Интизор меравад як ҳайати давлати Тоҷикистон дар раъси Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби кишвар, дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон, ширкат кунад. Ин маросим рӯзи 5-уми август дар Маҷлиси исломӣ ё порлумони Эрон, баргузор мешавад.