Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се сокини ноҳияи Ванҷ зери баҳман ё тарма мондаанд. Як нафари онҳо ҳалок, ду каси дигар маҷруҳ шудаааст. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст.
Дар Тоҷикистон ҷазоро барои ифлос кардани муҳити зист, аз ҷумла, андохтани партов сахтар кардаанд.
Президенти Узбекистон гуфтааст, кишвараш ният дорад, равуои шаҳрвандонро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи шиносномаи дохилӣ ба роҳ монад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки 5 шаҳрванди ноболиғи кишварро, ки бесаробон монда буданд, ба ватан фиристодаанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Маъмурони амниятии Русия шаҳрванди Олмон Николай Гайдукро дастгир кардаанд.
Фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон имконпазир донист.
Дар тирандозӣ ва таркиши мошини бомбгузоришуда камаш 11 нерӯи амниятии Покистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Русия ба сиёсати ҳастаиаш дигаргунӣ даровард ва ба худаш ҳақ дод, ки дар сурати хатари ҷиддӣ ба “истиқлол ва амнияташ” аз силоҳи атомӣ истифода кунад. Владимир Путин тарҳи тағйирёфтаи доктринаи ҳастаиро рӯзи 19-уми ноябр имзо кард.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Киев хабар дод, ки дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҳавоӣ "маълумоти мушаххас" гирифт ва бинобар он рӯзи 20-уми ноябр кор намекунад.
Намояндагони чор созмони байнулмилалӣ аз Олмон хостаанд, ки барои озодии ҳарчи зудтари Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ба мақомоти Тоҷикистон фишор биоранд.
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар дувумин рақобати дустона мунтахаби миллии Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ёфтҳои бештар