Ахиран равобити миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ густариш ёфта, миллионҳо доллар кумаки билоиваз ва қарзҳои боимтиёзи Риёз ба Душанбе ихтисос шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ Саудиро шарики муҳими кишвар дар Ховари Миёна хонд. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон дар пайи сард шудани равобити сиёсиаш бо Эрон, талош дорад, бо бозигари дигари муҳими Ховари Миёна робитаи зичтар барпо кунад.
Суҳбати видеоӣ дар инҷост:
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ ба саволҳои марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла дар бораи инки оё наздикии Саудӣ бо Тоҷикистон рабте ба рақобаташ бо Эрон дорад ё не, посух гуфт.
Интихоби Тоҷикистон – Саудӣ ё Эрон?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Саудӣ бо ҳеҷ кишвар дар ҳолати рақобат қарор надорад. Равобити мо бо кишварҳои дигар бар пояи эҳтироми манофеи якдигар сурат мегирад. Равобити мо бо Тоҷикистон таърихи қадимӣ дошта ва ҳеҷ рабте ба робитаҳо бо кишварҳои дигар надорад. Умедворам, робитаҳои хуби мо бо Тоҷикистон бештар густариш ёбад.
Мехоҳем ҳар чи зудтар сафари гурӯҳи соҳибкорону сармоягузорони Саудӣ ба Тоҷикистон анҷом шавад. Ин амр ба сарозер шудани сармояи Саудӣ ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Феълан Тоҷикистон дар вазъи душвори интихоб қарор дорад: бо Эрон муштаракоти забониву фарҳангӣ дорад, бо Арабистони Саудӣ дар як мазҳаб аст. Ба назари Шумо, домани рақобати Арабистони Саудӣ ва Эрон дар Тоҷикистон то куҷо хоҳад кашид?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Арабистони Саудӣ ҳеҷ гоҳ равобити худро бо кишваре дар пояи рақобат бо кишварҳои дигар густариш намедиҳад. Равобити мо бо Тоҷикистон бар асоси дарназаргирии манфиатҳои миллии тарафҳо сурат мегирад ва алайҳи ҳеҷ кишвари дигар нигаронда нашудааст.
Саудӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шитоб намекунад
Радиои Озодӣ: Ҳарчанд дар солҳои ахир равобит миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтааст, аммо аз ҷониби Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузориии ҷиддие сурат нагирифтааст. Ин ба он маъност, ки бозор ва фазои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон то ҳол аз ҷониби Саудӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ваё далели дигаре дар миён аст?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Бунёди Саудии Рушд аз соли 2003 то ба ҳол тарҳҳоеро дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. То ҳол ин бунёд дар тарҳҳои мухталифи Тоҷикистон ба миқдори 148 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷудо кардааст. Ҳамчунин, Маркази корҳои башардӯстонаи Малик Салмон дар Тоҷикистон фаъолият дошта ва моҳи гузашта ин марказ барои анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилояти Хатлон 6 миллиону 300 ҳазор доллар тахсис дод. Дар масъалаи ҷалби сармояи мустақими Арабистони Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, сафорат талошҳоеро анҷом медиҳад. Дар назар аст, дар ояндаи наздик гурӯҳи бузурги сармоягузорони Саудӣ аз Тоҷикистон дидан карда ва аз наздик бо имконият ва зарфиятҳои иқтисоди Тоҷикистон ва фазои сармоягузории ин кишвар ошно шаванд.
Сармоягузории бахше аз Роғун баррасӣ мешавад
Радиои Озодӣ: Моҳи январи имсол Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон ҳангоми дидор бо мақомоти Саудӣ дар Риёз масъалаи имкони ширкати Саудӣ дар бунёди нерӯгоҳи Роғунро матраҳ карда буд. Арабистони Саудӣ омода аст, ки дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Шукурҷон Зуҳуровро дар ҷараёни дидораш ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳӣ карда будам ва ин дидори муваффақона буд. Дар масъалаи имкони ширкати Саудӣ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки ҷониби Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ феҳрист ё рӯйхати бахшҳо барои сармоягузориро пешниҳод карда ва ҳоло ин феҳрист мавриди омӯзиши мақомоти дахлдори Саудӣ қарор дорад.
“Маблағгузории сохтмони порлумон ва маркази исломӣ – ҳақиқат надорад”
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Ман низ ин хабарро дар расонаҳо хондам. Чунин хабар воқеият надорад. Мутаассифона, хабарҳои дурӯғин дар мавриди Арабистони Саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд паҳн мешавад. Мусоҳибаи сафири Саудӣ дар Тоҷикистон бо сайти “Ал-Арабия” аз ҷумлаи онҳост. Дар он гуфта мешуд, ки гӯё Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст дар Душанбе ва вилояти Бадахшон марказҳои омӯзиши исломӣ таъсис кунад. Мо расман ин хабарро рад кардем. Дар масъалаи ширкати Саудӣ дар бунёди бинои нави порлумони Тоҷикистон. Бар асоси иттилое, ки дар даст дорам, Арабистони Саудӣ дар ин замина ҳеҷ гуна қарор содир накардааст.
Радиои Озодӣ: Дар моҳи ҷорӣ дар расонаҳои мустақил хабаре пахш шуд, ки гӯё Арабистони Саудӣ омода аст бинои ҷадиди порлумони Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад. Ин хабар воқеият дорад?
