Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси се муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Вагони шаҳрвандони Тоҷикистонро кӣ оташ зад?


Яке аз муҳоҷирони фавтида
Яке аз муҳоҷирони фавтида

Додгоҳи вилояти Иркутски Русия се муҳоҷири тоҷикро, ки вагони зисташон оташ зада шуда буд, ба авбошӣ ва қасди куштор муттаҳам карда, то 13-уми январи соли 2022 ба ҳабс гирифтааст. Наздикони муҳоҷирон гуфтанд, фарзандони онҳо ҷабрдида ҳастанд, на гунаҳкор.

Бар асари сӯхтор дар вагони зисти муҳоҷирони тоҷик дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола ҷон бохтанд. Ҳодиса пас аз ҷанҷоли сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирон шаби 12-уми ноябри имсол рӯй дод.

"Додгоҳ пурра яктарафа рафтор кард"

Ҳоло Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасанов ба гумони "қасди куштор" ва Ҷумъабой Искандаров ба гумони "авбошӣ" дар боздоштгоҳ ҳастанд.

Дар гузашта гуфта мешуд се сокини маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар ҳодиса дастгир шудаанд. Вале як мақоми наздик ба тафтишот бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо як ҷавони 26-солаи рус дар ҳабси пешакӣ аст. "Гумонбарони дигар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ се рӯз дар боздошт буданд ва сипас озод карда шуданд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Муҳаммадсолеҳ Искандаров, падари Ҷумъабой Искандаров, яке аз муҳоҷирони дастгиршуда рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "додгоҳ пурра яктарафа рафтор кард" ва ба иддаояш "бе далел" писари ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳабс гирифт.

"Далели ҳабсашон бесоҳибии мо буд. Медонанд, ки мо нотавонем, дигар ҳар коре хостанд, мекунанд. Аз дастамон чӣ меояд", -- гуфт ӯ.

Шаби 12 ноябр чӣ гузашт?

Ҳоло барои дифоъ аз ҳуқуқи се ҷавони боздоштшуда адвокат киро кардаанд. Як муҳоҷире, ки шоҳиди ҳодиса будааст ва бо далелҳои амниятӣ нахост аз ӯ ном барем, ба Радиои Озодӣ гуфт, оғози тафтиши ҳодиса баръакси воқеият аст.

Ӯ ҳодисаро чунин нақл кард: "Шаби 12-уми ноябр мошинҳои зиёде вагони моро иҳота кард. Гуруҳи ҷавонон омада буданд. Фикр кардем, пулис ҳастанд ва санадҳоро тафтиш мекунанд. Хостем ба берун бароем, ки дарро бастанд. Ба сӯи вагони мо тир холӣ карданд. Вагон оташ гирифт, мо нафасгир шудем ва дарро шикаста баромадем. Онҳо бо чӯбу оҳан моро заданд."

Ин мусоҳиби мо бовар дорад, ки ду муҳоҷири ҳамроҳашон аз тири силоҳ фавтидаанд ва ҷасадашон дертар сӯхтааст. Мақомоти Русия ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодаанд. Натиҷаи ташхиси ҷасадҳо ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Мақомоти Русия дар аввал эълон карданд, ки нисбат ба ҳодиса бо моддаҳои "авбошӣ", "қасди куштор" ва "куштор" айб эълон кардаанд. Матбуоти маҳаллӣ навишт, муҳоҷирон кадом духтареро рӯзона "гап" доданд ва ҷанг аз ҳамин оғоз шуд.

Муҳоҷири шоҳиди ҳодиса ин фарзияро бепоя донист. Ӯ гуфт, онҳо ҳамон рӯз барои пешвози падари яке аз муҳоҷирон ба маркази деҳа рафта буданд ва ҳангоми интизорӣ вориди дӯконе шуда, аз тарафи "шаш ҷавони маҳаллӣ таҳқир шуданд".

Яке аз шоҳидон, ки барои рӯ ба рӯ кардан ба Додситонӣ даъват шудааст, гуфт, як корманди милисаи маҳаллиро низ дар қатори боздоштшудаҳо дида буд, вале намедонад, чаро ӯро озод кардаанд.

Мақомоти додситонӣ ва Шуъбаи пулиси Иркутск ҳодисаро шарҳ надоданд ва маълум нест, бар кадом асос чунин тасмим гирифта шудааст.

Сафорат: Пайгирӣ дорем

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндаҳояшон ҳодисаро пайгирӣ доранд ва аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят хоҳанд кард. «Тафтишот дар ин самт идома дорад ва барои халал нарасондан аз шарҳи пурраи ҳодиса худдорӣ мекунем. Вале мо барои ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандон тамоми чораҳоро меандешем», -- гуфтанд дар дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Боздошт ва ҳамла ба муҳоҷирон зуд-зуд рух медиҳад. Созмонҳо ва мудофеони ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар аксар маврид парвандаҳои муҳоҷирон дуруст тафтиш намешавад.

Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG