Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардаргумии 50 донишҷӯи тоҷик – Дар миёни Душанбе ва Саудӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо шоҳи Саудӣ Салмон бин Абдулазиз. Моҳи январи 2015
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо шоҳи Саудӣ Салмон бин Абдулазиз. Моҳи январи 2015

Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик, ки бояд тариқи “квота” ба Арабистони Саудӣ барои таҳсил дар бахши нанотехнология мерафтанд, дар нимароҳ мондаанд. Ба гуфтаи онҳо, соли таҳсил ба поён мерасад, аммо дақиқ нест, ки кай иҷозаи сафарро дарёфт хоҳанд кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст ва Арабистони Саудӣ корро кашол медиҳад.

Аз рӯи созиши ахири миёни ду давлат, Арабистони Саудӣ барои сохтмони бинои порлумони нави Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

“На қабул мекунанд ва на рад”

Як ҷавон, ки мебоист моҳи январи имсол дар ҳайати 50-нафарии донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба риштаи технологияи навини яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ мерафт, то ҳанӯз дар Душанбе дармондааст. Ин ҷавон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, моҳи августи соли 2016 бар асоси як озмун аз тарафи Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои таҳсил дар Арабистони Саудӣ интихоб шуд моҳи январи имсол бояд ба Риёз мерафтанд. Аммо бо гузашти панҷ моҳ то ҳол ҷавоби рад ё тасдиқ нагирифтааст ва ба гуфтаи худаш "дар ҳолати роҳгумӣ" қарор дорад.

Исматулло Шодиев
Исматулло Шодиев

Ҳамроҳ бо ӯ 49 нафари дигар тӯли шаш моҳ боз интизори посухи сафар ба Арабистони Саудӣ мебошанд. Моҳи январи соли 2015 дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки Саудӣ барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик бурсия ҷудо мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин бурсияҳо пурра барои риштаи илмҳои дунявӣ ҷудо гардидаанд.

Донишҷӯёни тоҷик, ки барои таҳсил дар Саудӣ интихоб шудаанд, мегӯянд, онҳо моҳи сентябри соли гузашта тамоми санадҳои худро дар ниҳодҳои кишвар тасдиқ карда буданд. А.Р., яке аз довталабони таҳсил дар Арабистони Саудӣ гуфт, таҳсили ӯ як сол ба таъхир афтод.

Мушкил дар чист?

Ин мактуб ба ниҳодҳои дахлдори Шоҳигарӣ ҷиҳати баррасӣ ирсол гардид ва ҳоло мувофиқи тартиби қонунии маъмул дар Шоҳигарӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Мақомоти тоҷик низ мушкил дар ин самтро тасдиқ карда мегӯянд, мунтазири посухи ҷониби Саудӣ ҳастанд. Ба гуфтаи Исматулло Шодиев, мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, нуҳ моҳ мешавад, ки ин масъала кашол меёбад. Шодиев рӯзи 13 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Арабистони Саудӣ шахсияти 50 донишҷӯи тоҷикро омӯхта, барои қабули онҳо иҷоза дода буд. Ин масъала як дафъа миёни вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе мавриди баҳс қарор гирифт. То ҳол маълум нест, ки донишҷӯён кай барои таҳсил мераванд. Онҳо бояд шаш моҳ дар курси забони арабӣ забон омӯхта, баъдан ба донишгоҳ имтиҳон супорида дохил мешуданд.”

Мудири Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз қавли сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мегӯяд, мушкили аслӣ дар ин аст, ки бояд ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ барои қабул ба донишгоҳ як сол қабл сурат мегирифт. Ба иттилои мақомоти тоҷик, аз 50 нафари донишҷӯи тоҷик, ки барои таҳсил бояд ба Арабистон мерафтанд, 40 нафари онҳо дар бахши бакалавравиат ва боқимондаҳо ҳамчун магистр бояд таҳсил мекарданд. Барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик 20 донишгоҳи Арабистони Саудӣ дар бахши илмҳои дунявӣ ва ихтисосҳои ба қавли мақомоти тоҷик барои иқтисодиёти Тоҷикистон нодир пешниҳод шудаанд.

Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ
Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад. Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст ва аз ҳар навигарӣ ҷониби Тоҷикистонро огоҳ хоҳанд кард. Вай гуфт, “сафорат аз ҳукумати Тоҷикистон дархостеро дарёфт намуд, ки рӯйхати 50 донишҷӯро дар бар мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон зимни он изҳори умедворӣ мекунад, ки онҳо ба донишгоҳҳои Саудӣ қабул шаванд. Ин мактуб ба ниҳодҳои дахлдори Шоҳигарӣ ҷиҳати баррасӣ ирсол гардид ва ҳоло мувофиқи тартиби қонунии маъмул дар Шоҳигарӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.”

Сафири Арабистони Саудӣ мушаххасан нагуфт, ки таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар кай шуруъ мешавад.

“Инҷо танҳо як омил буда метавонад”

Коршиносон мегӯянд, мушкил дар инҷо танҳо як чиз буда метавонад, ки он ҳам сари интихоби номзадҳо барои таҳсил аст. Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик гуфт, модоме ки Арабистон квотаро ҷудо ва ҷониби Тоҷикистон номзадҳои худро пешниҳод кард, набояд мушкиле пеш меомад.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Аммо, ба гуфтаи ӯ, “инҷо шояд номзадҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон барои Арабистони Саудӣ писанд наомад ва ин кишвар аз дониши онҳо шубҳа дорад. Бо ин ҳама бояд Арабистон сабаби аслии корро бояд бигӯяд. Чун дар панҷ моҳ метавон парвандаҳоро чанд дафъа тафтиш кард. Агар мушкил сари интихоби номзадҳо аст, пас, бояд ду ҷониб бо ташкили як комиссия ба сари интихоби номзадҳо ба тавофуқ бирасанд.”

Донишомӯзони тоҷик дар ҳоле дар роҳи таҳсил ба Арабистони Саудӣ дармондаанд, ки қаблан Тоҷикистон садҳо нафар аз шаҳрвандонашро аз таълим дар ин кишвар бахусус дар мадориси динӣ ба ватан оварда буд.

Дар моҳи августи соли 2010 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш бо чунин ҳушдор, ки толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террорист мегароянд, аз волидайн хост, то фарзандони худро баргардонанд. Ҳарчанд ҷавонони тоҷик акнун барои таҳсил дар риштаҳои дунявӣ ба Арабистон мераванд, Тоҷикистон низ ба гуфтаи коршиносон ба ин масъала бисёр эҳтиёткорона муносибат мекунад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар равобит бо Арабистони Саудӣ ҳукумати Тоҷикистон мӯҳтотона амал мекунад. Аз сӯе манфиатдори тавсеаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратиаш бо ин кишвар аст, аз сӯи дигар ба хотири иделогияи мазҳабии ин кишвар эҳтиёт мекунад. Вале нақши боризи ин кишвар дар Ховари Миёна ва дар қиболи ҳамсояаш Эрон, ки ду соли охир бо сабаби пуштибонии Теҳрон аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба сардӣ гароидааст, пеш аз ҳама аз назари сиёсӣ ба манфиати Душанбе гуфта мешавад.

Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 1992, баъди касби истиқлоли Тоҷикистон барқарор шуд. То соли 2014 аз ҷониби Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон каме беш аз 70 миллион доллар дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ ворид гардидааст. Аз рӯи созиши ахири миёни ду давлат, Арабистони Саудӣ барои сохтмони бинои порлумони нави Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Зимнан, соли 2017 рафтуомадҳои дипломативу тиҷоратии миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG