Нисфе аз ин муддат гузашт, аммо бо қазоват бар асоси шохисҳои иқтисодӣ пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе ҳосил нашуд.
21-уми июни соли 2016 бо иштироки раиси ҷумҳур, вазирон, идораҳо ва коршиносони байналмилалӣ маҷлиси Шӯрои миллии рушд дар назди президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин нишаст шурӯи Стратегияи нави миллии рушд барои солҳои 2016-2030 ва Стратегия миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 эълом шуд.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҷаласа таъкид дошт, ки ҳадафи ҳукумат боло бурдани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то сатҳи зарурӣ ва ворид кардани кишвар ба гуруҳи давлатҳо бо даромади миёна аст; решакан кардани фақри шадид ва баланд кардани саҳми қишри миёна аз 22% ба 50%. Тибқи гуфтаи раиси ҷумҳур, дар 15 соли оянда саҳми саноатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло мебарад ва кишварро аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил медиҳад. Инчунин ба густариш додани зарфияти энергетикӣ ва содир кардани он ба кишварҳои ҳамсоя ишора шуда буд.
Беш аз ниме аз ин ҷаласаи Шӯрои миллии рушд дар назди президенти Тоҷикистон, ки дар соли 2016 баргузор гардид, гузашт. Чӣ чизе то ҳол тағйир ёфт ва ба чӣ аҳдофе даст ёфтанд?
Интизорӣ ва воқеият
“Воқеан, тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки соли 2016 қабул шуд, ҳукумат нақша дошт, ки кишварро то шурӯи даҳсолаи оянда аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил бидиҳад. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф барномарезӣ шуд, ки зарфияти саноатии кишвар ба мизони қобили таваҷҷуҳ афзоиш ва вобастагии иқтисодии кишвар ба кишоварзӣ коҳиш ёбад. Вале, ин ба ҳеч ваҷҳ ба маънии коҳиши тавлидоти кишоварзӣ нест, балки афзоиши чандбаробарии маҳсулоти саноатӣ аст”, -мегӯяд иқтисоддон Солеҳ Расулзода. “Пас аз гузаштани ниме аз давраи иҷрои ин стратегия дар соли 2023 саҳми саноат дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар каме беш аз 17 дарсад ва кишоварзӣ ҳудуди 23 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне, ин нишондод тақрибан дар сатҳи соли 2016 боқӣ мондааст”, - таъкид кард коршинос.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба он ишора мекунанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар тӯли 22 соли ахир 13 баробар афзоиш ёфтааст– аз 0,86 миллион дар соли 2000 ба 11,3 миллиард дар соли 2022. Аммо, коршиносон мегӯянд, ин болоравӣ ба даромади мардум таъсири чашмрасе надорад, ки аз омилҳои дигар ба мисли пулҳои муҳоҷирони корӣ вобаста аст.
Бо вуҷуди ин, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон соли гузашта зимни суханрониаш дар ҷараёни Форуми рушди пойдор дар Ню-Йорк гуфт, ки сатҳи фақр дар кишвар аз 31% дар соли 2015 ба 22,5% коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, даромади мардум дар панҷ соли ахир 2,1 баробар зиёд шуда, рушди миёнсолаи иқтисоди Тоҷикистон 7,3% бештар шудааст.
Омори зидду нақиз
Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми моҳи декабри соли 2023 ин оморҳоро ба забон овард. Аммо, боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар пасманзари боло рафтани фақр дар кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад. Тибқи додаҳои Бонки осиёии рушд, соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар Қирғизистон 33,3%, дар Арманистон 26,5%, Узбекистон 17% ва дар Русия 11 дарсад будааст.
Аз ин сабаб омори расмии Тоҷикистон дар доираи коршиносон мавриди савол қарор мегирад.
“Воқеан, ин вокунишиҳои гуногун ё беҳтар бигӯем, зидду нақиз ба бор меоварад: бархе талош доранд бо ин рақамҳо масири дурусти иқтисодии раҳбарии кишварро тавҷеҳ кунанд, бархеи дигар инро далели дигаре барои нодурустии оморҳои расмӣ медонанд. Баррасии ин омор имконпазир нест, зеро ҳеч омори ҷойгузине вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, чизи мушаххас гуфтан душвор аст. Аммо, бояд дарк кард, ки рушди иқтисодии боло дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсоягонаш дар даҳаҳои гузашта дар ҳоли афзоиш будааст”,-мегӯяд иқтисоддон Солеҳ Расулзода.
Сабабҳои пасрафт бартараф нашудаанд
Ҳазинаи иҷроии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ҳудуди 118,1 миллиард доллар ҳисоб шудаанд. Дар ин санад гуфта шудааст, ки манобеи аслии таъмини молии бахши хусусӣ ва ҳамчунин қарзҳо ва кумакҳои бебозгашт хоҳад буд. Аммо, ба бовари коршиносон, фазои сармоягузорӣ дар кишвар дар ҳашт соли ахир ҷалбкунанда нест.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ мегӯяд, ин баёнияҳо бештар хусусияти авомфиребона доранд, то амалӣ.
“Зеро, ки бидуни ҳалли масъалаҳои коррупсионӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити солими сармоягузорӣ ва сиёсати рушди кадрҳо, аз ҷумла бисёрҳизбию тадриҷан эътироф кардани ҷомеаи шаҳрвандию матбуот ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун механизми кафолати таъмини равандҳои ислоҳотҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳадаф расидан имконият надорад. Аммо чун иродаи сиесӣ вуҷуд надорад ва сиёсати кадрҳо нодуруст аст, имтиёзҳо тариқи қонун ба субъектҳои мушаххаси муносибатҳои иқтисодӣ, ки бо доираҳои муайян дар сатҳи давлат робита доранд ва ин боиси халалдор гардидани баробарӣ ва рақобат дар иқтисодиёт ва равандҳои иҷтимоӣ мешавад”, - мегӯяд Ҳакимов.
Расулзода низ дар ин масъала назари мушобеҳ дорад: "Аксарияти аҳолии кишвар ба далели вазъияти бади иқтисодӣ наметавонанд дар иқтисоди кишвар саҳмгузорӣ кунанд ва он иддаи маҳдуде, ки чунин фурсатҳое доранд, аммо дар қудрат ҳомӣ надоранд, метарсанд, ки дороиҳои худро аз даст медиҳанд. Дар чунин шароите танҳо умед ба сармоягузори хориҷӣ аст, ки тарҷеҳ медиҳад, пулашро дар иқтисоди Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон сармоягузорӣ кунад, чунки дар онҷо фасоди молӣ камтар, андозбандӣ сабуктар ва тафтишот соддатар аст", - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Соли 2021 кулли сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон тақрибан ду баробар зиёд шуд ва ба 342 миллион доллар расид ва сармоягузории Чин, ки 40 дарсад аз кулли аз сармоягузории мустақими хориҷиро ташкил медиҳад, бо 175 дарсад афзоиш ба 211 миллион доллар расид. Эрон (32,6 миллион доллар) дуввумин манбаи бузурги сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соли 2021 буд ва пас аз он Туркия (25,1 миллион доллар) ва Швейтсария (21,5 миллион доллар) дар ҷойи чорум қарор гирифт.