Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Каме амният ҳаст, аммо вазъи аҳолӣ риққатовар мемонад"


Қандаҳор, 14-уми августи 2024
Қандаҳор, 14-уми августи 2024

Дар солгарди севуми бозгашти “Толибон” ба сари қудрат дар Афғонистон, як идда расонаҳои дохиливу хориҷӣ иброз доштаанд, ки дар ин муддат ҷунбиши тундгарои исломӣ вазъи амниятиро каме беҳбуд бахшид, вале вазъи иқтисодии бахши бузурги аҳолӣ риққатовар мемонад. 

Аз сӯе ҳам, ҳузури гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсояҳои ин кишварро нигарон кардааст.

15-уми августи соли 2021 гурӯҳи "Толибон" ғайримунтазира ба сари қудрат дар Афғонистон баргашт. Бист сол талошҳо ва миллиардҳо доллари ҷомеаи байнулмиалӣ барои таҳкиму тамрини артиши Афғонистон натиҷае наовард.

Дар рӯзҳое, ки сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон берун мешуданд, артиши Афғонистон силоҳро ба замин гузошт. Даҳҳо ҳазор сокини ғафлатзадаи Афғонистон хонаву дарашонро партофта, дар гирду атрофи фурудгоҳи муҳосирашудаи Кобул ҷамъ шуданд.

"Толибон" қадам ба қадам озодиҳову ҳуқуқи занону духтаронро маҳдуд намуданд. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) онро "бадтарин намуна дар ҷаҳон" номид.

Гузориши видеоӣ дар инҷо бинед:

"Толибон" дар се сол ба мардуми Афғонистон чӣ кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Дар моҳи майи соли 2023, ҳангоми баҳси вазъи Афғонистон дар конфронси байнулмилалӣ дар Қатар, дабири кулли СММ иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи Афғонистон ба таври ҷиддӣ нигарон аст. Антонио Гутерреш гуфт: "Баҳо додан ба вазъи Афғонистон душвор аст. Имрӯз ин бузургтарин буҳрони башарии саросари олам мебошад".

Баъд аз он як коршиноси СММ рафтори "Толибон"-ро бо занону духтарон “апартеид” ё худ табъизи иқтисодиву иҷтимоии инсон бар пояи ҷинси ӯ унвон дод. Аммо "Толибон" исрор меварзад, ки бар асоси шариати исломӣ ба ҳуқуқи занон эҳтиром мегузорад.

Дар давоми се соли гузашта гурӯҳи "Толибон" ба коҳиши ришваситонӣ ва беҳбуди ҷамъоварии андоз (молиёт) муваффақ шудааст. Ба қавли муовини вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати "Толибон" Аҳмад Зоҳид, сарфи назар аз он ки ҳукумати ин ҷунбиши тундгарои исломӣ аз тарафи ягон мамлакат эътироф нашудааст, онҳо тавонистаанд, ки бо кишварҳои минтақа равобити тиҷориву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, ба Афғонистон сармояи хориҷӣ ҷалб кунанд.

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон бо Афғонистони зери назорати "Толибон" ба тақрибан 46 миллион доллар додугирифт доштааст. Ин оморро намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон 7-уми август дар нишасти хабарӣ эълон карданд.

Аммо иқтисоди Афғонистон дар ҳоли рукуд асту тақрибан сеяки 40 миллион аҳолии ин кишвар танҳо бо чойу нон рӯз мегузанонанд. Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки дар давоми

се соли оянда рушди иқтисоди Афғонистон ба сифр баробар хоҳад буд. Афғонистон дорои захираи бузурги маъданҳои нодир аст, вале кӯшишҳои истихроҷи он аз сабаби камбуди таваҷҷуҳ ва то ҳадде ноамнӣ назаррас набудаанд.

Ҳарчанд ки ҳукумати "Толибон" дар бораи беҳбуди амният ҳарф мезанад, ба таври муназзам гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои мусаллаҳонаву таркишҳо дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон нашр мешаванд.

Дар Афғонистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ фаъол буда, масъулияти таркиши 11-уми август дар Дашти Барчии Кобулро, ки боис ба марги як нафар ва ҷароҳати 11 кас шудааст, бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG