Пас аз ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав ва фишори афзун ба муҳоҷирон дар Русия вобастагии иқтисодии Душанбе аз Маскав ба мавзӯи рӯзи афкори умумӣ ва мақомоти Тоҷикистон табдил ёфт. Ба ҷуз аз назари доираҳои коршиносӣ ва матлаби расонаҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд ба ин мавзуъ ишора кард.
“Дар шароити имрӯза бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем," – гуфт ӯ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд.
То чи андоза ин ният ба воқеият ҳамхонӣ дорад? Оё Тоҷикистон метавонад вобастагии худро аз пули муҳоҷирон кам кунад?
“Роҳҳали зудҳангом нест”
Нур Сафаров, шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, дар мавриди вобастагӣ аз пули муҳоҷирон танҳо дар бофтор (контекст)-и сиёсӣ, ки пас аз воқеаи 22-юми марти имсол ба вуқуъ пайваст, метавон суҳбат кард.
“Ба назари ман, Тоҷикистон ва Русия ба содир ва қабул кардани нерӯи корӣ алоқаманданд. Касе ҳанӯз қонуни иқтисоди бозорро инкор накардааст. Замоне ки барои нерӯи кор тақозо аст, арза низ ба вуҷуд меояд. Зиёда аз 25 сол боз ин тамоюл миёни Русия ва Тоҷикистон кор мекунад. Инчунин, Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират бо Бритониё, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон суҳбат дорад. Тоҷикистон дар солҳои наздик наметавонад дар ҳеч сохтори иқтисодӣ 1-3 миллион ҷойи корӣ эҷод кунад,” -- мегӯяд Нур Сафаров.
Мушкили аввал фазои носолими корӣ аст, ки давлат барои тиҷорат шароити мусоид фароҳам намекунад ва ба сармоягузор ҳамчун гови душоӣ менигарад.Нуриддин Муродов
Ин коршинос афзуд, Тоҷикистон заминҳои зиёде надорад, агарчи тақрибан 70 дарсади мардум рустонишин аст. Ғайр аз ин, дар 35 сол аҳолӣ аз панҷ ба зиёда аз даҳ миллион нафар афзуд ва ин афзоиш то ба имрӯз идома дорад.
Пули муҳоҷирон дар солҳои гуногун аз марзи 40-дарсадии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон убур кард. Соли 2022 ин нишондод ба ҳаҷми бепешинаи 3,2 миллиард доллар расид. Ба бовари иқтисоддонҳо, ин пулҳо тавоноии хариди бештари оилаҳоро дар Тоҷикистон таъмин карда, ба рушди тиҷорат, низоми бонкӣ ва молиётӣ мусоидат мекунад ва мардумро аз фақри шадид наҷот медиҳад.
Интихоби дигар вуҷуд дорад?
Пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" ва фишори ниҳодҳои қудратӣ ҳазорҳо муҳоҷир Русияро тарк карда, вориди Тоҷикистон шуданд. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, теъдоди муҳоҷироне, ки дар тӯли 3 моҳи аввали имсол ба ватан баргаштанд, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 60 дарсад бештар аст.
Шореҳи иқтисодӣ Абдулло Ашӯров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд бо кишварҳои дигаре, ки тавони пазируфтани муҳоҷиронро доранд, гуфтугӯ кунад. "Аз сӯи дигар, тиҷоратҳои дохилиро бояд дастгирӣ кард, ки дар тавлиди молу коло сармоягузории бештар шавад ва ҷойи корӣ эҷод кунад," – гуфт Ашӯров.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад то соли 2030 саҳми иқтисодро дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 17% ба 22% боло бурда, кишварро ба саноатӣ-аграрӣ табдил диҳад ва ҷойҳои корӣ эҷод кунад. Аммо, ба гуфти коршиносони мустақил, мушкил ин ҷост, ки дар кишвар барои ҷалби сармоя монеаҳо вуҷуд дорад.
“Мушкили аввал фазои носолими корӣ аст, ки давлат барои тиҷорат шароити мусоид фароҳам намекунад ва ба сармоягузор ҳамчун гови душоӣ нигоҳ мекунад. Мардум маҳорати лозим надорад, низоми бонкӣ заиф ва арсаҳои муҳими тиҷорӣ дар инҳисори доираҳои наздик ба ҳукумат аст ва чандин мушкили дигар," – мегӯяд иқтисоддон Нуриддин Муродов.
Зарур аст бо фасод ва омилони он, ки ба қудрат ва захираҳо дастрасӣ доранд, мубориза кард.
Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, мушкилиҳои монанд дар арсаи кишоварзӣ низ, ки метавонистем аз ҳисоби он ҷойҳои корӣ эҷод мекардем, вуҷуд дорад. “Дар даврони истиқлол натавонистем арсаи кишоварзиро ислоҳ кунем. Манбаъҳои додани қарз ба ин бахш пайдо нашуданд, ислоҳот дар низоми молиёт ворид нашуд, ки бори изофӣ барои деҳқон эҷод мекунад. Ширкатҳои бузург бо ворид кардани маҳсулот аз хориҷа деҳқонони дохилиро нафасгир мекунанд,” – мегӯяд Муродов.
Тибқи омори расмӣ, саҳми кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 17,4 дарсад аст. Дар ҳоле ки шуғлварзӣ дар ин арса 70% аст. Ин бахш амалан афродеро, ки дар он кор мекунанд, таъмин намекунад.
Масъалаи иродаи сиёсӣ
Як коршинос дар Душанбе гуфт, мушкили рушди иқтисодиро бояд дар иродаи сиёсӣ ҷуст: “Барои коҳиш додани вобастагӣ аз пули муҳоҷирон зарур аст иқтисодро бар асоси усули бозори озод бунёд кард. Ин кор замоне имконпазир хоҳад шуд, ки агар масъулон ба эҷоди як низоми молиётии шаффоф, додгоҳҳои мустақил, аз байн бурдани ҳамаи инҳисороти мавҷуд дар бозор, сармоягузорӣ ва парвариши сармояҳои инсонӣ ва ба ҳадди ақал расонидани дахолати давлат дар иқтисод алоқаманд бошанд. Барои ин зарур аст бо фасод ва омилони он, ки ба қудрат ва захираҳо дастрасӣ доранд, мубориза кард."
Роҳбарияти Тоҷикистон бисёр кам аз мушкили муҳоҷирон сухан мегӯяд. Аз ин рӯ, ба далели нодида гирифтани ин қишри муҳими ҷомеа мавриди интиқод аст. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон дар вақтҳо ахир бештар ба ин мавзуъ ишора мекунад, аммо ҳеч роҳи ҳалли рӯшанеро дар миён намегузорад.