Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷбур карданд, ки пахта корем." Зиёни расидаро ба деҳқонон кӣ медиҳад?


Кишоварзон мегӯянд, солҳои пеш аз пахта фоидаи кам мегирифтанд
Кишоварзон мегӯянд, солҳои пеш аз пахта фоидаи кам мегирифтанд

Чанде аз деҳқонон дар шимоли Тоҷикистон аз он шиква доранд, ки мақомот дар нимаи баҳор онҳоро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Масъулони идораи кишоварзӣ гуфтанд, кишти пахта кам шудааст ва ин ба иқтисоди мамлакат зарар мерасонад. Кишоварзон мегӯянд, солҳои пеш аз пахта фоидаи кам мегирифтанд.

Мирзобек Одинаев, деҳқон аз ноҳияи Мастчоҳ, пештар пахта кишт мекард, аммо солҳои охир юнучқа мекорад. Моҳи май бо дастури Раёсати кишоварзии ноҳия бедаҳои қадкашидаашро даравид ва водор шудааст, ки пахта корад.

“4-5 рӯз пеш гуфтанд, ки бедаҳоро канда, ба ҷояш пахта коред. Дар 40 сотих замин. Мо дар ҷойи дигар дар ду гектар замини иҷора пахта коридаем. Дар онҷо аллакай пахта баромадааст,” – нақл кард Мирзобек Одинаев.

Вай аз он шиква дорад, ки зиёни расида аз тағйири кишт ва аз байн рафтани юнучқаҳояшро касе намедиҳад: “Ҳоло харҷи аз нав киштанд барои ҳамин замин тақрибан 2 ҳазор сомонӣ аст. Бояд трактор биорем. Замин хеле сахт шудааст. Тақрибан боз ду ҳазор сомонии дигар барои коргар лозим аст, чунки алафи инҷо бисёр. Як оилаи мо аз уҳдааш намебарояд.”

Маҳмуд Қурбонов ҳам тақрибан 1,5 гектар замин дорад. Солҳои гузашта пахта кишт мекард, вале имсол барои заминро киштгардон ё дам додан беда коридааст.

Ӯ мегӯяд, “барвақттар хабар надоданд, ки бояд пахта корем. Агар дар моҳҳои январ ё феврал мегуфтанд, дар 50 ё 60 сотихи замин пахта мекоридем. Мо аллакай беда кардаем, вале маҷбур доранд, ки киштро вайрон ва дар ҷояш пахта шинонем. Ман барои ин кишт аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ сарф кардаам”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Яке пахта мехоҳад, дигарӣ не. Сабаб чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

"Он қадар пул намемонад"

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, ин ҳолат бисёре аз деҳқонҳоро нигарон кардааст. Зеро солҳои гузашта аз замини пахтазор ҳосили муносиб ва ё аз пахтаи ба дастомада фоидаи дуруст нагирифтанд.

Масъулони Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ омода нашуданд ин масъаларо дар назди дурбин шарҳ диҳанд. Сардори ин раёсат Нарзулло Боймирзоев дар суҳбати телефонӣ вазъро чунин тафсир кард:

“Пахтакорӣ ин стратегияи давлат аст. Мо нақша дорем ва дурнаморо муайян кардаем. Мо бояд дар 12 ҳазор гектар пахта корем. Инҳо ҳамаашон бедакорӣ карда, фикри худашонро кардаанд. Инҷо бояд пули андоз ва нафақа шуданаш даркор. Вазъият дар ин масъала хеле вазнин аст”.

Дар ҳамин ҳол бархе деҳқонон илоҷи корро бо шеваи дигар ёфтаанд. Қурбон Ниёззода, мудири хоҷагии деҳқонии “Сумая”, ҳудуди 5 гектар замин дорад ва дар 3,5 гектари он пахта ва дар боқимондааш тарбузу беда коридааст. Вай аз зиён ё фоидаи ками пахта шикоят надорад, фақат аз мақомот талаб дорад, ки бояд нархи дору арзон карда шавад.

“Фоидаи мо ҳамин қадар аст, ки зиндагиамонро пеш мебарем. Аз ин ҳисоб пул захира карда наметавонем. Панҷ сомонӣ аст як кило пахта. Боз чиначӣ пул мегирад. Ҳисоб мекунем, он қадар пуле намемонад,” – гуфт Қурбон Ниёззода.

Таваҷҷуҳи мақомоти вилояти Суғд ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани майдони кишти пахта дар шимоли кишвар нигаронӣ кард. Президент гуфт, соли гузашта дар вилояти Суғд нуҳ ҳазор гектар камтар пахта кишт шудааст.

Пахта ё панба аз бахшҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон аст, ки пас аз алюминиюм арзи хориҷии бештарро ба кишвар ворид мекунад. Аммо, ба гуфтаи рӯзноманигор Исфандиёри Одина, “ҳеч шаффофияте дар ин арса вуҷуд надорад, аз ҷумла даромади солонаи миллии Тоҷикистон аз парвариш ва фурӯши панба.”

XS
SM
MD
LG