Эмомалӣ Раҳмон дар сафари чаҳоррӯза бо чанд мансабдори баландпояи Итолиё, аз ҷумла сарвазир Ҷорҷиа Мелони, президент Серджо Маттарелло ва раиси ширкати "WeBuild" Петро Салини (ба сохтмони садди "Роғун" машғул аст) дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо барои пешбурди ҳамкорӣ дар заминаҳои барқи обӣ, саноати сабук, хӯрок, маъдан, саноати кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ ибрози ризоият карданд. Дар ҷараёни сафар 7 санади нав имзо шуд, ки заминаи ҳамкориро дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳӣ низ ҳамвор мекунад.
Ислоҳот бар ивази сармоягузорӣ?
"Итолиё ба вижа ба ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузории матлуб, имтиёзҳои молиётӣ (андозӣ) барои сармоягузорҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар заминаи барқу захираҳои обӣ, мошинсозӣ, маъдан ва саноати нассоҷӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ алоқаманд аст," – навишт Бахтовар Рашидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мақолаи худ дар хабаргузории расмии "Ховар".
Бо вуҷуди ин, ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи поин қарор дорад. Тибқи омор, дар соли 2023 гардиши молу коло байни Тоҷикистон ва Итолиё 42 миллион доллар будааст. Созиши бузургтарин байни ширкати итолиёии "Salini Impregilo" дар соли 2016 барои сохтани садди нерӯгоҳи "Роғун" ба маблағи 3,9 миллиард доллар аст.
"Равобити Итолиё бо Тоҷикистон ба мисли муносибати он бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ва Туркманистон зиёд чашмрас нест," -- мегӯяд пажуҳишгари амрикоӣ Эдвард Лемон.
Ба гуфтаи ӯ, нақши муҳими Итолиё дар иқтисоди Тоҷикистон аз тариқи ширкати "Salini Impregilo" аст, ки садди "Роғун"-ро месозад.
Масъалаи амниятӣ ба қазияи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Итолиё, ки барои ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” гумонбар аст, рабт дорад. Дар аввали моҳи апрел пулиси Итолиё аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Илҳом Сайраҳмонзодаи 32-сола хабар дод, ки бо дархости Тоҷикистон таҳти пайгарди пулиси байнулмилалӣ будааст.
"Сафар ба хотири обрӯ"
Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Итолиё беш аз ҳама хусусияти обрӯсозӣ дошт. "Бояд гуфт, Итолиё дар муқоиса бо Олмон ва Фаронса барои сармоягузорӣ имкониятҳои маҳдуд дорад, ҳарчанд аз нигоҳи фанновариҳои пешрафта мавриди таваҷҷуҳ аст. Аммо барқарории равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ин кишварҳо ба фазои сармоягузории Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон таъсири мусбат дорад, ки дар солҳои охир беш аз ҳар замони дигар ба далели нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст," – шарҳ дод Нуруллоев.
Ба гуфтаи вай, дар шароити равандҳои геополитикии имрӯза Тоҷикистон ва Итолиё ба густариши тамосҳои хориҷӣ моил ҳастанд. "Аз ин рӯ, манфиатҳои онҳо қобили дарк аст," – афзуд коршинос.
Фаъоли сиёсӣ аз Узбекистон Нигора Ҳидоятова низ назари ба ин монанд дорад: "Ин сафар обрӯйи Тоҷикистонро, бахусус дар пасманзари ҳаводиси Русия, беҳтар мекунад. Ғайр аз ин, сафари расмӣ баёнгари он аст, ки дар масъалаҳои рушди иқтисод ва ҳамкориҳо наметавон танҳо ба Русия, Чин ва Эрон тамаркуз кард."
Итолиё робитаи худро дар формати “5+1” бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст. Аз соли 2019 нишасти “Осиёи Марказӣ-Итолиё” ҳар ду сол баргузор мегардад. Қарор аст ин нишаст имсол дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё баргузор шавад.