"Тақрибан панҷ сол шудааст, ки ба хона нарафтаам. Ба дараш қуфл задаанд. Ба маъракаҳо низ роҳ намедиҳанд. Ҳамин хел рӯзгор дорам. Азоб аст, азоб..." - нақл кард ӯ.
Чаҳор фарзанди Нигор Ашӯрова бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон зиндонӣ шудаанд, яке аз онҳо аз бемории шуш дар маҳбас фавтидааст. Ба қавли ӯ, мардуми Қавоқ вайро ҳам дар ин кор айбдор медонанд, чун модарашон аст.
Рафтори фарзандону дарбадарӣ шавҳараш Ғоибназарро сактаи қалб кард ва кушт. Бибии Нигор баъди сари шавҳар дар хонаи домодаш дар деҳаи Қозӣ зиндагӣ мекунад. Писараш Маҳмадалӣ баъди чаҳор сол ва Тӯйчиву Сайдамирро баъди дувуним сол озод хоҳанд кард. Ӯ аъмоли фарзандонашро маҳкум мекунад, аммо намефаҳмад, чаро мардуми деҳа аз ӯву шавҳараш ба хашм омадаанд?
Нигор Ашӯрова чанд бор аз духтараш хостааст, ки ӯро ба хонаи пиронсолон барад, чун ба гуфтаи ӯ зиндагӣ дар манзили домод барояш осон нест. "Ба дари домод меравӣ, абрӯяшро гиреҳ мекунад. Намедонам, ба куҷо биравам? Як рӯз меистӣ, даҳ рӯз меистӣ. Ба хонаи писарам ба шаҳр рафтам, баъди дидани зиндагии машаққатбори онҳо баргаштам," - мегӯяд ӯ.
Чаҳор сол баъд аз зиндонӣ шудани фарзандонаш, Бахтиёр, писари дигараш вақти шикор ҳалок шуд. Дар ҳама ҳодисаҳое ки ба сари ин зан омадааст, ӯ амри қазову қадарро мебинад. Аммо аз мақомот низ домангир аст, ки пеши роҳи афғонҳоеро нагирифтанд, ки ба қишлоқ омадурафт мекарданд.
Ҳоло ба ин зан писари муҳоҷираш Шерафган ёрии молӣ мекунад. Ӯ интизори рӯзе аст, ки бо фарзандонаш ба хонаи худаш ба деҳаи Қавоқ баргардад. Вай бовар дорад, ки мардум ҳам баъди адои ҷазои фарзандонаш ба ӯ ва хонаводаи ӯ назарашонро тағйир медиҳанд.
Ноҳияи Шӯроободи собиқ дар марзи Тоҷикистон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб мерафт ва як замон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ таҳдид кард, ки аҳолии он рустоҳои наздимарзиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул мешаванд, аз онҷо мекӯчонад.