Як соҳибкори тоҷик дар Иркутск ба ду адвокате, ки аз ҳуқуқи се муҳоҷири боздоштшуда ҳимоя мекунанд, 230 ҳазор рубл додааст.
Ба гуфтаи масъулони ҷамъияти тоҷикони Иркутск, соҳибкор Мирзоҳаёт Соҳибов ба муҳоҷироне, ки дар сӯхтор осеб диданд, сару либос дода, ба ду муҳоҷире, ки дар беморхона бистарианд, ба харидани дору низ ёрӣ кардааст.
Шаби 12-уми ноябр дар деҳаи Заларии Иркутск вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷик оташ зада шуд, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Русия дар аввал гуфтанд, ки ин кор аз ҷониби сокинони маҳаллӣ анҷом шудааст, вале се муҳоҷири тоҷикро, ки пайвандонашон ҷабрдида медонанд, бо иттиҳоми қасди куштор боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ як нафар дастгир шудааст.
Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, рӯзи 3-юми декабр гуфт, кумаки асосиро ба муҳоҷирон сафорати Тоҷикистон мерасонад, вале ҳамзамон Мирзоҳаёт Соҳибов аз ибтидо дар канори муҳоҷирон буд.
Мирзоҳаёт Соҳибов зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст ва дар Иркутск тиҷорат дорад.
Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сафорати Тоҷикистон барои пайгирии ҳодиса ҳайатеро ба ин вилоят фиристод. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат кард ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.
Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки се муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.