Аммо натоиҷи як пажӯҳиши тоза маълум кардааст, ки куҳансолон ҳам дар Тоҷикистон аз хушунат эмин нестанд ва гоҳо худро бе касу танҳо ва табъйизшуда эҳсос мекунанд.
Ҳамроҳой Юлдошева, пиразани 72-солаи тоҷик мегӯяд, аз издивоҷ бо ҳамсараш ба далели саломатӣ натавонист соҳиби фарзанд шавад ва ҳамкнун панҷ сол инҷониб дар хонаи пиронсолони Батоши ноҳияи Турсунзода ба сар мебарад: «Ман то ба нафақа баромаданам дар заводи ЖБК ва фабрикаи дӯзандагии Душанбе кор мекардам. Аз як ҷо 70 рубл ва аз ҷои дигар 11-рубл маош мегирифтам. Баъди давутозҳои зиёд ва нома навиштан ба Қаҳҳор Маҳкамов, дар маҳаллаи "Саховат"-и Душанбе соҳиби хона шудам. Аммо пайвандонам бо роҳи фиреб ин хонаро фӯрӯхта аз худ карданд ва ман ҳоло дар ин ҷо ҳастам.»
Хонум Юлдошева афзуд, дар байни бошандагони хонаи пиронсолон афроде, ки фарзандҳои зиндаву саломат доранд, кам нестан, вале пайвандонашон аз онҳо рӯ гардонидаанд. Ин ҳамсӯҳбати ман мегӯяд чанд моҳ қабл дар хонаи пиронсолон муйсафеде фавтид, ки ягона фарзандаш ҳатто дар рӯзи ҷанозааш ҳозир нашуд, вале масъулони хонаи пиронсолон ӯро бо риояи тамоми расму русумҳои мусулмонӣ дафн карданд.
Созмони Ҳелп Эйҷ дар Тоҷикистон охиран як пажӯҳиши махсусеро дар мавзӯи муносибат ба пиронсолон дар Тоҷикистон гузаронидааст, муайян карда, ки афроди кӯҳансол низ дар хонаводаҳо озору азият мекашанд. Бар пояи ин гузориш, дар Тоҷикистон нисбат ба кӯҳансолон хушунате мисли аз хона рондан, танҳо гузоштани эшон, нигоҳубини нодуруст, азхудкардани нафақаашон бидуни розигии эшон, таҳқир ва ҳатто лату куб раво дида мешавад. Аммо тибқи ин пажӯҳиш, дар аксари маврид бинобар шароити сахти зиндагӣ, набуди ҷои корӣ, муҳоҷират ва фақр фарзандон имкони нигоҳубини хуби волидайни кӯҳансоли хешро надоранд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омдааст, дар аксар оилаҳо куҳансолон, хусусан муйсафедҳо дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд ва дар фасли сармоя аз хунукиву бебарқӣ азият мекашанд, чунки аксарияти оилаҳо имкони гарм кардани якбора ду ҳуҷраро надоранд. Ҳамчунин куҳансолон аз набуди дорувор, нигоҳубини табибон ва хӯроки серғизо танқисӣ мекашидаанд.
Ҳилолиддин Собитов, роҳбари созмони Ҳелп Эйҷ дар Тоҷикистон мегӯяд, агар қаблан дар Тоҷикистон дар хонаҳои пиронсолон мардуми мусалмон ба вижа тоҷикон набуданд, ҳамкнун шумораи онҳо хеле зиёд шудааст: «Ҳоло ҳамин хел тамоюл давом дорад, ки агар пештар дар хонаҳои пиронслон мусулмонҳо, ба вижа тоҷикҳо вуҷуд надоштанд, аммо ҳоло ин қабил одамон бисёр шудаанд аз ҷумла тоҷикҳо низ ҳастанд.»
Ҳамчунин як тамоюли нави дигар ҳам ошкор шудааст, ки бо гузариш ба пардохти нафақа бо кортҳои плостикӣ аъзоёни дигар оила бе розигии худи куҳансолон нафақаи ӯро мегирифтаанд. Чунки дар аксари маврид пиронсолон аз кортҳои плостикӣ истифода карда наметавонанд ва онҳо ин коро ба пайвандони ҷавонтарашон вогузор карда рамзи махфии корташонро ба эшон мегӯянд. Дар натиҷа ин пайвандон ба таври ҳамешагӣ нафақаи бобову бибиашонро бидуни огоҳии эшон аз худҳ мекардаанд.
Аммо Эмом Сангинов, муовини вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, кӯҳансолон ҳаққ доранд аз «Амонатбонк» талаб кунанд то, ки нафақаи эшонро то ба хонаашон оварда расонад: «Агар нафақахӯр имкони то ба бонк омада гирифтани нафақаашоро надошта бошад, кормандони «Амонтабонк» ӯҳдадоранд нафақаи вайро то ба хонаашон бурда расонанд. Мо барои ин кор ба «Амонатбонк» маблағҳои калон ҷудо мекунем.»
Мувофиқи оморҳои тоза танҳо 5,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон ва ё ҳудуди 400 ҳазор нафари онро пиронсолон ташкил медиҳанд ҳастанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон кишвари ҷавонон шумурда мешавад. Агар аз як сӯ таваллуди зиёд сабаби ин ҳолат бошад, аз сӯи дигар бузургсолон хеле зуд мефавтанд. Як масъули давлат гуфт, пиронсолон як то се сол нафақа нагирифта, ҷаҳонро тарк мекунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 43 маркази нигоҳубини пиронсолон фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 3 ҳазор пиронсолон парасторӣ мешаванд.