Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон бо Афғонистони зери назорати Толибон ба андозаи қариб 46 миллион доллар додугирифт доштааст. Ин оморро намояндагони Хадамоти гумрук 7-уми август дар нишасти хабарӣ эълон карданд. Аммо ҳукумати Толибон дар бораи додуситад бо Тоҷикистон шумораҳои дигарро пахш кардааст.
Лутфулло Ҳасанзода, як масъули Хадамоти гумрук ба хабарнигорон гуфт, дар шаш моҳи соли 2024 Тоҷикистон ба Афғонистон ба 42,4 млн доллар мол содир карда, ба 3,5 млн доллар аз он кишвар маҳсулот овардааст. Ҳасанзода афзуд, ҳаҷми додуситад бо Афғонистон назар ба нимаи аввали соли гузашта қариб 23 млн доллар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин мансабдори гумрук, Тоҷикистон ба Афғонистон асосан соруҷ ё семент, мева ва сабзавот, барқ ва ангиштсанг фурӯхтааст. Аз он кишвар ба Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ овардаанд.
Аммо Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон дар бораи тиҷорат бо Тоҷикистон рақамҳои дигарро эълон кардааст. Абдусалом Охунзода, сухангӯйи ин вазорат ба телевизиони “Тулуъ нюс” гуфтааст, Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи имсол ҳамагӣ 30 млн доллар додугурифт доштанд. Ҳол онки ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми тиҷоратро дар шаш моҳ 46 млн доллар гуфт.
Ба гуфтаи Охунзода, дар моҳҳои январ-июли имсол Афғонистон ба Тоҷикистон 8 млн доллар содирот кардаву ба 22 миллион доллар мол ворид кардааст.
Баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон, ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад. Душанбе аз мунтақидони Толибон дар минтақа аст. Аммо сарфи назар аз ин, тиҷорат миёни ду кишвар, бахусус интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба фаъолияти 5 бозори наздимарзӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон иҷозат доданд. Ин бозорҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе кор ва шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон дар онҳо хариду фурӯш мекунанд.