Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронсолон ба чӣ ниёз доранд - меҳру шафқат, пул ё ҳар ду?


Бошандагони хонаи пиронсолон дар Тоҷикистон минбаъд танҳо то 20 дарсади нафақаи хешро метавонанд дарёфт кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита қарореро содир кард, ки тибқи он куҳансолон вобаста ба шакли нафақа аз 10 то 20 дарсади онро мегиранд.

Дар қарори ҳукумат, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр ба нашр расонд, гуфта мешавад, куҳансолоне, ки нафақаи суғуртавӣ (яъне нафақае, ки пас аз собиқаи корӣ дода мешавад) мегиранд то 20 дарсади он ва ба онҳое, ки гирандаи нафақаи иҷтимоӣ ҳастанд 10 дарсади он дода мешавад.

Аммо бошандагони хонаи пиронсолон мегӯянд, заррае аз ин қарори Ҳукумат нигарон нестанд, чунки дар ин қисмати зиндагӣ аз пул дида онҳо бештар ба шафқату меҳрубонӣ ниёз дорад. Абдулваҳҳоб Расулов, бошандаи яке аз хонаи пиронсолон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар ин хона барои афроди солманди мисли ӯ ҳамаи шароитҳо муҳайё шудааст: “Шароити мо хуб аст. Хурду хӯрок, ҷойи хоб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат низ хуб нигоҳу бин мекунанд”.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар ин шароит ба нафақа ва ё пули иловагӣ ниёз надорад, танҳо аз бемеҳриву бешафқатии пайвандонаш азоби рӯҳӣ мекашад.

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори телевизиони Тоҷикистон низ, ки дар мавриди зиндагӣ дар хонаи пиронсолон филми ҳуҷҷатӣ омода кардааст, мегӯяд, бошандагони хонаи куҳансолон ба пул чандон эҳтиёҷ надоранд.Ӯ мегӯяд, ки “давлат харҷи ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии пиронро ба ӯҳда дорад. Хурду хоб, истироҳат ва табобатро. Баръакс мо иттилоъ пайдо кардем, ки баъзе бошандагони ин гуна хонаҳо аз чашми садорат пинҳонӣ рафта майнӯши мекунанд. Бинобар ин, беҳтар аст давлат пули нафақаи онҳоро барои нигоҳубинашон сарф кунад.”

Тибқи пажӯҳишҳо, шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нигоҳубини куҳансолону кӯдакон, хосатан волидайн қарзи фарзандӣ шумурда мешуд. Фарзадандоне, ҳам ки дар парастории волидайни пиронсоли хеш кӯтоҳӣ мекарданд, аз сӯи ҷомеаи мавриди накуҳиш қарор мегирифтанд. Аммо пажӯҳишҳои охир ҳокист, ки ин “табуҳои иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ шикаста мешаванд ва шумори пиронсолоне, ки рӯзҳои охири ҳаёташонро дар хонаи куҳансолон сипарӣ мекунанд, ба оҳистагӣ меафзояд.

Созмони байналмилалии Help Age International, ки вазъи бознишастагонро дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ мекунад, мегӯяд, суннати эҳтиром ва парастории волидони пиронсол дар Тоҷикистон тадриҷан аз байн меравад. Сабаби аслии ин “раванд”-ро пажӯҳишгарони ин созмон ба муҳоҷирати корӣ рабт додаанд.

Ба гуфтаи ин созмон, муҳоҷирони кори тоҷик солҳо дар кишвари муҳоҷират мемонад ва парастории зан ва кӯдакони онҳо ба дӯшӣ волидони куҳансолашон меафтад. Муаллифони ин пажӯҳиш менависанд, ҳодисаҳое низ кам нестанд, ки муҳоҷирон дар он ҷо оилаи нав бунёд карда падару модари хешро фаромӯш мекунанд.

Саодат Комилова, роҳбари Маркази герантологии Осиёи Миёна дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар раванди бетаваҷҷуҳии фарзандон дар нисбати волидон ба ин ҳамин суръат идома кунад, сарбории парастории бознишастагон ба дӯши давлат меафтад: “Агар пеши роҳи ин раванд гирифта нашавад, дар оянда нигоҳубини пиронсолон дар марказҳои алоҳида барои давлат мушкил мешавад. Чунки ин хароҷоти калон дорад. Айни чунин ҳолатро мо дар бисёре аз давлатҳои Аврупо мушоҳида мекунем. Ҳатто барои барои давлатҳои пешрафта парастории бознишастагон аз ҳисоби будҷа мушкил аст”.

Саодат Комилова мегӯяд, ки шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Солҳои қабл бештари бошандагони хонаи пиронсолон аз шумори рустаборҳо ва дигар ақалиятҳои қавмӣ буданд, аммо ҳоло дар миёни онҳо тоҷиктаборон ҳам зиёд шудаанд,

Дар Тоҷикистон бинобор иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ беш аз 1020 нафар афроди аз синни 60-сола боло дар хонаи пиронсолон ба сар мебаранд. Ҳоло дар кишвар 8 хонаи пиронсолони ҷумҳуриявӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG