Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузариш ба иқтисоди сабз. Роҳи Тоҷикистон то куҷо осону ҳамвор хоҳад буд?


12 ноябри соли 2020. Дафтари Оҷонси Рушди Байналмилалии ИМА (USAID) маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи нави барқи офтобии 220-киловаттӣ дар Мурғобро барпо мекунад, ки бузургтарин нерӯгоҳи офтобии Тоҷикистон ва баландтарин нерӯгоҳи офтобӣ аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон гуфта мешавад.
12 ноябри соли 2020. Дафтари Оҷонси Рушди Байналмилалии ИМА (USAID) маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи нави барқи офтобии 220-киловаттӣ дар Мурғобро барпо мекунад, ки бузургтарин нерӯгоҳи офтобии Тоҷикистон ва баландтарин нерӯгоҳи офтобӣ аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон гуфта мешавад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон гузариш ба иқтисоди сабзро барои пешрафти зиндагии мардум ва муҳити зист муҳим арзёбӣ мекунанд, коршиносон бар инанд, ки  расидан ба ин ҳадаф барои кишвар чандон осону ҳамвор нахоҳад буд.

Коршиносон аз мушкилу монеаҳо дар роҳи расидан ба рушди иқтисоди сабз суҳбат мекунанд ва масъулони Вазорати рушди иқтисод аз нақшаҳояшон дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ.

Созишномаи Париж оид ба муҳити зист, ки Тоҷикистон ҳам онро имзо кардааст, тадриҷан даст кашидан аз истифодаи маводи сӯхти олудакунанда ба мисли ангиштро тақозо мекунад. Вале шиддати мушкили бебарқӣ дар зимистони чанд соли ахир талабот ба истифодаи ангиштро бештар намудааст.

Тоҷикистон солона бештар аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ мекунад ва бахши аъзами он дар худи кишвар истифода мешавад. Коршарикони байнулмилал Тоҷикистонро ба тавлиди энергияи тоза ташвиқ мекунанд.

Абдулло Ашӯров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло 95 дарсади барқашро аз нерӯгоҳҳои обӣ мегирад ва зарфиятҳои бештаре ҳам дорад.

«Ҳанӯз ҳам марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ё корхонаҳои истеҳсоли семент ҳастанд, ки бо ангишт кор мекунанд ва дар ояндаи наздик Тоҷикистон наметавонад аз истифодаи ангишт даст кашад. Чунки аз як сӯ, агар ба гази табиӣ гузарад, нархи он бамаротиб гарон аст, онро ҳам бояд аз хориҷа харидорӣ кунад, ки он маблағи бештар талаб мекунад, хусусан бо асъори хориҷӣ. Ҳол он ки ангиштсангро аз дохили ҷумуҳурӣ дастрас мекунад», мегӯяд Абдулло Ашӯров.

Ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик, агар Тоҷикистон барои ворид кардани панелҳои офтобӣ, таҷҳизоти тавлиди нерӯи барқ аз офтобу бод имтиёз диҳад ва нархи чунин таҷҳизот дар бозор арзон шавад, барои мардум имкони хубе дар зарурати истифодаи манбаъҳои дигари энержӣ хоҳад буд ва аз ҷониби дигар иқтисоди сабз густариш меёбад.

Бархе иқтисоддонҳои дигар бар инанд, ки талоши расидан ба иқтисоди сабз хуб аст, аммо камобии аввали соли ҷориву маҳдуд шудани кори нирӯгоҳи барқи обии Норак нишон дод, ки Тоҷикистон дар солҳои наздик на танҳо аз истифодаи ангиштсанг даст кашида наметавонад, балки ба истифодаи бештари он ниёз пайдо мекунад.

Кай дар Тоҷикистон иқтисоди сабз дастболо хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

“Албатта, ба назари мо, ангишти фаровон дорем, албатта истифодаи ҳаррӯза не, ҳамасола не, дар ҳолати коҳиш ёфтан ва норасоии об метавон истифода бурд. Дар асоси ангишт ҳам як нерӯгоҳи тавлиди барқ низ бояд бунёд кард, ки дар ҳамин гуна ҳолатҳо истифода бурда шавад” – гуфт иқтисоддони дигар Аброр Мирсаидов.

Ба қавли ӯ, барои расидан ба иқтисоди сабз дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ, бояд роҳҳои ҷиддии истифода аз неруи офтоб ва бодро пайдо кард.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ нақша дорад то соли 2030 тавлиди онро аз ҳисоби нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ то 70 мегаватт бештар кунад.

Тоҷикистон соли 2022 Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»-ро барои солҳои 2023–2037 қабул кард. Иҷрои ин барнома наздик ба 22 миллиард сомониро дар назар дорад.

Аммо то куҷо ин барнома пешрафт кардааст?

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ аз чанд тарҳи бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар вилояти Суғд, оғози сохтмони корхонаи тавлидоти таҷҳизоти панелҳои офтобӣ ва воридоти мошинҳои барқӣ ё электромобил ном бурдааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молие мисли Бонки Осиёии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, ширкати «MW Energy limited»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бунёди чанд нерӯгоҳи офтобӣ ва бодӣ дар назар дошта шудааст. Вазорат дақиқ нагуфтааст, ки аз ин кишвару ниҳодҳои молӣ чӣ қадар пул дарёфт кардааст ва шеваи харҷи маблағҳо чӣ гуна мебошад.

“Дар ин раванд бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои то иқтидори 1500 МВт расонидани бунёди неругоҳҳои офтобӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ минтақаҳои мусоид ва номгӯи ширкатҳои бонуфузи иштирокчиёни асосии бозори манбаъҳои барқароршавандаи энергияро мавриди омӯзиш қарор дода, айни замон ҳамкорӣ бо ширкати бонуфузи Амороти Муттаҳидаи Араб -“MASDAR” оғоз гардидаст”, -омадааст дар посухи вазорат.

Вазорати рушди иқтисод оғози бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобиро дар Данғара яке аз тадбирҳои дигари расидан ба аҳдофи Стратегияи рушди иқтисоди сабз арзёбӣ намудааст.

Қаблан масъулони блоки иқтисодии Тоҷикистон ҳангоми суҳбат дар бораи рушди иқтисоди сабз аз бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар кишвар тавсиф намуда, аз созмонҳои молӣ даъват мекарданд, ки дар ин самт ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.

Баъзе созмону ниҳодҳои молӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои марбут ба рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Вале маълум нест дар маҷмӯъ таи бештар аз якуним сол аз қабули Стратегияи рушди иқтисоди «сабз», мақомоти тоҷик барои иҷори ин санад аз чӣ миқдор кӯмакҳо бархурдор шудаанд ва шаффофияти харҷи маблағҳо чӣ гуна аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG