Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсол ва талабгори арақ дар Тоҷикистон кам шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба иттилои нави Оҷонсии омори Тоҷикистон, истеҳсоли машрубот, ба мисли "пиво" ё оби ҷав ва арақ дар кишвар дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта аз 22 то 40 дарсад кам шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта дар кишвар истеҳсоли "пиво" ё оби ҷав, "коняк", "ликер" ва шароб ба қадри қобили мулоҳиза кам шудааст. Бино ба иттилои нави Оҷонсии омор, дар ин муддат дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор декалитр (1 декалитр = 10 литр) арақ ва маҳсулоти спиртӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 40 дарсад камтар мебошад. Инчунин, истеҳсоли оби ҷав нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад камтар будааст.

Моликони корхонаҳои истеҳсоли “пиво” ва навъҳои дигари машрубот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯз аз рӯз истифодаи ин гуна нӯшокиҳо камтар ва истеҳсоли он низ ба як кори камдаромад табдил меёбад. Самариддин Салоҳов, соҳиби як корхонаи хурди истеҳсоли оби ҷав, мегӯяд, харидорони маҳсулоташ тайи чанд соли охир дар кишвар камтар мешаванд ва ӯ ният дорад, самти корашро иваз кунад.

“Танҳо ҳамон ошхонаву тарабхонаҳое, ки дар он ҷойҳо хориҷиҳо бисёранд, аз мо машрубот мехаранд. Лекин мардуми худамон нӯшиданро кам кардаанд. Мисол, панҷ сол пеш талабот тамоман дигар буд,” – гуфт ин соҳибкор.

Коҳиши талабот ба машурбот, аз ҷумла “пиво” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бинобар арзёбии як сомонаи марбут ба саноати истеҳсоли ин нави машрубот дар Бритониё арзонтарин нархи “пиво” дар Тоҷикистон будааст. Бино ба арзёбии ин торнамо, як пинти пиво, ки баробари 568 милилитр аст, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 30 пенс (пули хурди Бритониё - чун дирам дар Тоҷикистон) арзиш доштааст, ки ин назар ба нархи пиво дар Бритониё 10 баробар камтар будааст.

Дар аввали солҳои 90-ум майзадагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, аммо дар 25 соли баъдӣ ҷомеаи кишвар ба таври куллӣ тағйир кард. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон дар қиёс бо ҳама кишварҳои минтақа камтар машрубот истеъмол мекунанд ва ба ҳисоби миёна ба сари ҳар нафар 2,5 литр спирт дар як сол рост меояд. Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон истифодаи спирт ба сари ҳар нафар аз 4,5 то 10 литр мерасад.

Коҳиш ёфтани талабгорони нӯшокиҳои спиртӣ дар Тоҷикистонро ҷомеашисонон ба ҳарчӣ бештар мазҳабӣ шудани аҳолии кишвар рабт медиҳанд. Вале бархе аз сокинон мегӯянд, тайи моҳҳои охир сафи одамони маст дар кӯчаҳои пойтахт афзуда, баъзан дохили шаробфурӯшиҳоро пури одамони маст дидан мумкин аст.

Ёдгор Амонов, як сокини миёнсоли Душанбе, мегӯяд, солҳои қабл бо бархе аз ҳамкорони русзабонаш дар рӯзҳои ид ва баъзан дар лаҳзаҳои фориғ аз кор, “сад грамм” менӯшид. Ҳоло мегӯяд ӯ, аҳён-аҳён машрубот истеъмол мекунад, чунки ба қавли вай на хонавода ва на ҷомеа ин гуна рафтороро чандон хуш надоштааст.

“Дар баъзе аз маъракаҳои рафиқони наздикам кам-кам менӯшам. Фарзандонам мегӯянд, ки арақ нанӯшед,” – нақл кард ӯ.

Коршиносон мегӯянд, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот миёни аҳолӣ аз назари тиббӣ мусбат арзёбӣ мешавад, аз сӯи дигар бо кам шудани талабот ба машрубот як саноати як замон сердаромади Тоҷикистон − саноати истеҳсоли маю шароб рӯ ба рукуд ниҳод. Ин дар ҳолест, ки солҳои 80-уми асри гузашта Тоҷикистон 13 миллион декалитр шароб ё май истеҳсол мекардааст, ки аксараш ба хориҷа содир мешуд. Ҳоло дар қиёс бо давронӣ Шӯравӣ истеҳсоли шароб дар Тоҷикистон 200 маротиба поён рафтааст.

Дар Тоҷикистон ҳоло танҳо 24 корхонаи хурди истеҳсоли спирт мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG