Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ хабари бунёди маркази исломӣ дар Бадахшонро рад кард


Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.
Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.

Арабистони Саудӣ хабарҳои нашршуда дар бораи ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи исломии Мадина дар Душанбе ва бунёди як маркази исломӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бепоя хонд. Масъулини сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе рӯзи 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин хабар, ки дар вебсайти “alarabyia.org” нашр шуда ва баъдан дар расонаҳои дигари интернетӣ паҳн гардидааст, “дурӯғе беш нест”. Онҳо гуфтанд, ин вебсайт ҳеҷ рабте ҳам ба шабакаи маъруфи телевизиони “Ал-Арабия” надорад.

Нашрияи “Военное обозрение” дар матлаби “Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро ҳадаф қарор додааст” (“Саудовская Аравия взяла Таджикистан на прицел”) ин тасмими Саудиро барои амнияти миллӣ ва суботу оромӣ дар Тоҷикистон хатарзо арзёбӣ кард.

Вебсайти “alarabyia.org” ҳафтаи гузашта аз қавли Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, аз тасмими ин кишвар барои таъсиси бахши Донишгоҳи исломии Мадина дар Душанбе барои 2600 донишҷӯ ва Маркази исломӣ дар вилояти Бадахшон барои 2000 донишҷӯ хабар дод. Дар ин хабар гуфта шуд, ки дар ин бора Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Салмон Бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ моҳи январи имсол дар Риёз тавофуқ карданд.

Ин хабар дар Тоҷикистону хориҷ аз он шарҳу вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бархе аз нашрияҳои Русия низ ин мавзӯъро ба баҳс кашида ва ин иқдоми Саудиро як навъ кӯшиш барои ҳузури бештар дар Тоҷикистон унвон карданд. Аз ҷумла, нашрияи “Военное обозрение” дар матлаби “Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро ҳадаф қарор додааст” (“Саудовская Аравия взяла Таджикистан на прицел”) ин тасмими Саудиро барои амнияти миллӣ ва суботу оромӣ дар Тоҷикистон хатарзо арзёбӣ намуд.

Зеро, ба навиштаи ин нашрия, “дар ду даҳсолаи ахир Саудӣ бо омода кардани “ҷиҳодиҳо” барои кишварҳои мусалмон шинохта мешавад”. Ин нашрия аз таҷрубаи Тотористон ва ҷумҳуриҳои мусалмони Қафқози Русия дар даҳаи 1990 ёдовар шудааст, ки “шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо баъди омӯзиш дар мадрасаҳои Саудӣ “ҷиҳодӣ” шуда ва пас аз бозгашт ба ватан дар амалиёти террористӣ иштирок кардаанд”.

Дар солҳои охир равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ густариш ёфта, Риёз ба Душанбе миллионҳо доллар кумаки билоиваз ва қарзҳои боимтиёз додааст. Дар як моҳи охир миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ду санади ҳамкорӣ имзо шуд. Бар асоси ин санадҳо, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми май аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушди Арабистони Саудӣ ба имзо расид, ин ниҳоди молӣ бунёди роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум ва бунёду муҷаҳҳазсозии мактабҳои Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҳазинаи ин тарҳҳо 35 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ ҳамкорӣ карда ва дар саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Амрико, ки рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ дар Риёз бо ширкати сарони 50 килвари мусалмонӣ баргузор шуд, ширкат кард.

Рашид Ғанӣ Абдулло.
Рашид Ғанӣ Абдулло.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили минтақавӣ ширкати Тоҷикистон дар эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм бо раҳбарии Амрикоро ба таъмини амният ва ҳифзи истиқлолияти ин кишвар муҳим мешуморад, вале ҳамзамон таъкид мекунад, ки Тоҷикистон бояд аз пайвастан ба ҳар гуна эътилофе, ки алайҳи дигар кишвар тарҳрезӣ шудааст, парҳез кунад.

“Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо ҳама ҷонибҳо ҳамкорӣ кунад. Амрико низ дар мубориза бар зидди ДИИШ бо Русия ва Эрон ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкорӣ бо Амрико ва муттаҳидонаш барои Тоҷикистон маънии канор рафтан аз ҳамкориҳо бо Русия, Эрон ва Чин нест. Барои Тоҷикистони хурд барои таъмини амнияташ таваҷҷӯҳ ба як самт хеле хатарнок аст. Украина ва Гурҷистон ба як самт таваҷҷӯҳ карданд, ки оқибаташ маълум аст. Ҳарду кишвар якпорчагии ҳудудашонро аз даст доданд. "

Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 1992, баъди касби истиқлоли Тоҷикистон барқарор шуд. То соли 2014 аз ҷониби Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон каме беш аз 70 миллион доллар дар шакли қарзҳои боимтиёз ва воситаҳои дигари молиявӣ ворид гардидааст.

Аз рӯи созиши ахири миёни ду давлат, Арабистони Саудӣ барои сохтмони бинои порлумони нави Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG