Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишора ба "Ансоруллоҳ". Ҷузъиёти боздоштҳо дар Язгулом


Язгулом, минтақаи дурдаст дар Тоҷикистон
Язгулом, минтақаи дурдаст дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ ҷузъиёти боздошти гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо кард.

Амалиёти боздошти беш аз сӣ сокини ҷамоати Язгулом дар нимаи дувуми моҳи май ва аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Мақомот қазияро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд.

Ду манбаи боварбахш гуфтанд, ки аксар боздоштшудаҳо аз деҳаи Жамак ва Андарбаки Язгулом ва хешутабори ҳамдигар ҳастанд. Як манбаи Радиои Озодӣ, ки бо парвандаи боздоштшудаҳо шинос шудааст, рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 25 боздоштшуда ба узвият дар созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ" муттаҳам ҳастанд.

"Ансоруллоҳ" як гурӯҳи тундрав дар Афғонистон аст, ки аксари пайравонаш зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Бар асоси ёфтаҳои Радиои Озодӣ, аксар ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар минтақаҳои наздик ба марзи Тоҷикистон дар Афғонистон ҳастанд ва зери назари "Толибон" фаъолият мекунанд.

"Хӯрок дод", "хабар надод"

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, боздоштшудаҳо ҳамчунин ба “ташкилу узвият дар созмони ҷиноӣ”, “даъвати тағйири сохти конститутсионӣ”, “ташкили созмони ифротгароӣ” ва “хабар надодан аз ҷиноят” гумонзад мешаванд. Бештари онҳо ба Душанбе интиқол ёфта, ҳанӯз тафтиши парванда ба поён нарасидааст ва шояд бархе аз боздоштшудаҳо раҳо шуда, эҳтимол афроди дигар боздошт гарданд.

Радиои Озодӣ то ин дам номи бист нафар аз боздоштшудаҳоро гирд овард:

  • Шакармамад Хоҷаев
  • Аслиҳиддин Хоҷаев
  • Муслиҳиддин Хоҷаев
  • Сӯҳроб Хоҷаев
  • Почохонум Хоҷаева (Ваҳҳобова)
  • Эҳсон Хоҷаев
  • Шермамад Хоҷаев
  • Дилбаршоҳ Лайлиев
  • Амирҳамза Лайлиев
  • Муҳиддин Ҷавҳаров
  • Бурҳониддин Ҷавҳаров
  • Гулбиддин Алиёров
  • Ёсин Шуҷоатов
  • Ёралӣ Маҳмадуллоев
  • Раббонӣ Неъматуллоев
  • Ёдгор Тошев
  • Ибодулло Абдуллоев
  • Фарҳод Шайхов
  • Бонгул Боналиев
  • Наврӯз Алиев

Бар асоси ин феҳрист, танҳо аз оилаи Хоҷаевҳо, сокинони ҷамоати Язгулом, 7 кас боздошт шудааст. Шакармамад Хоҷаев, падари хонавода, ба он айбдор мешавад, ки аз рафтори фарзандону келинаш ба мақомот хабар надодааст.

Се писари ӯ – Аслиҳиддин, Муслиҳиддин ва Сӯҳроб Хоҷаевҳо – ба узвият дар созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” айбдор ҳастанд. Ҳамсари Аслиҳиддин, Почохонум Хоҷаева (насаби хонаводагиаш Ваҳҳобова), гуё ба чанд “ҷинояткор аз Афғонистон, ки дар манзилашон пинҳон будаанд" хӯрок додааст.

Ҳамдеҳагон ва наздикони ин оила дар бораи дурустӣ ё нодурустии ҳарфи мақомот гап назаданд. Маълум нест, ки то куҷо парвандаи боздоштшудаҳо дуруст тафтиш мешавад ва айби эълоншуда алайҳи онҳо бо чӣ далел асос ёфтааст. Он чизе, ки ба Радиои Озодӣ нақл карданд, аз навиштаҳо дар парванда аст.

Ҷузъиёти боздоштҳо дар Язгулом
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

"Дар Зоҳидон мехонд"

Дар парвандаи хонаводаи Хоҷаевҳо гуфта мешавад, ки Муслиҳиддин, писари ин хонавода, ки дар Зоҳидони Эрон таҳсил мекард, чанд сол пеш бо даъвати ҳукумат ба ватан баргашт.

Муфаттишон дар парванда навиштаанд, ки ӯ бародарону наздиконашро “ба ин роҳ ташвиқ кард.” Аслиҳиддин Хоҷаев, бародари ӯ, ба нақли муфаттишон, ҳангоми боздошт худашро аз кӯҳ партофта, пояш шикастааст. Ӯро бо чархбол аз Ванҷ ба Душанбе овардаанд ва табобат мешавад.

Эҳсон Хоҷаев, писарамаки Шакармамад Хоҷаев низ барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт шудааст. Бародари ӯ, Шермамад Хоҷаев бо гумони хабар надодан аз тамосҳои додараш бо намояндагони созмони тундрав дар боздоштгоҳ аст.

Аз хонаводаи Лайлиевҳо, сокинони дигари Язгулом, се нафар – Дилбаршоҳ, Амирҳамза ва духтари хонавода –боздошт шудаанд. Муҳиддин ва Бурҳониддин, ду ҷавони дигар аз хонаводаи Ҷавҳаровҳо аз ҷумлаи боздоштшудаҳо ҳастанд.

"Баъзеҳо байъат кардаанд"

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар парванда аъмоли Гулбиддин Алиёров, Ёсин Шуҷоатов, Ёралӣ Маҳмадуллоев, Раббонӣ Неъматуллоев, Ёдгор Тошев, Ибодулло Абдуллоев, Фарҳод Шайхов, Бонгул Боналиев ва Наврӯз Алиев, сокинони дигари ноҳияи Ванҷ тафтиш мешавад.

Як сокини вилояти Суғд ва як сокини вилояти Хатлон низ дар ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ муттаҳам шудаанд.

Ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар бораи гунаҳкор будани боздоштшудаҳо набаромадааст.

Муфаттишон дар парванда навиштаанд, ки баъзе аз боздоштушадҳо бо раҳбарони “Ансоруллоҳ” “байъат” кардаанд. “Байъат” як навъ савганди вафодорист, ки ҳоло бештар дар миёни пайравони созмонҳои тундрави мазҳабӣ маъмул аст.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд.

Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, аксар сокинонаш кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи бурунрафт аз мушкил беҳтар кардани шароити зиндагии ин мардум аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG