Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъюбону барҷомондагони ноҳияи Панҷ: Чӣ ҳол доред?


Беш аз 200 сокини барҷомондаю бесарпаноҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба кӯмаки ройгони иҷтимоӣ ва парастории доимӣ даст ёфтанд.

Дар ин ноҳияи сарҳадии Тоҷикистон, ки дар 210-километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст, Маркази нави хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона таъсис дода шудааст, ки ба сокинони маҳаллии танҳою барҷомонда ё аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои молию равонӣ ва тиббӣ мерасонад.

Зайнура Маҳмадиева, мудири маркази мазкур, дар ин иртибот гуфт: «Дар маркази мо 200 нафари ниёзманд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миён ба 77 пиронсоле, ки фарзанд надоранд, хизматҳои иҷтимоӣ мерасонем. Дар соли 2012 ҳамагӣ қариб 43 ҳазор сомонӣ ба 601 нафар пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва маъюбон кӯмак расонида шудааст, ки ба ҳар яке 71 сомонӣ рост меояд. Ҳоло дар яке аз бонкҳои маҳаллӣ суратҳисоби вижа барои ироаи кӯмакҳои хайриявӣ кушода шудааст ва маблағе, ки аз шаҳрвандон ҷамъ мешавад, ба ҳамин хел одамони ниёзманд расонида мешавад.»

Зайнура Маҳмадиева - мудири Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона
Зайнура Маҳмадиева - мудири Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона
Ба гуфтаи З.Маҳмадиева, кормандони маркази кӯмаки иҷтимоӣ ба хонаҳои афроди маъюбу бекас рафта, дар таҳияи ғизо, рӯбучини манзил, шустани пироҳан ва анҷоми дигар заруратҳои эшон ёрӣ мерасонанд.

Хонум Нина Семёнова, ки нафари бознишаста ва бесарпаноҳ будааст, мегӯяд, дар ҳоле ки нафақапулиаш ночиз аст, вай ба кӯмаку ғамхории бештари мақомоти давлатӣ ниёз дорад. Вай афзуд: «150 сомонӣ маоши бознишастагӣ дорам. Ҳоло хизматрасонии коммуналӣ гарон аст, маблағи барқу хонапулиро диҳӣ, ҳамагӣ 30-40 сомонӣ боқӣ мемонад. Замони Шӯравӣ ба ин 150 сӯм имкони ба ягон истироҳатгоҳу санатория рафтан буд. Зиндагии шоиста доштем. Ҳоло бошад, нархи маҳсулот дар бозор хеле баланд аст. На мева харида метавонем ва на ширинӣ. 1 дона нони 150-грамма як сомонист. Аз ин рӯ, хеле дастнигари мақомоти давлатӣ ҳастем.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабек Мирзоев, муовини раиси идораи давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳоло барои ҳифзи иҷтимоии афроди бесарпаноҳу ниёзманд барномаи мушаххасе рӯйи даст нест. Аммо ба гуфтаи ӯ, қарор аст, дар оянда ба маъюбони бедасту пой аз ҷониби давлат кӯмакҳои иловагӣ расонида шавад.

«Номи ин барнома «Оказание мобильной помощи лицам с ограниченной двигательной системы» аст. Таъсиси бунгоҳи диспетчерӣ дар назар аст, ки нақшаи кӯмак ба одамони маъюбу бесарпаноҳро тартиб медиҳанд. Санитару пизишкон мераванд, нафаре барои рӯбучини хонаашон масъул мешавад. Ҳар нафар дар хонаи одами маъюбу бесарпаноҳ вазифаи худашро анҷом медиҳад, оббозӣ медоранд, мӯйи сарашро паст мекунанд, нохунашро мегиранд. Духтур кардиограмма, таҳлили хуну пешобашро гирифта, вазъи саломатиашро зери назорати доимӣ хоҳад гирифт», - афзуд Ҷ. Мирзоев.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин барнома кай амалӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти зирабти вилояти Хатлон дар зикри теъдоди мушаххаси афроди бознишастаи маюъбу бесарпаноҳ ва яккаю ниёзманди минтақа душворӣ мекашанд.

Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ
Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ
Дар ҳамин ҳол, Орзумурод Соатов, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, гуфт, ки бештар аз нисфи 409 иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ ҳоло бемори бистарӣ буда, ниёз ба назорати доимии пизишкон доранд.

«Дар бемористонҳои қариб ҳама шаҳру ноҳияҳо утоқҳои алоҳидае барои собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ихтисос дода шуда, табобати онҳо аз ҷониби давлат анҷом дода мешавад, яъне комилан ройгон. Аммо на ҳама меҳтарон аз ин имтиёз истифода карда метавонанд, зеро барҷомонда ҳастанд ва ба парастори доимӣ ниёз доранд», - афзуд ӯ.

Ба иқрори котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақа, на ҳама меҳтарони ҷанг аз муроқибати доимии пизишкон бархурдор ҳастанд. Азбаски бархе аз онҳо дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд, аз назорати духтурон дур мемонанд. Дар рустоҳо шифохонаҳо вуҷуд надоранд. На ҳама беморхонаҳои маҳаллӣ мисли пешин мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» доранд, гоҳе духтурон намерасанд. Мушкилот дар дастрасии доруворӣ низ ҷой дорад.
XS
SM
MD
LG