Ин қарор зоҳиран барои шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад.
Баъди ба сари қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар соли 2021, баъзе аз ҳайатҳои дипломатии он кишвар ҳамоно ба ҳукумати пешина вафодор монданд.
Қароре, ки аз 30-юми июл эътибор пайдо кардааст, дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" дар шабакаи "Х" нашр шудааст.
Дар он гуфта мешавад, ки қарори онҳо ба шиноснома, виза ва санадҳои дигари содиршуда дар консулгариҳои Афғонистон дар Лондон, Белгия, Берлин, Бонн, Швейтсария, Австрия, Фаронса, Итолиё, Юнон, Лаҳистон (Полша), Шветсия, Норвегия, Канада ва Австралия рабт дорад.
Дар изҳороти "Толибон" гуфта шудааст, ки “борҳо аз сиёсатмадорон ва консулгариҳои Афғонистон дар кишварҳои аврупоӣ даъват шуд, ки бо Кобул ҳамкорӣ кунанд, то ҳадди ақал хадамоти консулӣ барои шаҳрвандони Афғонистонро беҳбуд бахшанд”. Вале, ба навиштаи "Толибон", ин консулгариҳо “худсарона ва бидуни ҳамоҳангӣ” кори худро идома доданд.
Ҳоло сафоратҳои Афғонистон дар Покистон, Чин ва Русия аз ҷониби "Толибон" назорат мешаванд. Ҳайатҳои дипломатии Афғонистон дар Испания ва Ҳолланд дар моҳи октябри соли 2023 расман хадамоти мақомоти "Толибон"-ро дар Кобул пазируфтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз мунтақидони "Толибон" аст. Ин гурӯҳ ҳанӯз дар рӯйхати созмонҳои мамнуъ ва ифротгаро дар Тоҷикистон истодааст. Бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе низ дар ихтиёри намояндагони ҳукумати сарнагуншудаи Афғонистон аст.
Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Чанд бозори сарҳадӣ боз шудааст. Намояндагони консулгарии Афғонистон дар Хоруғ моҳи ноябри соли 2023 эълон карданд, ки зери итоати “Толибон” ҳастанд, вале вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон онро рад кард.