Пайвандони Маҳмуд Аҳмадов, як муҳоҷири 57-солаи тоҷик, ки ҷасадашро дар Иркутски Русия овехта пайдо карда буданд, ба худкушии ӯ бовар надоранд. Ҷамъияти тоҷикони муқими Иркутск ҳафтаи гузашта ҷасади ин муҳоҷирро ба ватан фиристоданд. Хушбахт Аҳмадов, бародари марҳум мегӯяд, дар хулосаи ташхисе, ки ҳамроҳи ҷасад ба онҳо равон карданд, сабаби марг "монанд ба худкушӣ" гуфта шудааст. Хулосае, ки наздикони Маҳмуд Аҳмадов аслан ба он бовар надоранд ва тақозои тафтиши ҳодисаро доранд. Ин муҳоҷир солҳо боз дар Русия зиндагӣ карда, шаҳрвандии ин кишварро доштааст ва дар соҳаи сохтмон кор мекардааст. Аз ин пеш, як тан аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.