Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрати 20-сола дар ... Хонаи кӯҳансолон (ВИДЕО)


Сукунати ҷавони 20-сола дар хонаи пиронсолон ин тасаввурро, ки ин макон танҳо барои пиронсолон аст, мешиканад. Аммо инки Шӯҳрат чигуна ба Хонаи пиронсолони Душанбе омадааст, як қиссаи хеле ҳузнангез аст.

Шӯҳрати 20-сола аз ҷумлаи панҷ ҷавонест, ки макони зисташон хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе шудааст. Ин ҷавононро бештар орзуҳои пиршуда ва ҳадафҳои амалиношуда бо пиронсолон ҳамхона кардааст.

Шӯҳрат, ки аз хурдӣ мактаб нарафтааст, хондаву навишта наметавонад ва ба ҷуз исми чанд сокини кӯҳансоли ин макон чизеро дар хотирааш ҳифз накардааст. Тасаввураш аз дунёе, ки ӯ зиндагӣ мекунад, аҷиб аст. Ӯ аз баҳсҳои сиёсиву иҷтимоӣ, муҳоҷират ба Русияву таҳсил дар Амрико ҳеҷ тасаввуре надорад. Пойтахти дунёи ӯ - идораи директори Хонаи пиронсолон аст ва марзҳояш - деворҳои баланди ин муассиса. Пушти ин деворҳои баланд чӣ мегузарад, Шӯҳрат хабар надорад.

Достони зиндагии ӯ бо як ҷумла хулоса мешавад, ки ӯ гӯё падару модаре доштааст, вале пас аз ҷудо шудан онҳо ӯро ба ҳоли худаш раҳо кардаанд. Ин ҷумла, ки аз пирони ҳамхонааш шунидааст, оғозу анҷоми достони то хонаи пиронсолон расиданаш ҳаст ва дигар ӯ чизеро ёд надорад. Ӯ дар хурдсолӣ мехост мисли дигар тифлакон бозӣ кунад, параду ҷаҳад ва аз ҳама шодиву фараҳи кӯдакӣ бархӯрдор шавад, аммо ин ҳама насибаш нагаштааст. Танҳо тибқи шунидаҳояш медонад, ки 20 сол пеш дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон аз модар маъюб ба дунё омадаасту пойҳояш дуруст кор намекунанд.

Ҷавони 20-сола дар Хонаи кӯҳансолон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

“Намедонам, маро ду нафар оварданд ба инҷо. Баъд фаҳмидам, ки модарам аз падарам ҷудо шудаву аз надоштани шароит модарам аз ман даст кашидааст. Чанде пеш як духтар омад ва гуфт, ман апаи туам. Вале дигар чизе намедонам. Барои ман мушкил аст зиндагӣ дар хонаи пиронсолон. Мехоҳам дар ягон мактаб-интернат зиндагӣ кунам, хондану навиштанро омӯзам. Ҳамроҳи ҳамсолони худам бошам. Инҷо барои ман тамоми шароитро додааст, аммо ман зиндагии дигареро орзу дорам,” - мегӯяд Шӯҳрат.

DVD-и хурдакак ягона ҳамрозу ҳамроҳи Шӯҳрат аст. Ҳар рӯзи ӯ бо тамошои филму наворҳои мухталиф дар ин дастгоҳи пахши видео шом мешавад. Ин гаронарзиштарин чизе, ки зиндагии Шӯҳрати маълулро як каме рангин мекунад, тӯҳфаи холааш будааст.

Воқеан, баробари пеши чашм овардани Хонаи пиронсолон афроди солхӯрда бо мӯю риши сафеду рӯи пурожанг пеши назар намуддор мешаванд. Ва маълум аст, ки дар ин муассисаҳо бояд афроди пиронсоле, ки наздиконашон аз онҳо даст кашидаанд ё касе надоранд, нигоҳубин шаванд. Вале Шӯҳрат ва чаҳор ҳамсоли дигари ӯ бо амри сарнавишт дар айёми ҷавонӣ бошандаи хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе шудаанд.

Мунаввара Сатторова
Мунаввара Сатторова

Мунаввара Сатторова, раҳбари Хонаи пиронсолон низ фазои инҷоро барои зиндагии Шӯҳрат ва ҳамсолони ӯ муносиб намедонад. Ӯ мегӯяд, аз сабаби он ки ин ҷавонон нуқсонҳои ҷисмонӣ доранд, онҳоро муваққатан иҷозат додааст, ки инҷо ба сар баранд. Раҳбари Хонаи пиронсолон қиссаи чигуна ба инҷо афтодани Шӯҳратро чунин нақл кард: “Як тирамоҳи сард буд, ҷавонмарде ба мо муроҷиат кард ва гуфт, як писарбачаи маъюбро аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пайдо кардааст ва намедонад, чӣ кор кунад? Ҳуҷҷате бо худ надошт. Танҳо фаҳмидем, ки аз Қабодиён аст. Дар аввал номаш Рамазон будааст, вале мо то дақиқ кардани шахсияташ Шӯҳрат номаш мебурдем, ва ҳоло инҷо ҳама ӯро бо ҳамин исми Шӯҳрат мешиносанд. Чанд рӯз пеш баъди кӯшишҳои зиёд ба ӯ шиноснома гирифтем. Бояд акнун ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ бигирад. Бачаи хуб асту ақли солим дорад, вале афсӯс, ки бидуни хатту савод мондааст.”

Сарнавишти 4 ҷавони дигар дар Хонаи пиронсолони Душанбе низ тақрибан шабеҳи тақдими Шӯҳрат аст – ҳамаи онҳо нуқси ҷисмонӣ доранд ва волидонашон бо сабаби тангдастӣ аз онҳо даст кашидаанд.

Теъдоди расмии маъюбон дар Тоҷикистон ба 164 ҳазор нафар мерасад, ки 30 дарсади онҳоро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар даврони Шӯравии пешин барои бесарпаноҳ намондану роҳгум назадан дар зиндагӣ аз сӯи давлат барои ин гурӯҳи осебпазир барномаҳои вижае амалӣ мешуд ва онҳо баъд аз берун шудан аз парваришгоҳ дар масъалаи шуғлу манзил имтиёзҳо доштанд. Аммо аксари хатмкардаҳои имрӯзаи мактаб-интернатҳо ва онҳое, ки бекас мондаанд, аз мушкили манзили зист азият мекашанд ва намедонанд, бо ин мушкили худ ба куҷо муроҷиат кунанд. Давлати Тоҷикистон ба маҳзи дасти кӯтоҳи молиаш тавони таъмини ҳамаи ин мардум бо манзили зистро надорад.
Айни видео дар Ютюб

XS
SM
MD
LG