Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени тоҷик аз ҳамтои русаш таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони дар Иркутск боздоштшударо тақозо кард


Умед Бобозода, ваколатҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон
Умед Бобозода, ваколатҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон

Омбудсмени тоҷик аз ҳамкори русаш тақозо кардааст, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Русия дар таърихи 12 ноябр мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ шавад. Ба навиштаи “Ховар”, сӯҳбати телефонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Татяна Москалкова рӯзи 24 декабр сурат гирифт.

“Умед Бобозода зимни суҳбат таваҷҷуҳи Татяна Москалковаро ба зарурати таҳқиқи фоҷиаи мазкур ҷалб намуда, дархост намуд, ки таъмини ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорати бевоситаи худ қарор диҳад”, омадааст дар ин хабар.

Шаби 12-уми ноябр дар деҳаи Заларии Иркутск вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷик оташ зада шуд, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Русия дар аввал гуфтанд, ки ин кор аз ҷониби сокинони маҳаллӣ анҷом шудааст, вале се муҳоҷири тоҷикро, ки пайвандонашон ҷабрдида медонанд, бо иттиҳоми қасди куштор боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ як нафар дастгир шудааст.

Қаблан Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат кард ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд. Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки се муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG