Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 6 писари оилаи Бегаковҳоро маҷбур кард, ки ҳар яке ба падари бознишастаю маъюбашон ба андозаи 80 сомонӣ алимент супоранд. Ин шаш писар, бо вуҷуди соҳиби хонаю дар, тиҷорату фурӯшгоҳҳо буданашон, 12 соли охир ба падари танҳояшон ягон кӯмак накардаанд.
Наимов, раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳритус, гуфт, ҳамакнун писарон муваззафанд, ки ҳар моҳ ҷамъан 480 сомонӣ, муодили 100 доллари амрикоӣ ба падар кӯмакпулии ҳатмӣ бипардозанд.
Азоби рӯзгори бобои Сибғат, ба гуфтаи худаш, пас аз реҳлати ҳамсараш Рисолат оғоз шуд. Пирамард ба бемории тӯлонӣ гирифтор ва дар бемористон ҷарроҳӣ гардидааст, аммо сарфи назар аз бистарӣ шуданаш дар бемористон, нафаре аз фарзандонаш дар муддати бемориаш ба аёдати ӯ наомада ва барои табобаташ кӯмаки молиявӣ нарасонидааст. Пирамард аз ночорӣ бо кӯмаки ҳамсояҳо зани бефарзандеро ба никоҳаш даровардааст. Аммо фарзандонаш ба ҷойи аз зани падар розӣ бошанд, ӯро низ мавриди таҳқиру дашномҳои қабеҳ қарор дода, аз хонаи падар берун кашидаанд.
Бобои Сибғат, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ ғамхорию навозиши фарзандонро надида ва аз онҳо «дил шуста буд», хост, ба хонаи пиронсолону бекасон рафта, дур аз таънаю маломати фарзандон умр ба сар барад, аммо суроғаи чунин манзили пиронсолонро пайдо накард. Фарзандонаш ҳатто 6 000 доллари амрикоӣ маблағе, ки бобои Сибғат барои «гӯру чӯб»-и худ, барои рӯзи мабодо ҷамъ оварда буд, бо роҳи фиреб гирифта, барои пешбурди фаъолияти соҳибкориашон сарф карда, барнагардонидаанд. Ҳоло, ки ӯ маъюбу бознишаста шудааст, ҳамагӣ 105 сомонӣ нафақапулӣ мегирад ва табиист, ки ба рӯзгораш кифоят намекунад. Биноан, косаи сабри мӯйсафед лабрез шуда, ночор ба суди ноҳия аз болои фарзандонаш шикоят бурд, то суд онҳоро барои супоридани алимент водор кунад.
Ба иддаои намояндаи додгоҳи ноҳияи Шаҳритус, ин нахустин мурофиаи марбут ба алиментситонии падари бознишаста аз фарзандони болиғу қобили кор мебошад. Ҳарчанд бар асоси моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон "…фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд", дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, одатан, волидони бознишаста ҳатто агар мавриди муроқибату ғамхории фарзандон қарор нагиранд ҳам, талош мекунанд, ки атрофиён аз ин иттифоқ хабар наёбанд, то аҳли ҷомеа фарзандони ин хонаводаро «радди маърака» накунанд.
Навор аз бойгонӣ: Тамоюли даст кашидани фарзандон аз волидайн
Бобои Маҳмадӣ, ки соҳиби се писару чор духтари болиғ аст, мегӯяд, ҳарчанд фарзандонаш ӯро ҳатто суроғ намекунанд, ҳеҷ гоҳе дар бораи шикоят бурдан ба додгоҳ андеша накардааст. Вай, ки феълан дар хонаи пиронсолони бепарастор ба сар мебарад, мегӯяд, "каме зиндагӣ кунам дар ҳамин хонаи пиронсолон, ҳамин ки шароиташон шуд, шояд омада маро ҳамроҳашон баранд." Дар хонаҳои пиронсолони бекасу танҳо, ки ҳоло дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон арзи ҳастӣ мекунанд, аксари бошандагонаш низ соҳиби фарзанд ҳастанду ба қавле аз меросбарони худ малоли хотир доранд.
Шарофиддин Неъматов, намояндаи маъмурияти хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар, гуфт, "ин ҷо одамони фарзанддор ҳам зиёданд. Шароитамон нест гуфта, падару модарашонро оварда мепартоянд. Суроғ намекунанд. Мо аз онҳо хуб муроқибат мекунем, аммо дар хонаи худ, дар муҳити оила зиндагӣ кардан лаззати дигар дорад."
Дар ҳамин ҳол, ҷомеашинос Давлати Шоҳэтибор бо такя ба талаботи қисми 1-и моддаи 88-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, гуфт, фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, волидони ғайри қобили меҳнатро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. "Аз нуктаи назари Ислом ҳам, ки аксари кулли шаҳрвандони кишварамон аз ин дин пайравӣ мекунанд, парасторӣ ва таъмини иҷтимоии волидони пиронсол барои фарзандон қарзу фарз маҳсуб мегардад",-гуфт Шоҳэтибор.
Қобили ёдоварист, ки соли 2010-ум низ додгоҳе дар Хатлон аз фарзанди як марди солманд барои нигоҳубини падари мӯйсафедаш алимент ситонида буд. Ҷомеашиносон ва аҳли мазҳаб дар мавриди ин гуна иттифоқҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона изҳор медоранд, тарбияи нокомил ва заифи фарзандон гоҳе сабаб мешавад, ки онҳо падару модарро дар дами пириашон аз сар соқит мекунанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!