Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҷойгоҳи 43-юмро дорад. Ин дар ҳолест, ки вазири иқтисод Завқӣ Завқизода тобистони соли гузашта дар як нишасти Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, сатҳи фақру камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир кам шуда, “аз 31 дарсади соли 2015 то 22,5 дарсади соли 2022 коҳиш ёфтааст”.
Вазорати иқтисод борҳо эълон кардааст, ки Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, аз солҳои 2000-ум ба ин сӯ яке аз кишварҳои муваффақ дар паст кардани сатҳи фақр аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар паёми охираш гуфт, ки “сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 дарсади соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд”.
Омили сиёсӣ ё иқтисодӣ?
Global Finance Тоҷикистонро кишвари дорои “захираҳои ғанӣ ва аҳолии фақир” номидааст. “Сарфи назар аз захираҳои фаровони кишоварзӣ, табиӣ ва маъданӣ, аҳолии ҷавон ва пулҳои ҳангуфти фиристодаи муҳоҷирон аз хориҷ, Тоҷикистон бо каме болотар аз 10 миллион аҳолӣ яке аз кишварҳои фақиртарини Осиёст,” – навиштаанд муаллифон.
Бино ба ин радабандӣ, Тоҷикистон дар бахши ёриҳои иқтисодиву амниятӣ ба Русия ва дар бахши ёфтани манбаъҳо ва сармоягузориҳои зербиноӣ бештар ба Чин такя кардааст. Аз нигоҳи Global Finance, Тоҷикистон барои таъмини имконоти ҳамкорӣ бо манбаъҳои дигари байнулмилалӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Гуфта мешавад, кишвар барои “коҳиши садгузориҳои бюрократӣ ва фасод, беҳтар кардани мудирияту зерсохтҳо ва бахши камрушдкардаи бонкӣ” кори кам мекунад. Як далели дигарро сиёсати худкома дар Тоҷикистон донистаанд.
Лутфулло Саидмуродов, мудири пешини Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин радабандиҳо бештар омилҳои сиёсиро ба назар мегиранд то омилҳои воқеии иқтисодӣ. “Бояд ҳолати воқеӣ ҳисобу китоб карда шаваду дар асоси ҳолати воқеӣ чораандешӣ шавад,” -- мегӯяд Саидмуродов.
Ҳукумати фасодзада, гузаштаи истеъморӣ...
Аммо Лука Вентуро, муаллифи ин радабандӣ мегӯяд, чанд сабаби фақри давомдор метавонад “ҳукуматҳои фасодзада, гузаштаи истеъморӣ, сустии иҷрои қонун ва ҳамсояҳои таҷовузгар” бошад.
Ҳамзамон ҳамаи тарафҳо ҳастии фасоди густардаро дар Тоҷикистон рад намекунанд.
Дар Тоҷикистон сатҳи фақр ё камбизоатӣ дар давраҳои гуногун аз рӯйи равишҳои ҳархела шумурда мешавад. Пештар аз рӯйи таркиб ва тавоноии харидории сабади истеъмолӣ ҳисоб мешуд. Баъдан Вазорати иқтисод ва Оҷонси омори Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ пажӯҳиши буҷаи хонаводаҳои Тоҷикистонро мегузарониданд ва бо фаро гирифтани 3 ҳазор оила сатҳи даромади онҳоро муайян мекарданд.
Бар асоси ҳамин гуна як пажуҳиши охирин даромади умумии хонаводаҳо аз 297 сомонии соли 2015 ба 794 сомонӣ дар деҳот ва 880 сомонӣ дар шаҳрҳо расидааст.
Имсол Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки муайян кардани сатҳи фақр ё даромади аҳолӣ аз усули даромад бар сари аҳолӣ ба истифодаи миқёси муодилсозии истеъмоли хонаводаҳо (ES) тағйир дода шавад. Бар асоси ин пешниҳод, таркиб ва тавоноии ғизоии масрафи хонаводаҳо нишондиҳандаи тавоноии харидории онҳо мебошад.
Истифода аз омори гуногун ба ҳадаф бастагӣ дорад ва ҳангоми таъкид ба зарурати кумаки бештар ҷомеаи ҷаҳонӣ омори фақр боло меравад ва ҳангоми нишон додани пешрафт поён. Баъзе аз расонаҳои ғарбӣ ба номувофиқатии ҷашнҳои пурхарҷи давлатӣ, бузургии ҳайати мудирият, хариди ҳавопаймои гаронбаҳо барои сафарҳои президент бо сатҳи зиндагии аҳолӣ ишора мекунанд.
Иқтисоддонҳо роҳҳои гуногунеро барои кам кардани фақр ва берун рафтан аз рӯйхати кишварҳои фақирро пешниҳод мекунанд. Лутфулло Саидмуродов мегӯяд, бояд фурсат шавад, ки мардум аз ҳама имкониятҳои иқтисоди бозорӣ истифода карда тавонанд: “Даромади аҳолӣ танҳо маош нест, бояд роҳҳои даромади аҳолиро зиёд кунем, имконият дода шавад, ки мардум аз ҳама намуди моликият фоида ба даст оварад. Бонкҳо бояд қарзҳои истеъмолиро бо баҳраҳои поинтар диҳанд.”
“Ё иваз кунанд, ё барканор”
Коршиносони мустақил мегӯянд, бояд омилҳои зиёде, аз қабили инҳисорӣ будани бахшҳои бузурги иқтисод, сиёсати нодурусти кадрӣ, фирори мағзҳо ва номустақилии додгоҳҳо, хусусан додгоҳҳои иқтисодӣ аз миён бардошта шавад.
Аз ҷумла таҳлилгари мустақил Фозилҷон Фатҳуллоев мегӯяд, як омили ҷиддӣ аз кишвар рафтани кадрҳои босавод аст: “Бояд сиёсати кадрии кишвар куллан тағйир ва ҷиддӣ гардад. Ҷиддӣ ба он маъно, ки агар кадри масъул аз уҳдаи кор набарояд, бемасъулиятӣ мекунад, пас, ӯро новобаста аз ин ки кист: хеш аст, ҷӯра аст ё ҳар касе набошад, ё иваз ё барканор кардан даркор аст.”
Ин таҳлилгар мегӯяд, ки ҳукумат бояд ба ҷойи таблиғи идеологӣ “роҳи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро таблиғ кунад”.
Дар радабандии Global Finance Судони Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар ва Яман дар даҳгонаи фақиртарин кишварҳои дунё ҳастанд, ҳарчанд “захираҳои бузурги табииву маъданӣ доранд”.
Дар баробари ин кишварҳое чун Люксембург, Макао, Ирланд, Сингапур, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Швейтсария, Сан-Марино ва Амрико даҳгонаи кишварҳои доротаринро ташкил додаанд.