Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Раҳмон аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз истифодаи сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ интиқод карда гуфтааст, ки ин амр боиси нокомӣ дар мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи якшанбеи 21-уми май дар нахустин Саммити сарони кишварҳои олами арабӣ, исломӣ ва Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ сӯҳбат мекард, дар ин робита ба кишвар, гурӯҳ ваё созмоне ишора накард, вале гуфт, ки "бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар, қарор гирифтаанд."

Нахустин Саммити кишварҳои олами арабӣ, исломӣ ва Амрико дар Риёзи Арабистони Саудӣ бо ҳузури даҳҳо тан аз сарон ва намояндагони кишварҳои арабиву исломӣ ва Амрико ҷараён гирифт ва мавзӯи аслии суҳбат, мубориза бо ифротгароиву терроризм буд.

Ин аст, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофиёи худро васеътар намуда ва таҳдиди аз байн бурдани кишварҳоро ба миён овардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бахши дигари суханронии худ аз талошҳои "сиёсисозии дини мубини ислом" ва "сӯиистифода аз номи поки он" нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки гӯрӯҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи олам "хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта" ва боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд.

Оқои Раҳмон дар ин замина ба ҷанги дохилии солҳои 1990-уми Тоҷикистон ишора карда гуфтааст, ки "таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳанд гирифт."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аз таҳдидҳои рӯ ба афзоиши амниятӣ ба минтақа нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки бесуботӣ дар Ховари Миёна ба суботи амният дар Осиёи Миёна низ таъсир хоҳад кард. Ба бовари ҷаноби Раҳмон, суботи Осиёи Марказӣ ба вазъияти Афғонистон вобастагии мустақим ва ин аст, ки Душанбе аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистон дар амри истиқори субот дар он кишвар пуштибонӣ менамояд.

Нигаронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таъсири раванди ҳодисаҳои Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, садҳо тан аз шаҳрвандони кишварҳои ин минтақа дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ алайҳи ҳукуматҳои Бағдод ва Димишқ меҷанганд. Аз сӯи дигар, мақомоти тоҷик борҳо аз ҳузури ҷангиёни тоҷик дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон хабар дода буданд.

Аз сӯи дигар, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ даъват кард, ки бо “ифротгароии исломӣ” муқобила кунанд. Ӯ рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо раҳбари кишварҳои мусулмоннишин дар шаҳри Риёз дар Арабистони Саудӣ гуфт, ҷанг бо терроризм “набарди хайр бо шарр аст”, на бархӯрди тамаддунҳо.

Нахустин Саммити кишварҳои олами арабӣ, исломӣ ва Амрико рӯзи 21 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо ҳузури даҳҳо тан аз сарон ва намояндагони кишварҳои арабиву исломӣ ва Амрико ҷараён гирифт ва мавзӯи аслии суҳбат мубориза бо ифротгароиву терроризм буд. Дар саммити шаҳри Риёз раҳбарону мақомоти баландпояи 50 кишвари мусулмоннишин ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи ин нишаст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сарони бархе аз кишварҳо дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми май бо Доналд Трамп, президенти Амрико, дар шаҳри Риёз мулоқот кардааст. Феълан тафсилоти суҳбати онҳо дастрас нест.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити кишварҳои мусалмонӣ ва Амрико дар Арабистони Саудӣ, инчунин, бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев – раҳбарони Узбакистону Қазоқистон – гуфтугӯ намудааст. Ин нахустин дидори оқои Раҳмон бо раҳбарони Амрикову Узбакистон аз замони ба қудрат расидани онҳост.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти президент дар ихтиёри расонаҳо гузошт, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ суҳбат доштааст.

XS
SM
MD
LG