кӯдакон ночор аз оби каналу ҷӯйҳое мехӯранд, ки пур аз ангезандаҳои бемориҳои сироятист. Масалан аз ҳисоби тақрибан 4000 мактаб дар Тоҷикистон танҳо 17-18-тои он ва бахусус дар шаҳрҳо лӯлаи об доранд. Айни вазъро дар бештар аз 3300 шифохонаҳои маҳаллӣ ва бунгоҳҳои тиббии Тоҷикистон мушоҳида мекунед. Аз назари беҳдоштӣ низ вазъ бахусус дар рустоҳо риққатовар аст, ҳатто баъзе аз мактабҳо ҳоҷатхона ҳам надоранд. Дар маҷмӯъ, ба эътирофи худи мақомоти Тоҷикистон, фақат 10 дарсади аҳолии деҳоти кишвар ба шароити муносиби беҳдоштӣ дастрасӣ доранд.
Ин гузориши видеоӣ моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб таҳия шудааст: