Муовини аввал шаҳрдори Душанбе, Шакарбек Самадов, дар нишасти хабарии рӯзи 29 июл гуфт, ҳукумати шаҳр фаъолияти ду коргоҳи хусусии оҳангудозиро дар наздикии маҳалли зисти сокинон манъ кард. Ин корхонаҳо дар наздики Заводи арматураи ба номи Орҷоникидзе воқеъ буда, дар онҳо асосан шаҳрвандони Чин кор мекарданд. Ба гуфтаи ҷаноби Самадов, пажӯҳиш нишон дод, ки бухорҳои ин корхонаҳо ба саломатии сокинони гузарҳои атрофи онҳо зарар дошта, баъд аз ҷарима шудани сарони онҳо барои осеб ба муҳити зисти шаҳр, ҳарду коргоҳ баста шуд. Мутахассисон мегӯянд, шеваи кори корхонаҳои оҳангудозӣ, ки шаҳрвандони Чин таъсис додаанд, ба талабот ҷавоб намедиҳанд ва шаҳрдорӣ қарор кардааст, ҳамаи онҳоро аз марзи Душанбе берун кунад. Аммо даҳҳо коргоҳи ҳамсон дар шаҳру деҳи дигари Тоҷикистон фаъолият доранд ва сокинони минтақаҳои наздик ба чунин корхонаҳо аз саломатии худ шикоят мекунанд.
Шарифа, як сокини деҳкадаи Арбобхотун мегӯяд, бо оғози фаъолияти корхонаҳои оҳангудозӣ субҳ ба машоми онҳо на насими фораму ҳавои тоза, балки бӯи ғализи гудохтаи оҳан ва дуди ангишт мерасад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз бӯи ғализи дуди корхонаҳои оҳангудозӣ фишори ӯ ва хушдомани пираш сари чанд вақт баланд шуда нафаскашиашон душвортар мегардад.
"Сатили обро дар хона гузошта, саҳар мебинем, ки рӯяшро як қабат сиёҳӣ пахш кардааст. Намедонем, бо ин ҳол чӣ хел зиндагӣ кунем?" -- суол мегузорад сокини дигари рустои Арбобхотун.
Деҳаи Арбобхотун дар шафати як минтақаи саноатии Душанбе,дар маҳаллаи "Политехникум" ҷойгир аст. Дар ин минтақа дар даврони Шӯравӣ дӯ корхонаи саноатӣ -- корхонаи истеҳсоли яхдони "Помир" ва корхонаи истеҳсоли арматур ҷойгир буданд. Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ҳардуи ин корхонаҳо аз кор монданд ва аз соли 2006 дар дохили ин муассиса корхонаҳои хурди оҳангудозӣ бо истифода аз технологияи чинӣ ба кор оғоз карданд. Сокинони Арбобхотун мегӯянд, то солҳои 90-ум ин ду корхона бо иқтидори пурраашон фаъолият мекарданд, аммо муҳити атроф ва ҳавои ба ҳадди кунунӣ ифлос намешуд.
Аммо Саидаҳмади Акрампур, эколог ва коршинос дар умури муҳити зист мегӯяд, дар асл партовҳои корхонаҳои оҳангудозӣ зиёд нашудааст, балки мардум дар наздикии ин корхонаҳо хона бунёд кардаанд. Ба гуфтаи Саидаҳмади Акрампур, он ҷое, ки ин корхонаҳои хурди металгудозӣ фаъолият доранд, дар асл минтақаи саноатӣ аст ва мувофиқи плани генералии шаҳр дар ин ҷо бояд корхонаҳои саноатӣ кор кунанд.
"Тавре медонед саноат бе дуду ифлоскунии ҳаво кор карда наметавонад. Аммо вақте ин минтақаи саноатӣ ба вуҷуд омада буд, дар атрофи наздики он сокинон манзил надоштанд. Ҳоло нафарони зиёде дар наздикии он манзил бунёд кардаанд ва ҳамакнун аз дуди корхонаҳо шикоят доранд," -- афзуд Саидаҳмади Акрампур.
Аз сӯи дигар, маълум нест, агар ин минтақа барои корхонаҳои саноатӣ ҷудо шудааст, пас, чаро ба сокинон дар ин ҷо замин доданд? Ҳини гаштугузор дар ин минтақа мо ҳадди ақалл се корхонаи хурди оҳангудозиро мушоҳида кардем.
Гудохтани оҳан аслан дар ду марҳила сурат мегирад. Нахуст оҳанпора ва дигар партовҳои металие, ки тоҷирони дигар аз тамоми манотиқи кишвар ба ин ҷо меоранд, дар хумдони барқӣ об карда шуда аз он оҳани аввалия ва ё ба истилоҳи оҳангудозон "чушка" тайёр карда мешавад. Баъдан аз ин порчаҳои оҳани аввалия арматура − яке аз маҳсулоти асосии бинокорӣ тайёр мешавад.
Маҳз дар марҳилаи истеҳсоли арматура муҳити атроф зиёд зарар мебинад, чунки барои гудохтани оҳани аввалия ангишт истифода мешавад. Ангишт дар миёни сӯзишвориҳои маъмул дар саноат аз ҳама зиёновар барои муҳити атроф шуморида мешавад. Ҳатто бархе аз экологҳои машҳури дунё бар инанд, ки зиёни истифодаи ангишт дар саноат ба муҳити атроф ҳатто аз сӯзишвории атомӣ низ бештар аст.
Нурулло Раҳимов, муттахасиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯяд, кулли корхонаҳои хурди оҳангудозӣ дар пойтахт зери назорати мақомот ҳастанд ва партови онҳо аз меъёр зиёд нест. Ҷаноби Раҳимов афзуд, бо вуҷуди ин гоҳо мешавад, ки корхонаҳои оҳангудозӣ технологияи истеҳсолотро вайрон мекунанд ва дуди ангишт на аз мӯрӣ, балки аз паҳлӯҳои дигари хумдон мебарояд. Дар ин сурат, ба қавли Раҳимов, онҳо масъулони ин корхонаҳоро ҷарима мекунанд.
Вай афзуд, дар пайи як тафтиш ҳафтаи охир чунин ҳодиса дар корхонаи оҳанугдозии "Дуто" ошкор ва ҷаримабандӣ карда шуд. Ин мақоми ҳифзи муҳити зист дар ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, агар аз як сӯ корхонаҳои оҳангудозӣ ҳавои атмосфераро олуда созанд, аз сӯи дигар боиси тоза шудани шаҳр аз партовҳои оҳанӣ мешаванд. Чунки дар ин корхонаҳо ҳамагуна оҳанпора гудохта шуда аз он арматура истеҳсол карда мешавад.
Аммо сокинони Арбобхотунро ин иддаҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист қонеъ намекунад. Дуди ғализи ангишт, ки аз мӯриҳои ин корхонаҳо хориҷ мешавад, зиндагиашонро талх кардааст ва онҳо талаб доранд, ё фаъолияти ин корхонаҳо қатъ шавад ё шеваи корашон дигар, ки зиёнаш ба муҳити атроф камтар бошад.
Дар Душанбе 24 корхонаи оҳангудозӣ, ки аксарашон моликияти шаҳрвандони Чин ҳастанд ба қайд гирифта шудаанд. Аммо ҳоло танҳо 7-то аз ин корхонаҳо фаъолият мекунанд, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна оҳанпораро коркард менамоянд.