Гузоришҳои нашршуда дар вебсайти хабарии "Каз инфорам"-и Қазоқистон нишон медиҳад, ки ин созишномаҳо дар поёни сафари Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбекистон ва ҳайати ҳамроҳи вай ба Кобул дар рӯзи 19-уми август ба имзо расид.
Созишнома дар ҳузури Абдуллоҳ Орипов ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати Толибон имзо шуд. Тибқи гузоришҳо, мизони тиҷорат имсол миёни ду кишвар беш аз 460 миллион доллар будааст.
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов рӯзи 17 август бо як ҳайати ҳукуматӣ барои иштирок дар форуми тиҷоратӣ ва боз кардани намоишгоҳи Made in Uzbekistan дар Кобул ба Афғонистон сафар кард.
Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон ҳамчунин эълон кард, ки Афғонистон дар назар дорад бо созишномаҳои ҳамкории транзитӣ бо Эрон, Покистон ва кишвари Осиёи Марказӣ даст ёбад.
Азизӣ дар поёни Намоишгоҳи тиҷоратии маҳсулоти Узбакистон дар Кобул гуфтааст, ки созишномаҳое бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Покистон ва Қазоқистон дар ҳоли имзо шудан аст ва ҳадафи ниҳоӣ, эҷоди як маркази транзитӣ барои дастарасӣ ба обҳои гарм аз тариқи Бандари Чобаҳори Эрон мебошад.
Робитаҳои тиҷоратӣ миёни Афғонистон ва Осиёи Миёна дар даврони ҳукумати пешини Афғонистон бинобар тирагии робитаҳо миёни Кобул ва Исломобод густариш ёфт ва мақомоти он кишвар тасмим гирифтанд аз Бандари Чобаҳори Эрон ҳамчунин ҷойгузини Бандари Карочии Покистон истифода кунанд.
Ҳоло ки ҳукумати Толибон бо таҳримҳои байналмиалӣ рӯбарӯ аст, коршиносони иқтисодӣ ба ин бовар ҳастанд, ки ин гурӯҳ ногузир аст, ки робитаҳои иқтисодиашро бо ҳамсоягонаш афзоиш диҳад.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар 15 сентябори соли 2021, робитаҳои Афғонистон бо ҷаҳони хориҷ тақрибан қатъ шуд, сармояҳои хориҷии Бонки марказии Афғонистон баста шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бинобар маҳдудиятҳо дар таҳсил ва кори духтарон ва занон ва нақзи ҳуқуқи башар, таҳримҳоеро алайҳи Афғонистон ҷорӣ кард.
Дар миёни кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ҳам робитаҳои тиҷоратиашро бо ҳукумати Толибон ҳифз кардааст. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон, ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад. Душанбе аз мунтақидони Толибон дар минтақа аст.
Аммо сарфи назар аз ин, тиҷорат миёни ду кишвар, бахусус интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба фаъолияти 5 бозори наздимарзӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон иҷозат доданд.
Ин бозорҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе кор ва шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон дар онҳо хариду фурӯш мекунанд.
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон бо Афғонистони зери назорати Толибон ба андозаи қариб 46 миллион доллар додугирифт доштааст.
Гуфтугӯ