Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Маскав хостааст, қазияи муҳоҷиронро дар Иркутск "ҳамаҷониба" таҳқиқ кунад


Сироҷиддин Муҳриддин (рост) ва Сергей Лавров. Душанбе, 19-уми майи 2021
Сироҷиддин Муҳриддин (рост) ва Сергей Лавров. Душанбе, 19-уми майи 2021

Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки қазияи вобаста ба муҳоҷирони тоҷикро дар вилояти Иркутск ҳамаҷониба таҳқиқ кунад.

Ин мавзуъ дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров, рӯзи 25-уми ноябр матраҳ шудааст.

“Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи расмӣ.

Ин дар ҳолест, ки пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳайати сафорати Тоҷикистон ду рӯз боз барои суҳбат бо мақомоти Иркутск муваффақ шуда наметавонад.

Шаби 12-уми ноябр вагони зисти муҳоҷиронро дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск оташ заданд. Дар натиҷа, Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, сокинони ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Мақомоти Русия дар аввал сокинони маҳаллиро гумонбар медонистанд, чун ҳамон рӯз миёни онҳо ва муҳоҷирон муноқишаи лафзӣ шудааст. Вале дертар муҳоҷирони тоҷик Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро ба гумони "қасди куштор" ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони "авбошӣ" боздошт карданд. Наздикони онҳо розӣ нестанд.

Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан оварданд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG