Волидони як ҷавон дар ноҳияи Зафаробод аз шиканҷаи фарзандашон дар идораи милиса шикоят доранд. Наврӯз Нурзода бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дастгир шудааст. Падару модараш даъво доранд, ки маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ "ӯро як шаб азоб доданд". Мақомот гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ доранд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба парвандаи Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев ва Манучеҳр Одилов – се гумонзад ба куштор дар Конибодом – иттиҳомҳои нав, аз ҷумла авбошӣ ва таҷовуз ба номус, илова шудааст.
Муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Русия солҳои дароз аст, заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Онҳо солҳои охир ба ободгарони диёру зодгоҳҳояшон табдил шудаанд.
Соҳибкор Дилором Ҳасанова даъво дорад, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тиҷораташро аз ӯ гирифта, ба моликони бозори “Фаровон” доданиянд. Ин бозор зери итоати ширкати “Сомон Суғд” аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар гузашта маълум карда буд, ки решаи он ба наздикони раисҷумҳур мерасад.
Баҳси тӯлонии як сокини ноҳияи Фархор (вилояти Хатлон) бо ҳукумати маҳаллӣ мушкили тақсими заминро дар минтақа бармало кардааст.
Пайвандони баъзе аз гумонзадҳо ба қатлҳои мармуз дар шаҳри Конибодом мавқеи худро ба қазия баён карданд.
Шӯрои уламои исломии Русия фатво додааст, ки мардони мусалмон ҳаққи никоҳ бо чанд ҳамсарро доранд.
Бо гузашти се рӯз аз ду мавриди нави куштор дар шаҳри Конибодом, фарзияҳои расмӣ дар бораи ҳодиса ва изи гумонбарон эълон нашудааст.
Баъд аз ҳабси абади як сокини Конибодом, ки омили қатли ду оила дониста шуд, Додгоҳи вилояти Суғд сокини дигари ин шаҳрро қотили аъзои хонаводаи дигаре номид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Конибодомро бо гуноҳи қатли аъзои ду хонавода ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Як ҷавони тоҷик, ки дар сафи "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (Амрико созмони террористӣ медонад) ба зидди низоми Башор Асад дар Сурия меҷангид ва баъд аз вожгунии ҳукумати ӯ дохили қасраш шуду "селфӣ" кард, дар Тоҷикистон бо иттиҳоми "зархаридӣ" ҷустуҷӯ мешавад.
Бо гузашти ду рӯз аз марги мармузи аъзои як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз хабар ё шарҳе нашр накардааст.
Ёфтҳои бештар