Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимов: "Бояд дарк кунем, ки Русия макони абадии таъмини рӯзгор нест"


Олимов: "Русия макони абадии таъмини рӯзгор нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Ҷомеашинос Музаффар Олимов гуфт, бояд мақомоту мардуми Тоҷикистон дарк кунанд, ки Русия макони доимии таъмини рӯзгор нест. Ӯ ҷонибдори ёфтани роҳҳои алтернативии муҳоҷират ё ташкили корхонаҳои бузург дар дохили ҷумҳурист. Чизе, ки мақомот солҳо боз ваъда медиҳанд, вале иҷрояш ба кундӣ пеш меравад.

Олимов хулосаҳояшро рӯзи 7-уми май ва баъд аз тақрибан ду моҳи ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баён дошт.

"Пештар баъзе воқеаҳои дигар ҳам буд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум ва мақомот дар сатҳҳои гуногун бояд фикр кунанд, ки Русия ҷое нест, ки абадан барои мо сабаби таъмини рӯзгор ва сабаби таъмини зиндагӣ бошад," – афзуд Музаффар Олимов.

Ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз ҳодисаҳои охир дар Русия "дарси ибрат" гирифта, роҳҳои нави муҳоҷиратро ба кишварҳои дигар биёбад ва ё ҷойҳои кориро дар дохил ташкил кунад.

Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳамлаи 22-юми март, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, 13 касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.

Бар илова тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ афзудааст. Вазоарти корҳои хориҷии Русия чунин бархӯрдро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм донист, вале мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона номида, аз мардум хостанд, бе зарурат ба Русия нараванд.

Ҷомеашиноси тоҷик Музаффар Олимов гуфт, дар охири моҳи марти имсол ба Русия рафта буд ва рафтори номуносиби мақомоти ин кишварро бо зодагони Тоҷикистон дар роҳу фурудгоҳ дид.

"Ҳамин воқеаи мудҳиш як зарбаи сахте нисбат ба мардум шуд. Ба рӯҳияи сокинон таъсир гузошт. Махсусан вақте тарзи бозпурсии бархе гумонбаронро нишон доданд. Ин, албатта, дағалтар карда гӯем, як ваҳшоният ҳам буд. Аммо ин воқеаҳо бояд барои мо як дарси ибрат шаванд," – хулоса кард Олимов.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корист. Муҳоҷирон ҳар сол садҳо миллион доллар ба кишвар мефиристанд ва иқтисоди оилаҳоро мечархонанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои гуногун талош карданд, ки ба кишварҳои Халиҷи Форс, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Бритониё нерӯи бештари корӣ фиристанд, аммо Русия ҳамоно масири асосӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG