Як модар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз тариқи додгоҳ аз писараш алимент ё кӯмакпулии ҳатмӣ талаб намуд. Додгоҳ ҳам талаби ӯро қонеъ намуд ва аз писар талаб кард, ки ҳар моҳ 70 сомонӣ кӯмакпулиро ба дасти модараш бидиҳад.
Сангин Мирзоева, пиразани барҷомондаи 82-сола, ки панҷ сол пеш аз пои рафтан мондааст, мегӯяд, писари калонияш, ки умеди дил ва ба қавле такягоҳаш буд, ӯро бесарпаноҳ гузошт ва бо вуҷуди тавонмандӣ ба ӯ кумак намекард. Ин буд, ки ӯ ба додгоҳ муроҷиат кард ва додгоҳи ноҳияи Қубодиён ҳукм кард, ки ҳар моҳ писар ба модар алимент ё кӯмакпулии ҳатмӣ дар ҳаҷми 70 сомонӣ пардохт кунад.
Дар аризааш модар моҳе 300 сомонӣ кӯмакпулӣ хоста буд. Сангин Мирзоева дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Маошам диҳад, нафақа диҳад. Дар хонаам нишастааст, бояд кӯмакам кунад. Мунтазир ҳастам, мариз шудаам. Манро парасторӣ намекунад, дигар дасту пои гиро надорам, ки кор кунам. Худам ба суд рафтам, барои ман нав пул доданд, аммо 70 сомонӣ чӣ мешавад? Бояд пули зиёд медод. Чун худаш кор мекунад ва бачаҳои коргар дорад. Калонаш кардам, хонадораш кардам, вале ба ман аҳамият намедиҳад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сангин Мирзоева, ки дар ҷавонӣ шавҳарашро аз даст додааст, ба танҳоӣ шаш фарзандро ба воя расонид, аммо дуи онҳо дар ҷанги дохилӣ кушта шуданд ва чаҳор нафари дигар дар қайди ҳаётанд. Вай умед дошт, ки ду духтару ду писари бузург кардааш дар пирӣ дасташ мегиранд ва ба қавле хор намешавад.
Ӯ ҳоло бо фарзанди хурдияш - Муддарис Шамсиддинов зиндагӣ мекунад. Ҳарду духтараш низ дар ин манзил ба сар мебаранд, чун шавҳаронашон онҳоро талоқ доданд ва маҷбур шудаанд ба манзили падарӣ баргарданд. Ин буд, ки Сангин Мирзоева аз болои писари бузургаш Низом Шамсиддинов ба додгоҳ муроҷиат кард.
Низом Шамсиддинов: Амри додгоҳро иҷро мекунам
Низом Шамсиддинов, писари хонум Сангин Мирзоева, ки баъди ҳукми додгоҳ ҳар моҳ ҳамакнун ба таври ҳатмӣ 70 сомонӣ маблағро ба дасти модараш медиҳад, мегӯяд, қарори додгоҳро оромона қабул кард ва аз рӯи талаботи додгоҳ амал мекунад. Вай гуфт, ҳар моҳ ин миқдор пулро ба дасти модар медиҳад. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё ба интиқодҳои эҳтимолӣ аз ғайриахлоқӣ будани водорсозии писар ба пардохти кӯмакпулии модар чӣ муносибат дорад? - Шамсиддинов гуфт, нигоҳубини модар қарзи фарзандӣ аст ва ӯ қарори додгоҳро бечуну чаро иҷро хоҳад кард.
Модаре, ки шаш фарзандро бузург кард...
Ин дар ҳолест, ки писари дуюми хонум Мирзоева - Мударрис Шамсиддинов мегӯяд, модараш маҷбур шуд писари калониро ба додгоҳ диҳад, чун тамоми хонавода дар шароити сангин ба сар мебаранд. Вай гуфт, ҳоло ӯ танҳо парастори модари пир, ду хоҳари бева ва фарзандони онҳо аст. Айни замон, ӯ тасмими рӯёнидани алимент ё кӯмакпулии ҳатмиро барои нигоҳубини модар "як шармандагӣ" барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ва маҳаллаашон унвон кард.
Райҳонгул Бобиева, як зани бознишаста, ки ҳоло чаҳор фарзандаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳарчанд модар кори хубе накардааст, ки писарро ба додгоҳ додааст, вале рафтори сангдилонаи писарро ҳам маҳкум мекунад".
Ин зани бознишаста мегӯяд, ки модар ба умед фарзанд ба дунё меорад ва орзу дорад, ки дар пирӣ асои дасташ мешавад: "Наход, ки фарзанд ба модар алимент диҳад, модар бо умед фарзанд таваллуд мекунад, наход модарро танҳо гузорӣ ва модар алимент талаб кунад? Ин магар аз рӯи одамгарӣ аст? Намедонам, ки оқибати кор чӣ мешавад, вале ҳеҷ интизор надоштам, ки ҳамин кор мешавад, бори аввал мешунавам, Худованд ба ин фарзанд тавфиқу инсоф диҳад."
Се мавриди рӯёнидани алимент аз фарзандон дар Қубодиён
Саидмаҳмуд Гулзода, додраси додгоҳи ноҳияи Қубодиён, ки парвандаи баҳси модар ва писарро баррасӣ кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сеюмин мавриди рӯёнидани алимент ё кӯмакпулии ҳатмӣ ба волидони пир дар вилояти Хатлон будааст.
Ҷаноби Гулзода гуфт, "падару модарон шикоят кардаанд. Суд баррасӣ кард. Аз ҷумла Сангин Мирзоева, ки ду фарзандаш кӯмакаш намекарданд, нисбати яке аз онҳо шикоят кард ва додгоҳ талаби ӯро ба назар гирифт."
Масъулони додгоҳи ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки зимни баррасии ин парванда ҳолати Низом Шамсиддиновро, ки соҳибкори инфиродӣ аст, ба назар гирифта ва дар ҳаҷми 70 сомонӣ алимент таъин карданд.
Соли гузашта Хуррам Рӯзиев, як сокини деҳаи Қиёт аз рӯи чаҳор фарзандаш ба додгоҳ шикоят карда ва аз ҳар яки онҳо 80 сомонӣ моҳона алимент ё кӯмакпулии ҳатмӣ ситонидааст.
Маҷбурӣ ё огоҳӣ аз ҳуқуқ?
Мақомоти ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки агарчи бенаво мондани волидайн амали зишт ва нобахшиданӣ аст, вале шикояти волидайн аз болои фарзандони худ аз огоҳии ҳуқуқӣ, ба хусус миёни пирону афроди барҷомонда дарак медиҳад.
Қонуни маъмурии Тоҷикистон фарзандони қобили меҳнатро муаззаф кардааст, ки ба падару модари барҷомонда, ки ғайри қобили меҳнат ҳастанд ва наметавонад зиндагияшонро пеш баранд, бояд алимент пардозанд. “Қонуни Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” низ, ки дар чанд соли пеш қабул гардид фарзандонро муваззаф кардааст, ки волидайнро парасторӣ кунанд.