Чанд мақоми баландпояи "Толибон" дар се соли охир ошкоро сиёсатҳои раҳбарони онро танқид кардаанд. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон", яке аз онҳост.
Ӯ дар наворе, ки баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфт: "Ҳар роҳбар, ҳар волӣ, ҳар вазир ва ҳар фармондеҳе, ки дар миёни мардум зиндагӣ накардааст, бояд бифаҳмад, ки онҳо дар инзиво ҳастанд ва ҳукуматашон дер давом намекунад. Паёмбар ҳамеша дар миёни мардум менишаст."
Станкзай номи ҳеч касро нагирифт, вале Мулло Ҳайбатулло Охундзода сухани охиринро дар ҳукумати ҳозираи "Толибон" мезанад.
Решаи ихтилофҳо дар чист?
Майкл Кугелман, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Вудро Вилсон дар Вашингтон, бовар дорад, ки дар ҳоли ҳозир нишонаҳои ихтилоф миёни раҳбарияти "Толибон" мушоҳида мешавад.
"Нишонаҳои асосии ихтилоф дар масоили иҷтимоӣ, бавижа ҳуқуқи занон ва манъи омӯзиши духтарон ба чашм мехӯрад. Фикр мекунам, дар мавриди тарзи муносибат бо ҷаҳон низ ихтилофоте байни раҳбарӣ вуҷуд дорад. Бархе аз онҳо воқеан ба иртибот бо ҷаҳони беруна алоқа надоранд," -- афзуд ӯ.
Рӯзноманигор Самӣ Юсуфзай сиёсати раҳбари "Толибон"-ро сабаби ихтилофҳо медонад. Вай гуфт: "Феълан баъзе аз раҳбароне, ки дар Кобул ҳастанд, аз ин вазъ қаноатманд нестанд ва азият мекашанд. Аммо то ҳол натавонистаанд садои худро ба таври қавӣ ба раҳбарияти худ расонанд. Онҳо мехоҳанд, ки машварат кунанд. Бо гузашти вақт тавофуқ миёни "Толибон" аз байн меравад. Танҳо як шахс қудрати мутлақ дорад, ҳар чӣ хоҳад метавонад, ӯ мулло Ҳайбатулло аст."
Бо вуҷуди мухолифати бархе аз чеҳраҳои "Толибон" ба манъи таҳсили духтарон, мактабҳо бо дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода тақрибан се сол боз бастаанд ва маълум нест, ки дар ниҳоят боз хоҳанд шуд ё на. Дар даврони аввали режими "Толибон" дар нимаи дуюми солҳои 1990 занон аз ҳуқуқи бунёдии худ маҳрум буданд.
Майкл Семпл, устоди Донишгоҳи "Квинс" (Белфаст), бар ин назар аст, ки шеваи тақсими қудрат низ яке аз ихтилофҳо дар сафи "Толибон" аст: "Аксар роҳбарон шикоят мекунанд, ки барои фидокориҳое, ки дар ҷиҳод кардаанд, ба қадри кофӣ подош нагирифтанд ва натавонистанд хешу табори худро ба қадри кофӣ ба кор ё курсӣ ҷалб кунанд. Онҳо раҳбарони дигарро ба поймол кардани ҳуқуқашон муттаҳам мекунанд. Сабаби асосии ин норозигиҳо набудани мувозинати қавмӣ дар қудрат аст, ки аз рӯзҳои аввал хоси ҷунбиши "Толибон" буд."
То кунун ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Риояи ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занону духтарон ва ташкили ҳукумати фарогир (ҳамашумул) аз шартҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонист. Дар айни замон додугирифти баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳокимони ҳозираи Афғонистон идома дорад.
Оянда чӣ хоҳад шуд?
Мулло Ҳайбатулло Охундзода зоҳиран талош дорад, ки аз мухолифати ошкорои раҳбарони "Толибон" бо сиёсатҳояш пешгирӣ кунад. Вай дар маҷлисҳои гуногун ба пойдории режими зери раҳбарияш таъкид карда, афзудааст, ки метавонад мушкилотро бар асоси усули динӣ ҳал кунад.
Ба гуфтаи намояндагони "Толибон", Охундзода дар як макони номаълум дар вилояти Қандаҳор иқомат дорад, аммо ҳукуматаш дар Кобул, пойтахти Афғонистон, аст. Ҳарчанд сухангӯёни "Толибон" гоҳе хабар медиҳанд, ки Охундзода бо вазирони ҳукуматаш дар Қандаҳор мулоқот кард, гузоришҳое аз қавли баъзе аз чеҳраҳои "Толибон" дар бораи аксар вақт дастрас набудани ӯ нашр шудааст.
Майкл Кугелман мегӯяд, бо вуҷуди ихтилофҳо, дар байни раҳбарияти "Толибон" як тавофуқи қавӣ вуҷуд дорад: "Ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки раҳбари "Толибон" қонунияти худро аз даст додааст ва ё раҳбарони дигар, хоҳ дар мансабҳои баланд ё миёна, дар бораи муқобила бо Мулло Охундзода фикр мекунанд."
Майкл Сэмпл ба ин бовар аст, ки ҳатто агар бархе аз аъзои "Толибон" сиёсатҳои пешвои худро нодуруст мешуморанд, анъанаи қавии ҳифзи ваҳдат ва итоат аз ӯро риоя мекунанд. Ӯ меафзояд: "Ҳатто толибони норозӣ дар шимоли Афғонистон, бо вуҷуди он ки ба онҳо ба унвони шахси дараҷаи ду муносибат мешавад, то ба ҳол монданашонро дар ин "ҳаракат" авлотар медонанд. Агар мухолифати қавӣ ва муассири миллӣ ба "Толибон" вуҷуд дошта бошад, эҳтимол метавонад роҳи истифода аз ихтилофҳоро дар байни раҳбарияти "Толибон" пайдо кунад."
Рӯзноманигор Самӣ Юсуфзай мегӯяд, "Толибон" тайи се соли охир аз ҷудоӣ дар сафҳои худ пешгирӣ кардаанд, "аммо эҷоди фосила миёни "Толибон"-и мустақар дар Қандаҳор ва Кобул аз эҳтимол дур нест".
"Фикр мекунам, ихтилофҳое, ки ҳоло ҳаст, агар ҳал нашавад, фосила миёни Кобулу Қандаҳор бештар мешавад. Ангушт бештар ба сӯи Мулло Ҳайбатулло Охунзода гузошта мешавад, ки шумо сабаби мушкилот ва инзивои "Толибон" ҳастед. Шумо бояд сабаби буҳрони "Толибон" набошед. Шумо бояд "Толибон"-ро аз буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва инзиво ба тарафи беҳбуд баред. Шумо набояд таъкид кунед, ки намехоҳед бо ҷомеаи ҷаҳонӣ кор кунед, ё бигӯед, ки барои мо муҳим нест ва бихоҳед, ки ба сиёсатҳои худ, ки таълими зан дар он ҳаром аст, идома диҳед," – хулоса кард ӯ.