Қазияи А.А
Радиои Озодӣ: Ахиран А.А, як зани тоҷик, иддао кард, ки дар Арабистони Саудӣ мавриди азияту озор қарор гирифта ва баъдан тавассути сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба ватан баргардонда шуд. Ӯ гуфт, ҳанӯз дар Саудӣ теъдоди зиёди занҳои тоҷик фаъолият мекунанд. Ин афрод аз тариқи расмӣ ва қонунӣ дар Саудӣ кору зиндагӣ мекунанд?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Намехоҳам дар мавриди қазияи мушаххас ибрози назар кунам. Зеро мо аз тафсилоти моҷаро иттилоъ надорем. Ҳамон тавре иттилоъ дорам, А.А ду дафъа барои кор ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст. Мусаллам аст, агар кор дар кишвари мо барояш мусоиду мувофиқ набуд, ҳеҷ гоҳ бори дуввум ба Саудӣ намерафт. Аз сӯи дигар, дар ҳамаи минтақаҳои Арабистони Саудӣ дафтари муҳоҷирони корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъол ҳастанд, ки муҳоҷирон метавонанд ҳамаи мушкилоти худ, аз ҷумла, мавориди азияту озор аз ҷониби кордиҳандагонро баррасӣ ва ҳал кунанд. Қазияи муҳоҷирони кории тоҷикро Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз пайгирӣ мекунад.
Арабистони Саудӣ дар саргаҳи мубориза бо терроризм қарор дошта ва борҳо худ қурбонии амалҳои террористӣ шудааст.
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки А.А ду дафъа аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст. Ӯ визаро аз куҷо дарёфт кардааст?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Визаро аз сафорати Саудӣ дар Душанбе гирифтааст. Вақте як нафар дархости виза мекунаду аснодаш дуруст бошад, барояш раводид дода мешавад.
Қатар гурӯҳҳои террористиро сармоягузорӣ мекунад
Радиои Озодӣ: Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни дидораш аз Риёз Саудиро дар миёни кишварҳои араб ва мусалмон як шарики муҳими Тоҷикистон хонда буд. Дар ин охирҳо Саудӣ бо Қатар равобиташро қатъ карда ва шарикони Саудӣ низ аз ӯ пайравӣ кардаанд. Оё аз Тоҷикистон низ, ки худро шарики муҳими Арабистони Саудӣ мехонад, даъват шудааст, то дар равобиташ бо Қатар таҷдиди назар кунад?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Бурузи вазъи бӯҳронӣ ва қатъи равобити Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ бо Қатар сабабу ангезаҳои худро дорад. Ин тасмими Саудӣ буда ва ин кишвар ҳеҷ гоҳ ирода ва мавқеи худро ба дигарон таҳмил намекунад. Фикр мекунам, кишварҳои дигар, бо шумули Тоҷикистон чун мебинанд Қатар гурӯҳҳои террористро пуштибонӣ мекунад ва фаъолияти онҳоро сармоягузорӣ мекунад, ҳатман зидди чунин амал садо баланд хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Чун мавзӯи мубориза алайҳи терроризм матраҳ шуд ва Арабистони Саудӣ Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризмро ба ӯҳда дорад, Тоҷикистон ба ин эътилоф даъват шудааст?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Арабистони Саудӣ дар саргаҳи мубориза бо терроризм қарор дошта ва борҳо худ қурбонии амалҳои террористӣ шудааст. Дар самти мубориза бо терроризм Саудӣ Маркази байналмилалӣ таъсис кардааст. Инчунин, Маркази мубориза алайҳи мафкураи тундравӣ фаъолият мекунад. Маркази Муҳаммад бин Ноиф барои маслиҳату насиҳати афроди тундгаро бунёд гардидааст. Пайвастани Тоҷикистон ба эътилофу марказҳои мазкур мавриди истиқболи Саудӣ қарор хоҳад гирифт. Зеро Тоҷикистон аз муборизони пешсаф алайҳи терроризм аст. Ҳамчунин, ин кишвар дар баробари терроризм осебпазир мебошад.
Бояд иқрор шуд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо ба он сатҳи интизориамон нарасидааст. Феълан дар Тоҷикистон Бунёди рушди Саудӣ ва Маркази имдоди Малик Салмон фаъолият дорад, аммо ин кофӣ нест.
Радиои Озодӣ: Тоҷикистон бо кишвари ноороми Афғонистон ҳаммарз буда ва дар маърази хатари гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав қарор дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон алоқаманд аст ба эътилофу марказҳои байналмилалии мубориза бо терроризм бипайвандад...
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Воқеан, Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо терроризм қарор дорад. Ба ин далел, ширкат ва ҳузури Тоҷикистон дар Эътилофи байналмилалии кишварҳои мусалмон алайҳи терроризм муҳиму манфиатбахш аст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ нокофӣ аст
Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат, Шумо дурнамои равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро чӣ гуна тасаввур мекунед?
Муҳаммад Ал-Бодӣ: Бояд иқрор шуд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо ба он сатҳи интизориамон нарасидааст. Феълан дар Тоҷикистон Бунёди рушди Саудӣ ва Маркази имдоди Малик Салмон фаъолият дорад, аммо ин кофӣ нест. Мехоҳем ҳар чи зудтар сафари гурӯҳи соҳибкорону сармоягузорони Саудӣ ба Тоҷикистон анҷом шавад. Ин амр ба сарозер шудани сармояи Саудӣ ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард.