Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштор бо бераҳмии хос". Оташ задани вагони муҳоҷиронро дар Русия таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО


Акс аз ҳодисаи дигар
Акс аз ҳодисаи дигар

Дар натиҷаи сӯзонда шудани як вагони муҳоҷирон дар деҳаи Заларии вилояти Иркутски Русия, ду шаҳрванди 19 ва 21-солаи Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Аз онҳо Ҳасанзода Насимҷони Сайдалӣ (аз ноҳияи Файзобод) ва Гулзода Сироҷиддин Амонулло (аз шаҳри Ҳисор) ном бурда мешавад.

Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса, ки шоми 12-уми ноябр ва пас аз ҷанҷоли сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирон рӯй дод, панҷ шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Додситонии Иркутск ҳодисаро бар асоси "куштор бо бераҳмии хос" тафтиш мекунад.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, мегӯяд, дар маҳаллае, ки ҳодиса рӯй дод, 15 муҳоҷири тоҷик дар се вагон зиндагӣ мекарданд. Ба қавли ӯ, ҳамла ба вагоне сурат гирифтааст, ки дар он ҷо ҳафт муҳоҷир хобида буданд. Ширинов айни замон аз муҳоҷирони тоҷик хост, аз ҳар гуна қассосгирӣ дар пайванд ба ҳодисаи деҳаи Залари худдорӣ кунанд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск
Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск

Ӯ рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо ба интиқомгирӣ садо додаанд, ки "нигаронкунанда аст". Дар як видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, Ширинов мегӯяд, "барои қасдгирӣ ҳеч ҷо ҷамъ нашавед, ҳодисаро мақомот тафтиш доранд".

Раиси ҷомеаи тоҷикони Иркутск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло чанде аз сокинони маҳаллӣ дар робита ба ҳодиса боздошт шудаанд, вале мақомоти рус як тоҷикро низ бо гумони "низоъандозӣ" дастгир кардаанд.

Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз мақомоти интизомӣ навишт, ҷанг дар ибтидо миёни ду сокини маҳаллӣ ва шаш муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмон кор мекарданд, рух додааст. "Сипас, сокинони маҳаллӣ бо ҳамроҳони бештар ба маҳалли хоби муҳоҷирон ҳамла кардаанд. Шахсияти тамоми ширкатдорони ҳодиса маълум шудааст", -- навиштааст хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикон, низоъ аз он сар шудааст, ки сокинони маҳаллӣ ду муҳоҷири тоҷикро дар назди фурӯшгоҳ "чурка" гуфта, таҳқир кардаанд. "Онҳо забони русиро хуб намедонистаанд ва ба яке аз ҳамроҳи дигари худ занг мезананд. Ӯ мехоҳад, русҳоро ором кунад, вале ҷавонони маҳаллӣ ба ҳамла мегузаранд. Ҷанҷол дар ҳамон ҷо тамом мешавад ва сулҳ мекунанд. Лекин соати 12-1-и шаб 20-30 нафар омада, вагонро оташ задаанд", -- гуфт ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск: "Ба қасосгирӣ наоед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Нашрияи "Московский комсомолец" дар матлабе гуфтааст, ҳодиса "пас аз гаппартоии муҳоҷирон ба ду духтари маҳаллӣ" оғоз шуд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаро пайгирӣ доранд ва аз натиҷааш дертар хабар медиҳанд.

Баъзе аз коршиносон сабабҳои чунин ҳодисаҳоро афзоиши миллатбадбинӣ дар Русия медонанд. Баҳром Рафиев, муҳоҷири тоҷик, ки беш аз 20 сол боз дар Русия аст, мегӯяд, "матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия пур аз навиштаҳои миллатгароёна аст. Муҳоҷиронро шахсоне тасвир мекунанд, ки омада нони онҳоро мехӯранд, бо духтарҳояшон ишқварзӣ мекунанд. Ин кор нафрат ва бадбиниро нисбати муҳоҷирон ба бор овардааст."

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон гуфт, дар баъзе маврид худи муҳоҷирон низ беайб нестанд ва бо рафторҳои нодурусти худ ба чунин муноқишаҳо баҳона медиҳанд.

Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG