Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири "Сомониён" чӣ мешавад?


Мактаби "Сомониён"
Мактаби "Сомониён"

Сано Ҳайдарӣ хатмкардаи "Сомониён", ягона мактаби муҳоҷирон ва паноҳандагони Афғонистон дар Душанбе аст.

Тақдири норӯшани ин мактаб ӯро нигарон карда. Мегӯяд, бист сол пеш ҳамроҳи хонаводааш дар Тоҷикистон паноҳанда шуд ва маҳз ҳамин мактаб буд, ки таҳсил карду имрӯз донишҷӯйи Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорист.

“Агар ин мактаб баста шавад, барои хонандагон мушкили зиёд эҷод мекунад. Мисли он ки дар Афғонистон табақаи занон бесавод монданд, дар ҳамин ҷо низ чунин мешавад. Аз ин рӯ, бисёр ташвишовар аст. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Вазорати маориф умедвор ҳастем, ки барои мо кумаку ёрӣ кунад дар ин арса,” – гуфт Сано Ҳайдарӣ рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ.

Мушкил - пешниҳоди ҳуҷҷат

Мактаби “Сомониён” дар соли 2001 бо қарордоде миёни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Афғонистон таъсис ёфт. То замони ба дасти “Толибон” гузаштани ҳукумати Афғонистон дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирону паноҳандагони афғонистонӣ таҳсил мекарданд. Пас аз 23 сол ин мактаб барои дубора гузаштан аз “аттестатсия” ва дарёфти иҷозаномаи ниҳодҳои Тоҷикистон дучори мушкил шудааст.

Муҳаммадтоир Саидзода, мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф, рӯзи 2-юми август гуфт, як мушкили мактаб пешниҳоди “ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ аст”.

Дар моҳи октябри имсол муҳлати эътибори иҷозатнома ё парвонаи кори мактаб ба поён мерасад ва дубора бояд бастае аз ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад. Ин мактаб бар асоси меъёри вазорати пешини маорифи Афғонистон кор мекард. Ҳоло ба далели эътироф нашудани ҳукумати “Толибон” аз сӯйи Тоҷикистон робитае бо вазорат надорад.

Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ки мактаб дар қароргоҳи ин сафорат аст, дар суҳбати бидуни микрофон мушкили “Сомониён”-ро ҳалшаванда хонд. Мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, онҳо барои ҳалли мушкили мактаб ба сафир пешниҳод додаанд.

“Онҳо ҳанӯз ба мувофиқа нарасиданд. Мо пешниҳод кардем, ки кори муассиса дар доираи меъёрҳои давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ин чизро ҳанӯз қабул накарданд. Агар қабул кунанд, ягон монеа намешавад. Барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои таълимии онҳо пурра ба меёърҳои мо мувофиқат кунанд. Дар он ҳолат ин мушкилӣ аз байн меравад,” -- гуфт Саидзода.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тақдири "Сомониён" чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

"Барои баргаштан ба Ватан ва..."

Сарфи назар аз тақдири норӯшани оянда устодони ин мактаб бо ин умед, ки қазия мусбат ҳал мешавад, машғули пазируфтани донишомӯзони нав ҳастанд.

Баъди ба дасти “Толибон” гузаштани ҳукумат дар Афғонистон ин мактаб ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шуд. То ин вақт пули иҷораи мактабро Вазорати маорифи ҳукумати пешини Афғонистон мепардохт. Сафорати Амрико дар Душанбе то Наврӯзи имсол пули дусолаи иҷораи онро дод, аммо ба далели қарздорӣ соҳибмулки бино дарвозаи мактабро муҳр зад.

Мушкили дигари мактаб, ин аст, ки ба далели эътироф нашудани низоми “Толибон”, аттестат ё мадраки хатмкардаҳои ин мактабро ду сол аст Тоҷикистон эътироф ва баробарарзишӣ намекунад.

Тоҷикистон ба фарзандони муҳоҷирон ва паноҳандагони афғонистонӣ иҷоза додааст, ки дар мактабҳои давлатии ҳамагонӣ омӯзиш бубинанд. Сулаймон Суруш, шаҳрванди Афғонистон ва хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, “барои баргаштан ба Ватан ва ҳифзи ҳувияти худ ва фаро гирифтани дониш аз рӯйи низоми таълимии Афғонистон, афғонистониҳо бештар мойиланд дар мактаби “Сомониён” таҳсил кунанд.”

Тоҷикистон ҳар сол то 50 бурсияи таҳсилӣ барои Афғонистон ҷудо мекунад, ки баъди ба қудрат расидани “Толибон” се сол боз миёни хатмкардаҳои мактаби “Сомониён” тақсим мешавад. То соли гузашта мактаби “Сомониён” 260 донишомӯз дошт, имсол бо зиёд шудани теъдоди паноҳандагону муҳоҷирони афғонистонӣ шумори онҳо аз 400 нафар гузаштааст. Ҳамаи онҳо аз ояндаи норӯшани ин мактаб нигаронанд.

XS
SM
MD
LG