Шириншоҳ Қушқалиеви 84-сола мисли даҳҳо афроди солхӯрдаву бекаси дигар меҳмони ҳаррӯзаи Маркази пиронсолони пойтахт аст. Ӯ ҳар нисфирӯзӣ барои хӯрок хӯрдан ва сӯҳбат бо ҳамтақдиронаш ба ин макон меояд. Бо он ки ин мӯйсафед падари як духтар аст ва чанд тифли ятиммондаи амакашро ба воя расонидааст, ҳоло касе надорад, ки барояш ғизои гарм таҳия кунад ва аз ӯ муроқибат намояд. Духтари мӯйсафед дар Боку ба сар мебарад ва фарзандони амакаш ҳар кадом аз пайи зиндагии худ шудаанд.
Бобои Шириншоҳ мегӯяд, “ҳоло кӣ ба кӣ даркор аст? Меҳру муҳаббат дар инсонҳо намондааст. Ман қарзи худро иҷро кардам, онҳоро ба воя
расондам, ба роҳи рост ҳидоят кардам, вале имрӯз танҳо мондаам. Ман аз онҳо нон талаб надорам, танҳо як сухани хуб мехоҳам.”
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, гоҳо аз танҳоӣ дил аз зиндагӣ меканад, зистан намехоҳад, аммо боз ҳам худро тасаллӣ медиҳад, ки рӯзе Худо дар дили онҳое, ки замоне дар домонаш ба воя расондааст, раҳм меандозад ва дасти ӯро дар ин сари пирӣ мегиранд.
Тақдири Равил Савсангулови 54-сола, ки ба далели дарди ҷигар аз қобилияти корӣ маҳрум шудааст, низ шабеҳи сарнавишти бобои Шириншоҳ аст. Ӯ ҳам бо сад умед яккаписарашро ба воя расонда буд, аммо 14 соли пеш фарзандаш бо хонаводаи худ ба Русия кӯч баст ва падарро ба кунҷи фаромӯшӣ супурд. Раҳим Савсангулов мегӯяд, ки ”ман аз дарди ҷигар ранҷ мебарам, рӯзамро дар бемористонҳо мегузаронам. Ҳолам хеле бад аст. Ба нигоҳубин ниёз дорам. Дунё бе одамони хайрхоҳ нест, дасти ёрӣ дароз мекунанд. Вале писарам боре ҳам аз аҳволам намепурсад.”
Афзоиши чунин тақдирҳо ва ба манзури бесаробон намондани волидайн дар замони пирӣ мақомоти Тоҷикистонро водор ба он кард, ки дар қонуни асосии кишвар банди наверо ворид кунанд. Яке аз тағйироте, ки дар таърихи 22 май дар раъйпурсии саросарӣ ба манзури тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон гузошта мешавад, марбут ба қисми дуюми моддаи 34 буда, фарзандони болиғу қобили меҳнатро ба нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мекунад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон дар шарҳи зарурати ворид кардани ин тағйирот гуфт, ҳоло бо вуҷуди суннатҳои миллӣ, ки нигоҳубини волидони пирро аз вазифаҳои аслии фарзандон медонад, фарзандон аз ғамхорӣ ба волидон шона холӣ мекунанд ва бори падару модари пиршудаи худро ба дӯши давлат мегузоранд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода аз ҷумла гуфт, ки “бар пояи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар хона-интернатҳои кишвар беш аз ҳазор нафар афроди аз 60-сола ба боло парасторӣ мешаванд, ки аз ин теъдод 633 нафарашон мард ва 384 нафарашро занон ташкил мекунанд. Боиси таассуф аст, ки шумораи чунин афрод ҳамасола афзоиш меёбад.”
Бештар кардани масъулияти фарзандон дар баробари парастории волидайн бо роҳи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба хонаи пиронсолон супурдани волидайни кӯҳансол як падидаи тасаввурнопазир буд. Ҷомеашиносон пирӯзии манфиатҳои моддӣ бар маънавиро, ки боиси коҳиши арзишҳои инсонӣ ва оиладорӣ шудаанд, аз решаи аслии тамоюли нохуби даст кашидан аз волидон медонанд.
Механизми табиқи ин қонун ҳоло эълон нашудааст ва маълум нест, ки ҷазои фарзандоне, ки аз баҳри падару модари худ гузаштаанд, чӣ хоҳад буд. Аммо чанд соли пеш Тоҷикистон "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд"-ро қабул кард, ки бар пояи он, садҳо падару модар барои иҷро накардани масъулияти худ ҷарима шуданд.
Қонун дар бораи масъулияти фарзандон дар нигоҳубини волидайн дар пиронсолӣ дар ҷомеа вокуниши яксон надорад. Бархе агар ин иқдомро дар шароити феълӣ ногузир мешуморанд, аммо теъдоди дигар мегӯянд, ки беэҳтиромӣ нисбати волидон бояд ба виҷдони фарзандон ҳавола шавад.
Аммо ин ҳама қаҳрамонҳои солхӯрдаи мо танҳо як орзу доранд, орзуҳои кӯдакона, меҳрубонӣ, навозиш ва сухани хуш, аз фарзандон ва наздикон. Он чизе ки дар пирӣ қимматар аз ҳар сарвату сармоя аст.