Оҷонси рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) дар Тоҷикистон ба роҳандозии тарҳҳое оғоз кардааст, ки мегӯяд, шиддати муҳоҷират аз Тоҷикистонро ба Русия кам мекунад.
Питер Райли, раҳбари USAID дар Тоҷикистон мегӯяд, зарфиятҳо барои кор зиёд аст. Ӯ гуфт:
“Мо бовар дорем, ки аксари мардум мехоҳанд дар кишвари худ бимонанд, ҷомеаи худро рушд диҳанду оилаҳои худро дастгирӣ кунанд. Воқеан ҳам дар Русия муҳоҷир будан хеле сахт аст. Албатта, онҳо барои некуаҳволии оилаҳояшон ва дарёфт кардани музди меҳнат сафар мекунанд. Умед дорем, ки бо дастгирии бахши хусусии соҳибкорӣ имкониятҳои хубе фароҳам месозад, ки шиддати муҳоҷиратро камтар намоем, ки ҷавонон ин ҷо бимонанд ва Тоҷикистонро бисозанд".
Ӯ эътироф кард, ки ин кори осон нест, вале изҳори умедворӣ намуд, ки лоиҳаҳои ин созмон "барои рушди Тоҷикистон мусоидат ва шиддати муҳоҷиратро паст мекунанд".
USAID бо тарҳи 18-миллиондолларии “Рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ” мехоҳад дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ дар риштаҳои нассоҷӣ, коркарди ғизо ва фановариҳои иттилоотӣ 5 ҳазор ҷойи кор эҷод шавад.
Дилшод Ҷӯразода, роҳбари муассисаи “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”-и Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон аз мусоид будани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд.
“Барои мамлакати мо, барои ҳукумати мо, рушди соҳибкорӣ ҳама вақт афзалиятнок буд. Ба ҳамин хотир ҳама вақт ташаббусҳои нав ҳаст, қонуни махсус барои рушди соҳибкорӣ аст, сабукиҳои андоз ҳаст. Барои соҳибкорӣ Тоҷикистон беҳтарин имкониятҳо дорад".
Сарфи назар аз тавсифҳои мансабдорон, таҳлилгарон ба вуҷуди чандин мушкили усулӣ ишора мекунанд, ки монеи таъсиси ҷойи кории зиёд дар ҷумҳурӣ мешавад. Аз ҷумла, фасоди густурда, маҳдуд будани сармояҳо ва дилргардии сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, дарсади калони қарзҳои бонкӣ, норасоии кадрҳои баландихтисос ва дигар.
Шуҳратҷон Шарипов, яке аз муассисони созмони “Илмхона” бар ин аст, ки фазои сармоягузорӣ бояд мувофиқтар шавад.
“Экоситемаи соҳибкорӣ бо монеаҳои гуногуни танзимкунанда, равандҳои мураккаби бюрократӣ ва чорчӯбаҳои ҳуқуқии новозеҳу номуайян рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои рушди соҳибкорӣ лозим мебошанд. Ин монеаҳо барои соҳибкорон номуайянӣ ба вуҷуд меоранд, сармоягузорони эҳтимолиро ҳам дар Тоҷикистон ҳам аз хориҷа дур месозанд ва қобилияти рушди бизнесҳои инноватсиониро коҳиш медиҳанд”.
Аммо Абдурауф Ҷӯраев, мушовири котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мегӯяд, ки ҳукумат талош дорад ин монеаҳоро коҳиш диҳад ва «нақшаи амал оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ва рушди сармояи венчурӣ дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Бархе аз соҳибкорон ба камтаъсир будани тарҳо ва дар назар нагирифтани ояндаи бозори онҳо ишора мекунанд ва мегӯянд нақшаҳо на танҳо истеҳсол, балки имконоти фурӯхтани маҳсулотро низ бояд дар назар бигиранд, то як идея дар амал татбиқ шавад.
Бахтиёр Абдувоҳидов, соҳибкор ва мудири ширкати «Ҳариф», ки ба истеҳсолу маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст, мегӯяд ояндаи ин тарҳҳо ҳам бояд дар назар гирифта шавад.
“Вақте маҳсулот истеҳсол мешавад, вай набояд танҳо, барои мисол, аз лимӯи бомазза аз Тоҷикистон иборат бошад. Бояд таҳҷизоту технология ба бозори мушаххасе ва ба талаботи мушаххасе нигаронида ва мувофиқ карда шуда бошад. Яъне маблағгузорӣ ба ин соҳаи тиҷорат бояд донишҳои иловагӣ ҳам биоварад”.
Ҳарчанд солҳои ахир Тоҷикистон ба эҷоди ҷойи кор ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи бештар мекунад, вале иқтисод ҳамоно пойбанди муҳоҷирони корӣ дар Русия аст. Акнун фишорҳои Русия дар сатҳи болои давлат баъди ҳамла ба "Крокус" раҳбаронро ҳам нигарон кардааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 11-уми апрел, ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд иқрор кард, ки кишвараш бояд бо ташкили шуғли бештар шиддати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонро коҳиш диҳад.
Бар асоси иттилои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 2 миллиюну 506 ҳазору 200 тан машғули кор буда, 387 ҳазор муҳоҷир аст. Аммо шумораи шахсони бекорро ин ниҳод ҳамагӣ 58 ҳазор медонад, ки онро шубҳабарангез медонанд. Аз ҷумла, соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ шумораи бекоронро дар кишвар панҷ баробар бештар аз омори расмӣ гуфта буд.
Гуфтугӯ