Додгоҳи вилояти Иркутски Русия ҳукми боздошти се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба нақш доштан, дар як моҷарои пурсарусадо муттаҳам мешаванд, барои чаҳор моҳи дигар дароз кардааст.
Алишер Ширинов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Иркутск рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ рӯзи 12-уми январ дархости муфаттишон барои тамдиди муҳлати боздоштро ба инобат гирифта, амр додааст, ки Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаров то рӯзи 12-уми апрел, то замони хотима ёфтани тафтишот дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шаванд. Ду нафари аввал ба “қасди куштор” ва саввумӣ ба “авбошӣ” гумонбар дониста шудаанд, ҳарчанд худашон мегӯянд, ки иттиҳомот бепояву асос аст ва онҳо ҳеч гуноҳе надоранд.
Ҳарсе муҳоҷири кории тоҷик дар ноҳияи Заларский дар як вагоне иқомат мекарданд, ки рӯзи 12-уми ноябри соли 2021 аз тарафи чанд сокини ноҳия оташ зада шуд. Дар натиҷа 2 муҳоҷири дигари тоҷик ба ҳалокат расиданд ва яке дигар маҷруҳ шуд. Ҷавонони тоҷикро баъди ин фоҷиа дастгир карданд, чун пеш аз оташ задани вагони муҳоҷирон ҳарсе нафар ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, дар моҷарову занозанӣ бо гуруҳе аз сокинони маҳаллаи Залари ширкат доштаанд.
Алишер Ширинов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Иркутск ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомот ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҷабрдида ҳастанд, беасос аст ва гуруҳи чаҳорнафарии вакилони дифоъ саъй доранд, ки бегуноҳии онҳоро собит кунанд. Ба қавли Алишер Ширинов, рӯзи 12-уми ноябр ҳарсе ҷавон барои халос кардани ду ҳамроҳашон, ки барои нонхарӣ ба мағоза рафта, ба дасти гуруҳе аз сокинони сархуши маҳаллаи Залари рафтаанд, латукӯб шудаанд. Вале расонаҳои Русия навиштаанд, ки моҷарову занозанӣ баъди он бархостааст, ки муҳоҷирони тоҷик, ба духтари русе “гап партофтаанд.”
Муфаттишон ҳоло мегӯянд, ки муҳоҷирони тоҷик бо қасди куштани сокинони маҳаллӣ ба ҷойи моҷаро рафта ва занозанӣ кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия ба ғайр аз хабари ҳалокати ду муҳоҷир дар натиҷаи оташ задани вагон дигар ҷузъиёте аз ин парвандаро эълон накарда ва фақат гуфтааст, ки тафтишот идома дорад.
Айни замон ба гуфтаи Алишер Ширинов, мақомоти интизомии Русия дар робита ба занозанӣ ва оташ задани вагони зисти муҳоҷирони кории тоҷик ду сокини шаҳраки Залариро дастгир кардаанд ва ба се нафари дигар амр додаанд, ки то замони поён ёфтани тафтишот маҳалли зисти худро тарк накунанд.
Ба қавли ӯ, як афсари милисаи рус, ки рӯзи оташ гирифтани вагони зисти муҳоҷирон ба осмон тир андохтааст, то муҳоҷирон аз тарс берун наоянд, охири моҳи декабр баъди муроҷиатҳои пайвастаи Ҷамъияти тоҷикони Иркутск ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дастгир шудааст. Дар натиҷаи оташ задани вагон, ки Кумитаи тафтишотии Русия аввал кори дасти афроди ношинос гуфт, ду ҷавони тоҷик Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола ҷон доданд.
Ҳодиса дар расонаҳо ва байни муҳоҷирони тоҷик ба ҳадде сару садо барангехт, ки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лаврон телефонӣ гуфтугу кард ва аз ӯ хост, ки парванда бетарафона таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
Баъд аз ин рӯзи 24-уми декабри соли 2021, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Татяна Москалкова ба зарурати “таҳқиқи фоҷиа ҷалб карда” ва аз ӯ хостааст, таъмини ҳамаҷонибаи риояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳти назорати худ қарор диҳад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам гуфтааст, ки қазияро аз наздик пайгирӣ дорад ва ба ҷабрдидагон ёрии заруриро мерасонанд.
Аммо Алишер Ширинов мегӯяд, таҳқиқи парванда бетарафона сурат намегирад ва ба қавли ӯ фишор ба “додрасҳо аз марказ вуҷуд дорад.” Алишер Ширинов афзуд, танҳо барои судури амри боздошти Маҳмадтоҳир Ашуров, муҳоҷири 25-солаи тоҷик, ки дар вагони оташгирифта нисфе аз баданаш сӯхт, “6 соат лозим шуд ва додрас ҳам дар ин миён чанд дафъа аз толор берун рафта, баргашт.” Маҳмадтоҳир Ашӯровро ҳам ба “қасди куштор” муттаҳам мекунанд, вале маълум нест, қасди куштори чӣ касе.
Дар Русия бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва шикоятҳо аз муҳокимаҳои ноодилона ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудани онҳо зиёд аст.