Модари чор муҳоҷири тоҷик, ки дар боздоштгоҳи Иркутски Русия ҳастанд, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостаанд, то ба Владимир Путин занг занад ва барои озоди фарзандонашон кумак кунад.
Шаби 12-уми ноябри соли гузашта гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагони ҳафт муҳоҷири тоҷик ҳуҷум карданд ва онро оташ заданд. Дар натиҷаи сӯхтор, Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чор ҳамроҳашонро, Маҳмадтоҳир Ашуров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ва наздиконашон ин чор муҳоҷирро ҷабрдида медонанд ва мақомоти рус низ шарҳ надоданд, ки бо кадом асос онҳоро айбдор кардаанд.
"Писарони моро озод кунед"
Майрамбӣ Толибова, модари Далер Ҳасанов рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мактубашонро рӯзи гузашта ба Дастгоҳи иҷроияи президент супурданд.
Мақомот ҳанӯз мактуби ин модаронро шарҳ надодааст, вале дар гузашта Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, ки қазияи боздошти муҳоҷиронро таҳқиқ доранд.
“Ҳама мақомотҳо ба аҳволи бачаҳои мо таваҷҷӯҳ карданд, лекин онҳоро ҷавоб надоданд. Мо дар мактубамон аз президент хостем, ки ба Путин занг зананд ва гӯянд, ки бачаҳои моро бегуноҳ маҳкам кардаанд. Фақат президент метавонад, ҳақро ба ҳақдор расонад ва бачаҳои бегуноҳи моро озод кунад”,--гуфт ӯ.
Муҳоҷире, ки баданаш сӯхта буд, ба табобат ниёз дорад
Латофат Саидова, модари Муҳаммадтоҳир Ашӯров, муҳоҷири дигари боздоштшуда гуфт, писари ӯро, ки дар ин ҳодиса беш аз 50 дар сади баданаш сӯхта буд, пас аз табобати нопурра ба Боздоштгоҳ интиқол доданд.
Маҳмадтоҳир Ашурови 25-соларо, ки наздики ду моҳ дар беморхона бистарӣ буд, охири моҳи декабри соли гузашта боздошт карданд. Ӯро низ ба қасди куштор муттаҳам кардаанд.
“Писарони моро бегуноҳ боздошт кардаанд. Онҳо худашон ҷабрдидаанд. Писари ман дар ин ҳодиса маъюб шуд ва ӯ бояд табобат гирад, на ин ки дар боздоштгоҳ шинад. Ӯ қаҳрамонӣ карда, ҳамроҳонашро аз даруни оташ кашида берун кардааст, вале ҳоло аҳволаш нохуб дар маҳбас аст.”—гуфт ӯ.
Мақомоти рус дар ибтидо ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки рӯзи 12-уми ноябр ҷавонони муҳоҷир бо ҷавонони маҳаллӣ муноқиша кардаанд ва шаб сокинони маҳаллӣ вагони зисти онҳоро оташ задаанд. Баъдан, дар ин бора тафсилоте нашр накарданд.
Як милисаи рус низ боздошт шудааст
Талоши мо барои дарёфти тафсилоти ҳодиса аз мақомоти Русия, ки чаро вагони муҳоҷиронро оташ заданд ва боз худи онҳоро боздошт карданд, натиҷа надод.
Як манбаи наздик ба тафтишот бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз сафари намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Иркутск мақомоти маҳаллӣ як корманди милисаро, ки дар ҳодиса даст дошт, боздошт карданд.
“Се нафар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар муҳокимаҳои додгоҳ ширкат мекунанд ва як милисаи маҳаллӣ бо гумони оташ задан ва таҳрик додани сокинон ба ин амал дар боздошт аст. Парвандаи муҳоҷирон ва сокинон дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад”,--гуфт ӯ.
Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафорати Тоҷикистон ба ҳамаи боздоштшудаҳо адвокат киро кардааст ва онҳо фаъолона аз ҳаққи муҳоҷирон ҳимоят доранд.
Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат карда буд ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.
Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик низ аз ҳамкори русаш тақозо карда буд, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ кунанд.
Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки чор муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Соли 2021 тобути беш аз 950 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 1000 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муҳлати боздошти се муҳоҷири тоҷикро дароз ва милисаи русро дастгир кардаандМуҳоҷири маҷрӯҳи тоҷикро дар Иркутск боздошт кардандОмбудсмени тоҷик аз ҳамтои русаш таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони дар Иркутск боздоштшударо тақозо кард Пайвандони як муҳоҷири тоҷик ба "худкушӣ"-и ӯ бовар надорандСоҳибкори тоҷик барои ҳимоят аз ҳаққи се муҳоҷир 230 ҳазор рубл додаастМақомоти Русия гуфтаанд, боздошти се муҳоҷирро дар Иркутск таҳқиқ мекунандДушанбе аз Маскав хостааст, қазияи муҳоҷиронро дар Иркутск "ҳамаҷониба" таҳқиқ кунадНамояндагони сафорати Тоҷикистон ба Иркутск рафтаанд, мушкили муҳоҷирон сабук мешавад? Ҳабси се муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Вагони шаҳрвандони Тоҷикистонро кӣ оташ зад?Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Душанбе фиристоданд"Куштор бо бераҳмии хос". Оташ задани вагони муҳоҷиронро дар Русия таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО