"Толибон" барои Тоҷикистон: дӯст, душман ё ҳарду?

Неруҳои "Толибон" солгарди бозгашт ба қудратро ҷашн мегиранд

Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи "Толибон" дар ҳоли гирифтани машруият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Оё Душанбе мавқеи худро дар пасманзари ривояти зидди "Толибон" тағйир медиҳад?

Қирғизистон ҳам ба унвони як кишвари Осиёи Марказӣ "Толибон"-ро аз феҳристи ташкилотҳои мамнӯъ хориҷ кард. Хабари ин тасмим замоне маълум шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар аввали сентябр феҳристи ташкилотҳои мамнӯъро нав кард.

"Ин тасмим бо ҳадафи тақвияти суботи минтақавӣ гирифта шуд. Қирғизистон ба ҳимоят аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳадафи тазмини як муҳити босубот ва суҳломез дар Афғонистон ва дар кулли минтақа пойбанд аст,"-гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон. Ниҳоди умури хориҷаи "Толибон" низ ин иқдомро сутуд ва аз он истиқбол кард.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар телеграм-канали худ менависад кишварҳои минтақа аз формулаи байнулмилалӣ "эътироф намекунем, аммо ҳамкорӣ мекунем" истифода мекунанд.

"Чунин муносибат бо як ташкилоти террористӣ, ки имрӯз ҳукуматро дар Афғонистон дар даст гирифтааст, дар ояндаи дарозмуддат пайомади манфӣ дорад. Ба назар мерасад имрӯз на ҳама аз ин чиз нигаронанд. Онҳо ба ин чиз аҳамият қоил нестанд, ки дар пеши чашми мардуми худ ривояти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро, ки солҳо барои эҷоди он талош карданд "аз байн мебаранд", - менависад Ризоён.

Душанбе ҳадди ақал дар сатҳи расмӣ, охирон пойтахт дар Осиёи Марказист, ки мухолифи берун кардани "Толибон" аз феҳристи ташкилотҳои террористӣ аст.

Тамоюл ба наздик шудан аст?

Саймумин Ятимов

Аммо тибқи иттилои ахири расонаҳои Афғонистон, ки аз сӯи Душанбе рад ва тасдиқ намешаванд, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дипломатҳои тоҷик дар охири моҳи август бо мақомоти олирутбаи "Толибон" - Абдулло Васиқ, раиси истихборот, Шамсуддини Кишмӣ, додситони кулл ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши "Толибон" дидор кардааст.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, то сафари Ятимов ба Кобул, сафари ду мақоми баландпояи "Толибон" - Шамсуддини Кишмӣ, додситони кул ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши "Толибон" ба Душанбе анҷом шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд. Тибқи маълумоти манбаъҳо, мавзӯи ҳар ду дидор оддисозии равобити ду тараф будааст, аммо на Кобул ва на Душанбе ин хабарро тасдиқ намекунанд.

Мавқеи зидду нақиз

Яке аз бозорҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Носозгории Душанбе бо Кобул то кунун бар асари набуди ҳукумати фарогир аст, ки дар он тоҷикон ва гуруҳҳои дигари қавмӣ ҷойгоҳи муносибе надоранд. Ин нигаронӣ борҳо аз забони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон садо додааст, ки таблиғоти давлати ӯро ба унвони "роҳбари тоҷикони ҷаҳон" талаққӣ мекунад. Эҳтимолан бо ин ва чандин сабаби дигар Душанбе ошкоро аз ҳаракати зидди "Толибон" бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят мекунад.

Аз сӯи дигар ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумати "Толибон" ҳамкории иқтисодӣ дорад. Аз ҷумла содироти барқ ба Афғонистон, боз кардани бозорҳои марзӣ ва тибқи хабарҳо гуногун гуфтушунидҳои махфӣ бо ҳадафи аз байн бурдани гуруҳҳое дар қаламрави Афғонистон, ки дар Тоҷикистон террористӣ унвон шудаанд.

Чаро ҳама тағйир ёфт?

Неруҳои "Толибон". Вилояти Бадахшони Афғонистон. 1 сентябри 2024

Ин ки оё Душанбе мавқеи расмии худро дар баробари "Толибон" тағйир медиҳад ва таблиғоти давлатӣ онро чӣ гуна ироа мекунад, ба унвони савол боқӣ мемонад. Аммо маҳфилҳои коршиносӣ аз идомаи фишор аз сӯи шарикони наздик ба Душанбе бо ҳадафи тағйир мавзеъ суҳбат мекунанд.

Андрей Серенко, коршиноси рус дар мавзӯи Афғонистон охири моҳи август дар канали телеграми худ бо такя ба манбаҳояш дар Кобул хабар дод, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни сафари хуб ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қаноатманд кардааст, ки дар масъалаи муносибат бо ҳукумати "Толибон" ба сафи кишварҳои Осиёи Марказӣ бипайвандад, аммо посухи ниҳоӣ нагирифтааст.

Аҷмал Суҳайл, коршиноси масоили терроризм дар Олмон ба телевизиони “Афғонистон интернешнл” гуфтааст, ки равобити “Толибон” бо Тоҷикистон бо миёнаравии Чин оғоз шудааст. Ӯ аз як мулоқоти пушти пардаи мақомоти Тоҷикистону “Толибон” бо подармиёнии Чин дар моҳи декабри 2023 ёд кардааст.

Ҳамкории бе ҷойгузин?

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷаи "Толибон" бо Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон. Кобул, 17 августи 2024

Коршиноси дар масъалаҳои Афғонистон аз Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, ки аз назари манофеи миллии Тоҷикистон эътироф кардани "Толибон" бар зарари ин кишвар аст, ки ҳаракатеро машрӯъият мебахшад, ки аз роҳи террористӣ ба ҳадафҳои худ расидааст.

"Аммо, аз дидгоҳи омили муваққат "Толибон" ва қудрати онҳо дар Кобул як воқеъият аст. Бино бар ин, то замоне, ки ин воқеъият вуҷуд дорад, Душанбе бояд барномаи рӯшане барои таомул бо он дошта бошад", - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, Душанбе эҳтимолан роҳи Тошкандро тай хоҳад кард ва тадриҷан бо "Толибон" муносибат барқарор мекунад. "Бо таваҷҷуҳ ба марзи муштарак, масъалаи хатароти террористӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва геополитикӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад," - таъкид кардааст коршинос.

Қазоқистон моҳи июни соли 2023 "Толибон"-ро аз феҳристи ташкилотҳои террористӣ хориҷ кард. Моҳи майи соли 2024 Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба Владимир Путин пешниҳод карданд, ки "Толибон"-ро аз феҳристи ташкилотҳои террористӣ берун кунад.

"Толибон" аз соли 2003 дар ин феҳристи Русия қарор доштанд. Моҳи майи имсол намояндагони ин гуруҳ дар форуми "Руссия — ҷаҳони ислом: KazanForum 2024", ки дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон баргузор шуд, ширкат карданд.

Кишварҳои Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳукумати "Толибон" муносибат доранд. Онҳо дар заминаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона, ҳамкорӣ дар арсаи ҳамлу нақл, энержӣ ва амният ҳамкорӣ мекунанд.